Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

25.10.2016

ШАРҲИ МО

Чаро нархи барқ тағйир ёфт?

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ» ба тарифҳои барқ ва гармӣ тағйирот ворид гашт. Акнун аз 1 ноябри соли 2016 нархи барқ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 16,5 фоиз қимммат мегардад. Масалан, нархи ҳар киловатт.соат нерӯи барқ барои аҳолӣ, ки то ин дам 12,60 дирам буд, 14, 65 дирамро ташкил медиҳад.

Ин тадбир барои коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикии Тоҷикистон ва вобаста ба талаботи рӯзафзун, ба нерӯи барқ ва гармӣ таъмин намудани хоҷагии халқ ва аҳолии кишвар тадбири муҳим ва ногузир аст. Гап сари он ки, танҳо дар мавриди муҳайё намудани имкониятҳои такрористеҳсолкунии қувваи барқ, ба истифода додани иқтидорҳои нави барқтавлидкунанда ва такмили иқтидорҳои мавҷуда ба таъминоти пурраи эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии кишвар бо қувваи барқ ноил шудан мумкин аст.

Проблемаи аз ҳама муҳим, ки ба таъминоти барқ таъсири ҷиддӣ мерасонад, муайян намудани арзиши аслии он, яъне тарифи нерӯи барқ мебошад. Бисёриҳо ақида доранд, ки барои истеҳсоли энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои Тоҷикистон, ки манбаи истеҳсоли он оби бепул мебошад, хароҷот қариб, ки вуҷуд надорад. Дар асл бошад, баробари дигар хароҷот-таъмиру таҷдиди иқтидорҳои истеҳсол ва интиқоли барқ ҳатто барои об ҳам пул сарф мегардад, Дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо то 35 млн.сомонӣ тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад. Илова бар ин, ташхиси ҳолати техникии иншооти барқии ҷумҳурӣ, ки аз тарафи ширкати Олмонии Fichtner (Фихнер) дар соли 2011 гузаронида шудааст, андешидани тадбирҳои ҳатмӣ ва фавриро бобати таҷдид ва аз нав барқарор намудани нерӯгоҳҳои Норак, Қайроққум, силанерӯгоҳҳои Вахш ва Варзоб, инчунин як қатор хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои баландшиддат зарур мешуморад. Аз рӯи нақша барои танҳо таҷдиди нерӯгоҳҳо дар солҳои 2012-2020 ҷалби 1,87 миллиард доллари ИМА зарур шуморида мешавад. Ҳаҷми маблағгузории лоиҳаҳои таҷдид дар асоси меъёрҳои техникии байналмилалии мӯҳлатҳои кафолатии истифодабарии таҷҳизоти асосии нерӯгоҳҳо таҳррезӣ гардидаанд. Барои нерӯгоҳҳои барқи обӣ ин мӯҳлати кафолатии истифодаи бехатари таҷҳизоти асосӣ 40 сол муайян карда шудааст. Аммо агрегатҳои НБО-ҳои Норак- солҳои 1972-79, Сарбанд-солҳои 1962-63, Қайроққум-солҳои 1956-57, “Варзоб-1”-соли 1936, “Варзоб-2”-соли 1949,”Варзоб-3”- соли 1952 ба истифодабарӣ дода шудаанд. Онҳо алҳол барои таҷдиду модернизатсия сахт эҳтиёҷманд гардидаанд.

Дар ҳолати наандешидани чораҳои фаврӣ оид ба таҷдид ва аз нав барқарор намудани онҳо таъмин намудани бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ дар солҳои наздик зери хавф мемонад. Паст будани тарифи нерӯи барқ, ки хароҷотро намепушонад, ҷалб намудани сармояи хориҷиро бобати татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва дигар иншооти муҳими энергетикӣ номумкин мегардонад.

