Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

11.02.2019

НИШОНДИҲАНДАҲОИ АСОСИИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА ИҚТИСОДИИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» ДАР СОЛИ 2018

Ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ ва гармӣ

Дар соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неру­гоҳ­ҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ширкат 16 млрд. 219,3 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2017 дар ҳаҷми 860,4 млн. кВт. соат зиёд мебошад. Афзо­иши ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ нисбат ба соли 2017 дар НБО-ҳо дар ҳаҷми 490,5 млн.кВт.соат, дар МБГ-ҳо дар ҳаҷ­ми 367,1 млн.кВт. соат ва дар НБО-и хурд дар ҳаҷми 2,8 млн.кВт.соат таъмин карда шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар НБО-ҳо ва МБГ-ҳо (млн.кВт.соат):

Нишондодҳо

соли 2017

соли 2018

Фарқият

Дар НБО-ҳо

14 372,4

14 862,9

+490,5

Дар МБГ-ҳо

981,0

1 348,1

+367,1

Дар НБО-и хурд

5,5

8,3

+2,8

Ҳамагӣ

15 358,9

16 219,3

+860,4

Корҳои таъмирию барқарорсозии таҷҳизотҳои
гидротехникӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон оиди зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ, ШСХК “Барқи Тоҷик” дар соли 2018 дар доираи маб­лағҳои худӣ ва сармояи хориҷӣ корҳои таъмирию бар­қа­рорсозии таҷҳизотҳои гидротехникии НБО-и Норак, Қай­роқ­қум, Сарбанд ва МБГ-и 1-и шаҳри Душанбе амалӣ на­муд.

Дар доираи маблағҳои худӣ барои гузаронидани таъ­ми­ри асосии дарбанди куррашакл ва иваз намудани чархи кории гидроагрегати №9 дар НБО-и “Норак” аз тарафи ҶСК «Тоҷик СГЭМ» корҳои таъмирӣ дар давраи аз 2-юми майи соли 2017 то 10-уми майи соли 2018 бо пуррагӣ ба анҷом расонида шуда, гидроагрегати мазкур ба кор даро­вар­да шуд. То таъмири дарбанди куррашакл ва иваз намудани чархи ко­рии нави гидроагрегати №9 аз иқтидори лоиҳавии 335МВт то ба 160МВт кам шуда буд. Баъд аз пурра ба анҷом расонидани корҳои таъмири асосии дарбанди куррашакл ва иваз намудани чархи кории нав иқтидори он аз 160МВт ба ни­шон­додҳои лоиҳавиаш 335МВт расонида шуд.

Дар давраи аз 21-уми июни соли 2018 то санаи 5-уми ноябри соли 2018 мувофиқи лоти 1-и лоиҳаи “Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт” корҳо вобаста ба таҷдиду азнавсозии гидроагрегати №5 дар дои­раи маблағҳои сармояи хориҷӣ амалӣ гардида, айни замон мувофиқи лоти мазкур гидроагрегати №6, аз санаи 12-уми апрели соли 2018 то ин ҷониб, дар таҷдиду азнавсозӣ қарор дорад. Инчунин, тибқи лоти 1-и лоиҳаи мазкур дар давраи ҳисоботӣ трансформатори қудратии Т-3-и намуди ТДЦ-125000/110/10,5 ба трансформатори қудратии иқтидораш 250000 кВА иваз карда шуд.

Корҳои таъмирии ҷорӣ дар таҷҳизотҳои асосӣ ва ёри­расони Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1, дег­хонаҳои “Ғарбӣ” ва “Шарқӣ” тибқи нақша–чорабиниҳо оид ба омода намудани иншоотҳои “Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе” барои мавсими гармидиҳии солҳои 2018-2019 бо истифода аз гази табиӣ ба анҷом расонида шуд. Дар ин давра корҳои таъмирии асосии Маркази барқу гарми­ди­ҳии 1-и шаҳри Душанбе дар маҷмуъ ба маблағи зиёда аз 45 млн. сомонӣ амалӣ шуда, дегҳои буғии №5, 6, 8 ва деги об­гарм­кунӣ пурра аз таъмир гузаронида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки аз соли 1990 корҳои таъмири асосӣ дар ин таҷҳизотҳо гузаронида нашуда буданд, ки вобаста ба ин Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе бо исти­фо­даи мазут ҳамагӣ бо иқтидори то 20 МВт ва 50 Гкал/соат фаъолият мекард. Таъмири асосии дар таҷҳизоти мазкур гу­заронидашуда имконият медиҳад, ки Маркази барқу гарми­диҳии 1-и шаҳри Душанбе дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 бо истифода аз гази табиӣ бо иқтидори 120 МВт ва 180 Гкал/соат фаъолият намояд.

Айни замон, Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои “Шарқӣ” ва “Ғарбӣ” бо истифода аз гази табиӣ бо иқтидори умумии 51 МВт ва 131 Гкал фаъолият карда истодааст.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 656,8 ҳазор Гкал баробар шуда, нисбати соли 2017 дар ҳаҷми 228,7 ҳазор Гкал зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар МБГ-ҳо (ҳазорГкал):

Номгӯи МБГ-ҳо

соли 2017

соли 2018

Фарқият

МБГ-и “Душанбе”

140,2

286,0

145,8

МБГ-и “Душанбе-2”

287,9

370,8

82,9

Ҳамагӣ

428,1

656,8

+228,7

Дар баробари зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқи худӣ, бо мақсади беҳтар намудани таъмини соҳаҳои иқ­тисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, Ширкати «Бар­қи Тоҷик» дар соли 2018 дар ҳаҷми 3 млрд. 245,9 млн. кВт.соат неруи барқ ба маблағи умумии 98,1 млн.доллари ИМА харидорӣ намудааст. Дар муқоиса бо соли 2017 хариди неруи барқ дар ҳаҷми 690,2 млн.кВт.соат зиёд мебошад.

Ҳаҷми хариди неруи барқ (млн.кВт.соат):

Сарчашмаи хариди барқ

соли 2017

соли 2018

Фарқият

НБО-и “Сангтӯда-1”

1 849,3

2 382,5

+533,2

НБО-и “Сангтӯда-2”

693,6

826,5

+132,9

Ҷумҳурии Қирғизистон

12,8

24,8

+12,0

Ҷумҳурии Қазоқистон

-

12,1

+12,1

Ҳамагӣ

2 555,7

3 245,9

+690,2

Иҷро намудани корҳои таъмирию барқарорсозии иқти­дорҳои истеҳсолӣ, барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ шароити фароҳам оварда, бо назардошти нис­батан зиёд харидорӣ шудани неруи барқ, бо дастгирии Ҳу­ку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷӣ ҷумҳурӣ афзун гардида, ҳамзамон барқтаъ­минкунии соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ хубтар ба роҳ монда шуд.

Таҳвили фоиданоки энергияи барқ

Таҳвили фоиданоки неруи барқ дар соли 2018 нисбат ба соли 2017 дар ҳаҷми 1 млрд. 348,6 млн.кВт.соат афзоиш ёфта, дар маҷмуъ ба 16 млрд. 185,1 млн.кВт.соат баробар шуд, ки аз он 13 млрд. 757,9 млн.кВт.соат ба муштариёни дохили ҷум­ҳурӣ интиқол шудааст. Афзоиши таҳвили фоиданоки неруи барқ соли 2018 нисбат ба соли 2017 ба муштариёни дохили ҷумҳурӣ (бе назардошти КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик”) дар ҳаҷми 419,1 млн.кВт.соат ва афзоиши ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар маҷмуъ дар ҳаҷми 1 млрд. 104,6 млн.кВт.соат таъмин карда шудааст. Дар ин давра камшавии содироти неруи барқ ба Афғонистон дар ҳаҷми 383,7 млн. кВт. соат ба назар мерасад. Сабаби асосии кам гардидани содироти барқ ба Афғонистон, ин ба садама дучор гардидани хати интиқоли барқи 220 кВ “Тоҷикистон-Афғонистон” ва вобаста ба ин ғайриимкон гардидани содироти неруи барқ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тавассути ин хати интиқоли барқӣ мебошад.

Маблағи умумии фурӯши неруи барқи фоиданок дар соли 2018 ба 3 млрд. 117,2 млн.сомонӣ баробар шуда, аз он аз ҳисоби муштариёни дохили ҷумҳурӣ 2 млрд. 486,4 млн.со­мониро ташкил додааст.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар соли 2018 сатҳи талафоти неруи барқ дар Ширкати "БарқиТоҷик" дар умум ба 15,5% баробар шуд, ки нисбат ба соли 2017 сатҳи талафоти неруи барқ ба андозаи 0,6% коҳиш ёфтааст.

Бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани қоида­вай­ронкуниҳо дар соли 2018 дар маҷмуъ 28118 адад санадҳои қоидавайронкунӣ ба маблағи 43,0 млн. сомонӣ тартиб дода шуда, аз он ба маблағи 31,4 млн. сомонӣ ба суратҳисоби Шир­кат ворид карда шудааст. Инчунин бо мақсади ба роҳ мон­дани ҳисоби дурусти неруи барқ, дар соли 2018 дар умум 29381 адад ҳисобкунакҳои барқии муштариён аз даруни ҳавлиҳо ва 12771 адад аз даруни хонаҳои баландошёна ба ҷои намоён бароварда шудаанд.

Ҷамъоварии маблағи неруи барқ

Дар соли 2018 дар маҷмуъ пардохти маблағи неруи барқ аз ҷониби муштариёни дохили ҷумҳурӣ ва неруи барқи содиротшуда 2 млрд. 720,6 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2017 ба маблағи 458,8 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла ҷамъоварии маблағ аз муштариёни дохили ҷумҳурӣ дар ин давра дар ҳаҷми 2 122,9 млн.сомонӣ таъмин шуд, ки нисбати соли 2017 ба маблағи 314,5 млн.сомонӣ зиёд аст.

Фоизи ҷамъоварии маблағи неруи барқ нисбат ба соли 2017 дар умум ба андозаи 1,3%, аз ҷумла аз аҳолӣ ба 13,8% афзоиш ёфта, дар маҷмуъ ба 85,4%, аз ҷумла аз аҳолӣ ба 91,3% баробар шуд.

Вобаста ба пурра пардохт нашудани маблағи барқи ис­тифодашуда аз ҷониби баъзе муштариён, тамоюли боло­ра­вии қарзҳои дебитории Ширкат дар соли 2018 аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ба маблағи 363,6 млн.сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 66,2 млн.со­мо­нӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ 25,6 млн.сомонӣ, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» 10,1 млн.сомонӣ, ташкилоту муасси­са­ҳои буҷетӣ 7,3 млн.сомонӣ, аҳолии ҷумҳурӣ 80,4 млн.со­монӣ ба назар мерасад.

Ҳамин тавр, ба ҳолати 1 январи соли 2019 маблағи қарзи истифодаи неруи барқ ба 2 млрд. 308,1 млн сомонӣ раси­да­аст, аз ҷумла қарздории Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 139,7 млн.сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ 163,9 млн.сомонӣ, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» 41,7 млн.сомонӣ, ташкилоту муас­сисаҳои буҷетӣ 52,2 млн.сомонӣ, КМ «Тоҷик­кимиё­са­ноат» 23,8 млн.сомонӣ, аҳолии ҷумҳурӣ 956,8 млн.сомониро ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 2332 муштариёни қарздор ба маблағи 172,6 млн. сомонӣ иддао пешниҳод карда шудааст, ки аз ин маблағ 67,1 млн. сомонӣ ба суратҳисоби Ширкат ворид шудааст, ки 38,9% маблағи пешниҳод шударо ташкил медиҳад. Инчунин дар ин давра ба маблағи 170,4 млн.со­мо­нӣ маводҳо ба мақомоти прокуратура ирсол гардида, ба маблағи 57,6 млн.сомонӣ аз ҷониби судҳо қонеъ карда шуд. Дар натиҷа ба манфиати Ширкат тибқи ҳалномаҳои судӣ 6,5 млн.сомонӣ рӯёнида шуд.

Бояд қайд намуд, ки яке аз омилҳои асосии бартарафсозии афзоиши қарзҳои дебитории Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби истифодаи неруи барқ ва талафоти неруи барқ, ин беҳ­тар намудани ҳолати техникии системаи энергетикӣ, мар­ҳила ба марҳила гузаштан ба системаи нави баҳисобгирии барқӣ, ҷорӣ намудани системаи биллингии ҳисоби неруи барқ, ҳисоби дурусти тавозуни неруи барқ дар зеристгоҳҳои барқӣ, баланд бардоштани касбияти кормандони соҳа, коҳиш додани дахолати инсонӣ дар таҷҳизоти баҳисобгирии барқӣ ва ҷорӣ намудани системаи ягонаи автоматикунонии ҳисоби барқ мебошад. Бо дарназардошти вазъи ногувори мо­лиявии Ширкат, амалӣ намудани чунин тадбирҳо бе ҷалби маблағҳои калони сармояи хориҷӣ ғайриимкон мебошад.

Чунончӣ, мониторинги гузаронидашудаи лоиҳаи ҷорӣ намудани системаи биллингӣ дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 30 млн. доллари ИМА амалӣ шудааст, нишон дод, ки дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар соли 2018 нисбат ба соли 2015 талафоти неруи барқ аз 18,4 фоиз ба 9,6 фоиз расонида, ҷамъ­оварии маблағ зиёда аз 100 фоиз таъмин шуда истодааст. Инчунин шумораи нозирон ва назоратчиён аз 97 нафар ба 8 нафар коҳиш дода шуда, дар натиҷа омили дахолати инсонӣ ба низоми ҳисоби неруи барқ пурра аз байн бурда шудааст.

Айни замон, Ширкати “Барқи Тоҷик” дар ҳамкорӣ бо ва­зорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалӣ намудани ин иқ­домҳо дар шабакаҳои барқии шаҳри Норак бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо ширкати хитойии “Хексинг Электрикал Компани” корбарӣ намуда истодааст.

Дар баробари ин, дар соли 2018 чун солҳои қаблӣ мушкилоти асосии Ширкати “Барқи Тоҷик” дар самти ҷамъо­ва­рии маблағи неруи барқ, ин сари вақт ва пурра пардохт нашудани маблағи истифодаи барқ аз ҷониби Агентии беҳ­дошти замин ва обёрӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» ва қарзҳои солҳои пеш баамаломадаи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик” мебошад.

Натиҷаи зиёд гардидани ҷамъоварии маблағи неруи барқ аз ҳисоби муштариёни дохили ҷумҳурӣ ва воридоти маб­лағ аз ҳисоби барқи содиротшуда, дар соли 2018 ба беҳ­тар гардидани пардохтпазирии уҳдадориҳои молиявии ШСХК «Барқи Тоҷик» мусоидат намуд. Таҳлилҳо нишон ме­диҳанд, ки пардохтҳои асосии Ширкат дар ин давра нисбат ба соли 2017 ба маблағи 347,9 млн.сомонӣ, ё ин ки ба андозаи 15,9% афзоиш ёфта, ба 2 млрд. 535,1 млн. сомонӣ баробар шудааст.

Ҳамзамон, дар натиҷаи зиёд шудани қисми даромад ва кам намудани хароҷоти дуюмдараҷа, имкониятҳои молиявии Ширкати «Барқи Тоҷик» беҳтар гардида, вобаста ба ин барои кам намудани қарзҳои кредитории Ширкат шароит фароҳам оварда шуд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2018 қарздории ШСХК «Барқи То­ҷик» дар назди буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо 94,3 млн. сомониро ташкил медод. Дар соли 2018 Ширкати “Бар­қи Тоҷик” ба пардохти андозҳои ҷорӣ ва кам намудани ба­қия­пулиҳои андоз диққати махсус дода, тадбирҳои таъхирнопазир андешид. Вобаста ба ин, дар соли 2018 Ширкати “Барқи Тоҷик” маблағи андозҳоро 392,1 млн.сомонӣ пардо­хт намуд, ки нисбат ба соли 2017 ба маблағи 58,3 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Дар натиҷаи ин, Ширкат пардохти андозҳои ҷориро пурра таъмин намуда, бақияпулиҳои андозро дар ин давра ба маблағи 27,6 млн.сомонӣ кам намуд ва вобаста ба ин ба ҳолати 1 январи соли 2019 қарздории Ширкат дар назди Буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо ба 66,7 млн.сомонӣ баробар шуд.

Қарздории ШСХК “Барқи Тоҷик” аз ҳисоби хариди ангишт бошад, дар соли 2018 ба таври назаррас кам гардидааст. Агар ба аввали соли 2018 қарздории Ширкат аз ҳисоби ха­риди ангишт дар назди КФ “Шахтаи Фон-Яғноб” 59,2 млн.сомонӣ ва дар назди ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” 14,2 млн.сомониро ташкил медод, дар натиҷаи тад­риҷан зиёд намудани пардохти маблағҳо ба ин ширкатҳо, ба ҳолати 1 январи соли 2019 ин қарздорӣ мутаносибан ба 8,1 млн. сомонӣ ва 7,2 млн. сомонӣ расонида шуд, ки нисбати аввали соли 2018 дар маҷмуъ қарздорӣ ба маблағи 58,1 млн. сомонӣ аз ҳисоби хариди ангишт кам карда шуд.

Инчунин бақияи қарзи мазут ба ҳолати 1 январи соли 2019 танҳо дар назди Агентии захираҳои моддии давлатӣ 8,5 млн. сомониро ташкил дод.

Бояд қайд намуд, ки новобаста аз беҳтар гардидани пардохтпазирии Ширкати “Барқи Тоҷик” ва вобаста ба ин кам гардидани қарзҳои кредитории зикршуда, тамоюли зиёдшавии қарзҳои кредитории ШСХК “Барқи Тоҷик” аз дигар сарчашмаҳо мушоҳида мешавад.

Тамоюли болоравии қарзҳои кредитории ШСХК “Барқи Тоҷик” дар соли 2018 асосан аз ҳисоби созишномаҳои зер­қар­зии Вазорати молия ба маблағи 3 млрд. 340,1 млн. сом­онӣ ва хариди неруи барқ аз ҶСК “НБО-и Сангтӯда -1” ба маблағи 220,9 млн. сомонӣ ва ҶСК “НБО-и Сангтӯда -2” ба маблағи 301,6 млн. сомонӣ ба назар мерасанд.

Бо мақсади роҳ надодан ба зиёдшавии қарздории ШСХК “Барқи Тоҷик” дар назди Вазорати молия ва ҶСК “Ориён­бонк”, Ширкати “Барқи Тоҷик” ба Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия ва Вазорати энергетика ва захираҳои об пешниҳодҳои худро ирсол намудааст.

Корҳои таъмирию барқарорсозӣ

Маблағи умумии корҳои сохтмони асосии иҷрогардида дар давраи ҳисоботӣ 29,8 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз он аз ҳисоби маблағҳои худӣ 25,5 млн. сомонӣ ва аз ҳи­соби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 4,3 млн. сомонӣ иҷро карда шудаанд.

Бо мақсади дар сатҳи коршоям нигоҳ доштани иқ­ти­дорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ, баланд бар­доштани сифати неруи барқ ва паст намудани хароҷот­ҳои технологӣ дар корхонаҳои зертобеъи ширкат корҳои таъмирию барқарорсозӣ ба роҳ монда шуда, дар соли 2018 аз фонди таъмирӣ 113,8 млн. сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 11,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Сабаби асосии зиёдшавии азхуд намудани маблағи фонди таъмирӣ нисбат ба соли гузашта дар он мебошад, ки дар соли 2018 дар МБГ-и ш. Душанбе таъмири асосии дегҳои буғии №5, 6 ва 8, турбоагрегати №6 амалӣ карда шудаанд.

Дар ин давра дар шабакаҳои барқӣ хатҳои ҳавоии барқии 110-500 кВ – 295,4 км; хатҳои ҳавоии барқии 0,4-35 кВ – 2222,2 км; хатҳои кабелии барқии 0,4-10 кВ – 105,4 км; трансформатори қудратии 6-10-35кВ 723 адад, трансформатори қуввагии 110-220 кВ - 9 адад; васлакҳои 110-220 кВ - 13 адад; ҷудокунаки 110 –220 кВ - 50 адад; трансформаторҳои қудратии 35 кВ - 7 адад; трансформаторҳои қудратии 6-10-35 кВ - 723 адад; истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ - 2058 адад аз таъмири асосӣ ва ёрирасон гузаронида шудааст.

Дар неругоҳҳо таъмири таҷҳизотҳои асосӣ ва ёрирасон дар соли 2018 асосан тибқи нақшаи тасдиқгардидаи солона амалӣ карда шуданд.

Бо мақсади таъмин намудани эътимоднокии барқ­таъ­минкунии соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ, дар ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” дар зеристгоҳи бар­қии “ЮЗВ”-110/6кВ алоҳидакунак-кутоҳваслакҳои 110кВ (ОД-КЗ) пайвандии трансформаторҳои Т-1 ва Т-2 ба вас­лак­ҳои элегазии 110кВ, дар зеристгоҳи барқии “Восточная”-110/35/6кВ васлаки навъи МКП-110кВ пайвандии ХИБ-110кВ Л-СВ ба васлаки элегазии 110кВ, дар зеристгоҳи бар­қии “КВЗ”-110/35/6кВ васлакҳои навъи МКП-110кВ пайвандии Т-2 ва байнибахшӣ ба васлакҳои элегазии 110кВ ва дар зеристгоҳи барқии “Заводская”-110/35/10кВ васлаки навъи МКП-110кВ пайвандии ХИБ-110кВ Л-НЗ ба васлаки элегазии 110кВ иваз карда шуданд. Дар Шабакаҳои барқии Суғд сохтмони навбати дуюми зеристгоҳи барқии 110/6 кВ-и “Ғо­зиён”, бо насбу васл намудани як адади трансформатори қуд­ратии 6300 кВА дар ин навбат, амалӣ карда шуд. Инчунин, дар зеристгоҳи барқии “Хуҷанд”-220/110/10кВ васлаки ҳавоии 110кВ пайвандии чашмаки В-Л-1 ба васлаки элегазии 110кВ иваз карда шуд.

Дар соли 2018 дар шабакаҳои барқӣ ба миқдори умумӣ 102 адад истгоҳҳои трансформатории муҷаҳозонидашудаи комплектӣ насбу васл карда шуда, бо мақсади кам намудани бор ва дарозии хатҳои интиқоли барқи 0,4-10 кВ 77,7 км хат­ҳои нави интиқоли барқи ҳавоӣ ва 22,85 км хатҳои кабелӣ сохта ва насб карда шуд. Инчунин дар хатҳои ҳавоии 0,4-6-10 кВ 198 км ноқилҳои сербор ба ноқилҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шудаанд.

Ширкати «Барқи Тоҷик» вобаста ба иҷрои қарори Ҳу­ку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018, №147 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019», иҷро намудани 408 номгӯи чорабиниҳоро ба нақша гирифт, ки нисбат ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 ба миқдори 28 адад зиёд мебошад. То ба имрӯз иҷроиши уму­мии нақшаи чорабиниҳои Ширкат дар ин мавсим 98,3%-ро ташкил дод.

Ба Маркази барқугармидиҳии ш.Душанбе аз санаи 01.04.2018 то 01.01.2019 мазути камсулфур аз тарафи ширкати “Talco Management” – 11571,670 тонна ва аз Агентии захи­раҳои модди давлатӣ- 18867,459 тонна ворид гардидааст. Ба ҳолати 1 январи соли 2019 бақияи умумии мазут 16287,315 тоннаро ташкил медиҳад.

Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе аз санаи 16-уми сентябри соли 2018 ба кор дароварда шуда, айни замон бо иқтидори 351 МВт неруи барқ ва 112 Гкал неруи гар­мӣ фаъолият намуда истодааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ин давра хароҷоти ангишт барои истеҳсолот 474,4 ҳазор тоннаро ташкил дод. Бақияи ангишт ба санаи 1-уми январи соли 2019, дар анборҳо 478,7 ҳа­зор тоннаро ташкил медиҳад. Воридоти ангишт ҳамарӯза идома дорад.

Корҳо вобаста ба амалишавии лоиҳаҳои “Таҷдиди НБО-и Сарбанд”, “Таҷдиди НБО-и Қайроққум” ва “Барқарор­со­зии НБО-и Норак” таҳти назорати доимии ШСХК “Барқи Тоҷик” қарор доранд.

Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори
ШСХК «Барқи Тоҷик»

Вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон аз 30 августи соли 2011 таҳти №431 «Оид ба Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» барои сол­ҳои 2011-2018» бо фармонҳои дахлдори Ширкати «Барқи Тоҷик» ва Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд.

Ҷиҳати азнавташкилёбии ҷамъиятҳои саҳомии кушодаи “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” қарори Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018 таҳти №234 қабул гардида, айни замон татбиқи амалии он аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ширкати “Барқи Тоҷик” идома дорад.

Ширкати “Барқи Тоҷик” ба Кумитаи давлатии сармоя­гузорӣ ва идораи амволи давлатӣ моҳи июли соли 2018 руйхати воситаҳои асосӣ ва қарзҳои кредиторию дебитории 17 шабакаҳои барқии Ширкатро барои азнавбаҳогузорӣ ва тақ­симоти он ба самтҳои Интиқол ва Тақсимот ирсол намуд, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ корҳои мазкур пурра ба анҷом расонида шудаанд.

Айни замон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷум­ҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъалаҳои Ҷамъияти са­ҳомии кушодаи “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, инчунин Оинномаҳои ин ҷамъиятҳо таҳия шуда, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод шудааст. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик баъд аз мувофиқасозӣ, лоиҳаи қарори номбурда барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон пешниҳод карда мешавад.

Инчунин ҷиҳати иҷрои марҳилаи якуми Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори Ширкати “Барқи Тоҷик” корҳои зерин ба роҳ монда шудааст.

Аз соли 2011 то инҷониб тамоми ҳисоботҳои муҳосибии Ширкат тибқи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молия­вӣ (МСФО) таҳия карда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки ҳар сол ҳисоботҳои молиявии Ширкати “Барқи Тоҷик” аз ҷо­ниби ширкатҳои байналмилалии консалтингӣ аудити хориҷӣ гузаронида мешаванд ва аз ҷониби аудиторон тули чанд соли охир ҳисоботҳои молиявии Ширкат, ки тибқи стан­дарт­ҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (МСФО) омода шуда­анд, қобили қабул шуморида шуда, нисбати ҳисоботҳо эродҳои ҷиддӣ надоранд.

Бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ аз ҷониби Ширкати байнал­милалии «БДО Консалтинг» баҳодиҳии воситаҳои асосӣ гузаронида шуда, ҷиҳати аз эътибор соқит намудани воси­таҳои асосие, ки фарсуда шудаанд, хулоса пешниҳод гардид. Ