Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

04.10.2018
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018, №473 нархи нерӯи барқ барои ҳамаи гурӯҳҳои истифодабарандагон ба андозаи 15 фоиз баланд бардошта шуд.

Қарори мазкур аз 1 ноябри соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

Вобаста ба ин тағйирот, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нархномаи "Тарифҳои барқ ва гармӣ" таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар рӯзҳои наздик ба истифодабарандагон расонида мешавад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади пайдо нашудани нофаҳмиҳо аз ҳамаи истифодабарандагони барқ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки маблағи масрафи нерӯи барқи то санаи 1 ноябри соли 2018 истифодашударо дар нуқтаҳои пардохти маблағҳои БДА "Амонатбонк" пардохт намоянд.

Бозгашт ба рӯйхат