Ҳамин тариқ, барои баланд бардоштани эътимоднокии барқтаъминкунии муштариён Ширкати “Барқи Тоҷик” дар нерӯгоҳҳо, шабакаҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, трансформаторҳои қудратӣ ва ғайра корҳои зиёди таъмири ҷорӣ ва капиталиро анҷом медиҳад, ки барои он маблағҳои калон лозиманд. Инчунин, барои хароҷоти умумии истеҳсолии Ширкат бо назардошти хариди сӯзишворӣ (мазут ва гази табиӣ) барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, хариди энергияи барқ аз НБО-ҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2”, хариди қисмҳои эҳтиётӣ, пардохти музди меҳнати кормандон, пардохти андозҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, хароҷотҳои хусусияти истеҳсолӣ дошта, ки аз тарафи корхонаҳои пудратӣ иҷро карда мешаванд, масолеҳи ёрирасон ва дигар хароҷоти истеҳсолӣ ҳар сол маблағ сарф мешавад ва ин хароҷот сол то сол зиёд мегардад.

Вобаста ба ин ҳама, давра ба давра баланд бардоштани тарифи нерӯи барқ ва гармӣ, дар назар дошта шуда буд. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, барои кори муназзами Ширкат мебоист дар соли 2010 тарифи миёнасолаи нерӯи барқ ба сатҳи 2,5 сенти ИМА баробар мешуд, ки ин асоси бартараф намудани вазъи ногувори молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» ва таъмин намудани худмаблағгузории соҳа буд.

Гарчанде, ки тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ солҳои охир тадриҷан зиёд шуда бошанд ҳам, аммо бо назардошти он, ки дар системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳмгузории ШСХК «Барқи Тоҷик» корҳои зиёде оид ба бунёд ва ба истифода додани иқтидорҳои нави гидроэнергетикӣ, таҷдиду модернизатсияи иқтидорҳои мавҷуда ва бунёди инфрасохтори энергетикӣ корҳои зиёде ба сомон расонда шуда истодаанд, ки ин барои система ногузир буда, хароҷоти истеҳсолии Ширкатро пурра рӯпуш намекунад. Илова бар ин, тайи солҳои охир арзиши қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоту маводе, ки барои эҳтиёҷоти истеҳсолии системаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хориҷа харидорӣ карда мешаванд, ба маротиб афзоиш ёфта истодааст. Ҳамзамон ШСХК «Барқи Тоҷик» энергияи барқро аз ҶСК «НБО-и Сангтӯда-1» бо тарифи 20,1 дирам ва аз ҶСК “НБО-и Сангтӯда-2” бо тарифи 25,6 дирам барои 1 кВт.соат аз шинаҳо харидорӣ намуда, бо назардошти хароҷоти технологӣ барқи фоиданокро ба истифодабарандагон бо тарифи миёнаи солона 11,95 (бо назардошти ААИ) ба фурӯш мебаровард. Нишонаи сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон аст, ки барқ аз ширкатҳои хориҷӣ бо нархҳои стандартҳои байналмилалӣ харидорӣ шуда, ба аҳолӣ ба нархи арзон фурӯхта мешавад.

Умуман, тарифи нерӯи барқе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол дода мешавад, нисбат ба тарифи нерӯи барқи дигар давлатҳои ИДМ хеле арзон мебошад. Барои мисол, тибқи маълумотҳои расмии Кумитаи иҷроияи Шӯрои электроэнергетикии ИДМ, дар соли 2015 тарифи миёнаи 1 кВт.соат нерӯи барқ дар Ӯзбекистон – 3,9 сент, дар Россия – 4,59 сент, дар Озарбойҷон – 3,3 сент, Арманистон – 8,38 сент, Белорус – 10,93 сент, Молдова – 8,91 сент ва Украина – 6,52 сентро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон бошад, тарифи миёнаи 1 кВт.соат нерӯи барқ 1,51 сентро ташкил медод.

Ҳоло баъд аз ворид намудани тағйирот дар тарифҳои барқу гармӣ нархи 1 кВт.соат энергияи барқ барои аҳолӣ 1,86 сентро ташкил медиҳад.

Айни замон Хадамоти зиддинҳинсории назди Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон якҷоя бо ШСХК “Барқи Тоҷик” дар асоси Қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нархномаи нави тарифҳои бурқу гармиро таҳия намуда истодаанд, ки ба муштариён пешниҳод мешавад.

Маркази матбуоти

ШСХК “Барқи Тоҷик”


Бозгашт ба рӯйхат