Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

10.02.2020

Нишасти матбуотӣ дар мавзӯи «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ШСХК "Барки Точик" дар соли 2019
ва вазифаҳо барои соли 2020» дар бинои ШСХК “Барқи Тоҷик”  рӯзи 11 феврали соли 2020, соати 16-00 баргузор мешавад.


Дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неру­гоҳ­ҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ширкат 16 млрд. 464 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2018 дар ҳаҷми 244,7 млн. кВт. соат зиёд мебошад.

Ҳаҷми умумии таҳвили фоиданоки неруи барқ дар соли 2019 нисбат ба соли 2018 дар ҳаҷми 832,7 млн.кВт.соат афзоиш ёфт. Афзоиши ҳаҷми таҳвили фоиданоки неруи барқ соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба муштариёни дохили ҷум­ҳурӣ дар ҳаҷми 323,3 млн. кВт. соат, ба хориҷи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ дар ҳаҷми 506,9 млн.кВт.соат ва ба Ширкати “Помир-энерҷӣ” дар ҳаҷми 2,5 млн.кВт.соат таъмин карда шудааст. Албатта ин ба иқтисодиёти тамоми кишвар манфиатбахш аст.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019 таҳти №117 «Дар бораи сари вақт омода на­мудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» дар соли 2018 дар маркази барқу гармидиҳии якуми шаҳри Душанбе корҳои таъмири асосӣ гузаронида шуда, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази мазкур бо гази табиӣ аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъмин гардид. Дар натиҷаи ин Маркази барқу гармидиҳии якуми шаҳри Душанбе дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 барои беҳтар намудани таъминоти шаҳри Душанбе бо неруи барқ ва гармӣ мусоидат намуд.

Дар натиҷа, дар ду Маркази барқу гармидиҳӣ истеҳсоли неруи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмуъ ба 841,2 ҳазор Гкал баробар шуд, ки ин нисбат ба соли 2018 дар ҳаҷми 184,4 ҳазор Гкал зиёд мебошад.

Дар баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқи худӣ, бо мақсади беҳтар намудани таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, Ширкати «Бар­қи Тоҷик» дар соли 2019 дар ҳаҷми 4 млрд. 40,5 млн. кВт.соат неруи барқ ба маблағи умумии 1,2 млрд. сомонӣ харидорӣ намудааст. Дар муқоиса бо соли 2018 хариди неруи барқ дар ҳаҷми 705,6 млн.кВт.соат зиёд мебошад.

Фоизи ҷамъоварии маблағи неруи барқ аз муштариёни дохили ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ дар умум дар сатҳи 90,1%, аз ҷумла аз аҳолӣ дар сатҳи 91,0% таъмин карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2018 ба андозаи 6,8% дар умум ва 7,6% аз аҳолӣ зиёд мебошад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки новобаста ба беҳ гардидани сатҳи умумии ҷамъоварии маблағи неруи барқ, ҳануз ҳам мушкилиҳо дар самти ҷамъоварии маблағи неруи барқ дар шабакаҳои барқии шаҳри Бохтар, шаҳри Турсунзода, мин­тақаи Кулоб, минтақаи Ҷанубӣ, минтақаи Суғд, минтақаи Рашт, минтақаи Истаравшан ва дигар шабакаҳои барқӣ ба назар мерасад. Роҳбарияти Ширкат дар соли 2020 корҳои ташкилию истеҳсолиро дар ин шабакаҳои барқӣ пурзӯр намуда, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи ҷамъоварии маблағи неруи барқ дар ин шабакаҳои барқӣ чораҳои иловагӣ меандешад.

Бояд қайд намуд, ки ҳанӯз ҳам фаъолияти соҳа бо сабаби пурра пардохт нашудани маблағи неруи барқ аз ҷониби баъзе муштариёни дохили ҷумҳурӣ ва вобаста ба ин афзоиш ёфтани қарзҳои дебитории Ширкат ба беҳбудӣ ниёз дорад.

Ҳамин тавр, ба ҳолати 1 январи соли 2020 маблағи қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 216,7 млн. сомонӣ, хоҷа­ги­ҳои кишоварзӣ 173,1 млн.сомонӣ, идораҳои «Обу коррез» 57,2 млн.сомонӣ, КМ «Тоҷиккимиёсаноат» 26,6 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 2081 муштариёни қарздор ба маблағи 182,6 млн. сомонӣ иддао пешниҳод карда шудааст, ки аз ин маблағ 59,2 млн. сомонӣ ба суратҳисоби Ширкат ворид шудааст, ки 32,4% маблағи пешниҳодшударо ташкил медиҳад. Инчунин дар ин давра ба маблағи 166,8 млн.со­мо­нӣ маводҳо ба мақомоти прокуратура ирсол гардида, ба маб­лағи 21,3 млн.сомонӣ аз ҷониби судҳо қонеъ карда шуд. Дар натиҷа ба манфиати Ширкат тибқи ҳалномаҳои судӣ 2,3 млн.сомонӣ рӯёнида шуд.

Бояд қайд намуд, ки солҳои қаблӣ Ширкати “Барқи Тоҷик” яке аз қарздорони азим дар назди Буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо ба шумор мерафт, ки маблағи қарзи андозҳо зиёда аз 300 млн.сомониро ташкил медод.

Бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон вобаста ба нисбатан солимгардонии вазъи молиявии соҳа, Ширкат имконият пайдо намуд, ки сол аз сол пардохт­ҳои андозҳои ҷумҳуриявиро тадриҷан афзоиш диҳад. Агар соли 2016 Ширкати “Барқи Тоҷик” пардохти андозҳоро ба маблағи 291 млн. сомонӣ таъмин намуда бошад, пас бо мақ­сади таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”, ШСХК “Барқи Тоҷик” дар соли 2019 андозҳоро ба маб­ла­ғи 453,4 млн.сомонӣ пардохт намуд, ки нисбати маб­ла­ғи ҳисобшуда ба маблағи 66,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Дар натиҷа, Ширкат пардохти андозҳои ҷорӣ ва бақия­пу­лиҳои андозро пурра таъмин намуда, қарздории андозро ба пуррагӣ бартараф намуд.

Дар соли 2019 маблағи умумии корҳои сохтмони асосии иҷрогардида 43,7 млн. сомонӣ ташкил медиҳад. Аз ҳисоби маб­лағҳои худии Ширкат ба маблағи 39,5 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба маблағи 4,2 млн. сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуданд.

Уҳдадориҳои дигари молиявии Ширкати “Барқи Тоҷик” дар соли 2019 тибқи ҷадвалҳои мувофиқашуда амалӣ шуда, пардохти маблағҳо ба ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1” – 400,2 млн. сомонӣ, ба НБО-и “Сангтӯда-2” – 165,9 млн. сомонӣ, ҶСК “НБО-и Роғун”- 68,1 млн. сомонӣ, маблағи мазут – 139,2 млн.сомонӣ ва маблағи ангишт – 257,4 млн. сомонӣ таъ­мин карда шудааст.

Бояд қайд намуд, ки бо сабаби вазъи душвори молиявӣ, ШСХК “Барқи Тоҷик” солҳои қаблӣ маблағи қарздории худро дар назди Вазорати молия аз ҳисоби созишномаҳои зерқарзӣ умуман пардохт намекард. Вобаста ба нисбатан солим гардидани вазъи молиявӣ, дар соли 2019 ШСХК “Бар­қи Тоҷик” пардохти қарзи Вазорати молияро аз рӯи со­зиш­номаҳои зерқарзӣ дар маҷмуъ ба маблағи умумии 233,1 млн. сомонӣ таъмин намуд.

Бо мақсади дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иқти­дорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сифати неруи барқ, дар корхонаҳои зертобеъи Ширкат корҳои таъмирию барқарорсозӣ, аз ҷумла таъ­мир­ҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизот ба роҳ монда шуда, дар соли 2019 аз фонди таъмирӣ 133,9 млн. сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст.

Дар доираи маблағҳои азхудшудаи фонди таъмирӣ дар ин давра дар шабакаҳои барқӣ таъмири асосии зерин гузаронида шудааст:

– хатҳои ҳавоии барқии 110-500 кВ - 129,3 км;

– хатҳои ҳавоии барқии 0,4-35 кВ - 2098,8 км;

– хатҳои кабелии барқии 0,4-10 кВ - 325,3 км;

– трансформаторҳои қудратии 110-220 кВ - 16 адад;

– васлакҳои 110 кВ - 17 адад;

– ҷудокунаки 110-220 кВ - 20 адад;

– алоҳидакунак – кутоҳваслаки 110 кВ - 18 адад;

– трансформаторҳои қудратии 6-10-35 кВ - 863 адад;

– истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ - 3390 адад.

Дар соли 2019 бо мақсади гузаронидани таъмирҳои нақ­шавӣ ва берун аз нақшавӣ, инчунин баҳри боэътимод фаъ­олият намудани зерсохторҳои ШСХК “Барқи Тоҷик” дар фасли зимистон ва омодагии онҳо ба мавсими селу боришот ва раъду барқ, аз тарафи КФТМТ «Тоҷик­энерго­снаб» ба кор­хонаҳои зертобеи Ширкат дар маҷмуъ ба маб­лағи 290,3 млн. сомонӣ таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар молу ма­водҳо ҷудо карда шудаанд.

Ҳамасола Ширкати “Барқи Тоҷик” ба масъалаи кам на­мудани ҳаҷми талафоти энергияи барқ чораҳои амалӣ меандешад. Бо ин мақсад 27 декабри соли 2018 дар ШСХК “Бар­қи Тоҷик” нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, аз ҷумла дар асоси он аз ҷониби зерсохторҳо то ба санаи 1-уми январи соли 2020 корҳои зерин амалӣ карда шудаанд:

– дар 11 адад хатҳои интиқоли барқи 110-220 кВ ва 99 адад хатҳои интиқоли барқи 6-10-35 кВ корҳо ҷиҳати мукаммалгардонии ҷойҳои ҷудокунии хатҳои барқӣ гузаронида шуданд;

– 92 адад трансформаторҳои қудратии шиддати аввалиашон 35, 110, 220 кВ ва 914 адад трансформаторҳои қуд­ратии 6-10 кВ, ки дар реҷаи камборӣ фаъолият мекарданд, хомӯш карда шуданд;

– дар хатҳои интиқоли барқи 0,4-6-10 кВ дар маҷмуъ 18,6 км ноқилҳои пулодӣ ба ноқилҳои алюминӣ иваз карда шуданд;

– 35,6 км кабелҳои серборӣ 0,4-10 кВ бо кабелҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

– 179,2 км ноқилҳои сербор дар хатҳои барқии ҳавоии 0,4-10 кВ ба ноқилҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

– дар 1755 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ бори хатҳои интиқоли барқи онҳо ба танзим дароварда, баробар тақсим карда шуданд;

– 47 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ дар маркази бори истифодабарандагон ҷойгир карда шудаанд;

– дар 21 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ транс­форматорҳои камбор ба трансформаторҳои иқтидора­шон пасттар иваз карда шуданд;

– 91 адад истгоҳҳои трансформатории нави муҷаҳ­ҳа­зо­ни­дашудаи комплектии 6-10/0,4 кВ насбу васл карда шуданд;

– бо мақсади кам намудани бор ва дарозии хатҳои ин­тиқоли барқи 0,4-10 кВ 71,03 км хатҳои нави интиқоли бар­қи ҳавоӣ сохта шуданд;

– дар 94 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ транс­форматорҳои сербор ба трансформаторҳои иқтидора­шон баландтар иваз карда шуданд.

Бояд зикр намуд, ки ШСХК “Барқи Тоҷик” ҷиҳати иҷ­рои нақшаи чорабиниҳои соли 2019, бо мақсади гузаштан ба низоми муосири ҳисоби барқи истифодагардида ва пардохти саривақтии он як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Дар 64 шабакаҳои барқии минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳия­вии зертобеи ширкат низоми биллингии муосир аз тарафи ширкатҳои ватанӣ тарҳрезӣ шудааст. Аз ҷумла, кори системаи билингии “Express Client” дар 24 шабакаҳои барқӣ ва “Tajbilling» дар 39 шабакаҳои барқӣ ба пуррагӣ тарҳ­рези­шуда, ҳамаи гуруҳҳои истифодабарандагон ба барномаҳои мазкур ворид карда шуда, бахши ҳисоббаробаркунӣ аз баҳисобгирии китобӣ ба системаҳои биллингӣ ба роҳ монда шуда истодааст.

Айни ҳол, дар ҳамаи шабакаҳои барқи истифодаи ва­ра­қаҳои пардохти рақамдор (квитансияҳо) бо пуррагӣ маън карда шуда, баҳисобгирии масрафи барқ ва қабули пар­дохт­ҳо тавассути барномаҳои тарҳрезигардида ба роҳ монда шуда истодааст, ки ин боиси роҳ надодан ба ҳолатҳои азхуд­кунии маблағҳо ва аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ мегардад.

Баҳри ба роҳ мондани ҳисоби дурусти хароҷоти неруи барқ аз тарафи зерсохторҳои Ширкати «Барқи Тоҷик» дар давраи аз моҳи сентябри соли 2018 то 1 январи соли 2020, дар воридаҳои 0,4 кВ-и истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ, дар маҷмуъ 5416 адад ҳисобкунакҳои барқии куҳна ба ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалии замо­навӣ иваз карда шудаанд. Инчунин, бо мақсади ба роҳ мондани ҳисоби дурусти неруи барқ, дар соли 2019 ба миқдори 24086 адад ҳисобкунакҳои барқии муштариён аз даруни ҳав­лиҳо ва 4386 адад аз даруни хонаҳои баландошёна ба ҷои намоён бароварда шудаанд.

Дар соли 2019 аз тарафи зерсохторҳои ШСХК “Барқи Тоҷик” дар маҷмуъ 25094 ҳолатҳои истифодаи ғайри­қо­ну­нии неруи барқ ба миқдори 124,2 млн. кВт.соат ошкор карда шуда, санадҳои дахлдор ба маблағи 39,2 млн. сомонӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб 19,7 млн. сомонӣ, маблағи ҳисо­би­шуда пардохт карда шудааст. Айни замон, аз тарафи зер­сох­тор­ҳои ширкат, дар доираи қоидаҳои амалкунанда, ҷиҳати ситонидани маблағҳои боқимонда корҳо идома доранд.

Бо дастгирии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон, амалисозии лоиҳаи «Иваз намудани ҳисобкунакҳои барқӣ, қисман иваз намудани трансформаторҳои ҷараён ва шиддат, баистифодадиҳии инфрасохтори ҳозиразамони ҳи­соб­кунӣ ва сохтори баҳисобгирӣ» рафта истодааст, ки дар доираи ин лоиҳа насб намудани таҷҳизотҳои баҳисобгирии неруи барқ дар зеристгоҳҳои барқии 110 кВ ба нақша гирифта шудааст. Баъди ба пуррагӣ ба анҷом расидани корҳо дар доираи лоиҳаи мазкур ҳисоби талафоти неруи барқ дар хатҳои барқӣ ва тартиб додани тавозуни неруи барқ дар неругоҳҳо, зеристгоҳҳо дар реҷаи вақти реалӣ шаффоф ба роҳ монда мешавад.

Корҳо вобаста ба амалишавии лоиҳаҳои “Барқарор­созии НБО-и Норак”, “Таҷдиди НБО-и Сарбанд” ва “Таҷ­диди НБО-и Қайроққум” таҳти назорати доимии ШСХК “Барқи Тоҷик” қарор доранд.

Натиҷаи фаъолияти истеҳсолию молиявии ШСХК “Барқи Тоҷик”-ро ҷамъбаст намуда, роҳбарияти Ширкат тас­мим гирифтааст, ки дар соли 2020 корҳоро дар самти амалисозии чорабиниҳои зерин пурзӯр намояд:

– васеъ ҷорӣ намудани роҳҳои истифодаи самараноку сарфакоронаи захираҳои обию энергетикӣ;

– андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати бо сифати баланд ва сари вақт амалисозии лоиҳаҳои “Таҷдиди НБО-и Сарбанд”, “Таҷдиди НБО-и Қайроққум” ва “Барқарорсозии НБО-и Норак”;

– андешидани тадбирҳо оид ба зиёд намудани иқтидори содиротии неруи барқ ба хориҷӣ кишвар ва дарёфти им­ко­ниятҳои нави содиротӣ;

– пурзӯр намудани корҳо дар самти ҷорӣ намудани сис­темаи биллингии ҳисоби неруи барқ дар тамоми шабакаҳои барқӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва вобаста ба ин тартиб додани тавозуни барқ дар зеристгоҳҳо ва истгоҳҳои трансформаторӣ ва кам намудани сатҳи талафоти неруи барқ;

– андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати зиёд намудани сатҳи ҷамъоварии маблағҳои неруи барқи ба муштариён ин­тиқолшуда ва вобаста ба ин тақвият бахшидани корҳо дар самти кам намудани қарзҳои дебиторию кредитории ШСХК “Барқи Тоҷик”.


Бозгашт ба рӯйхат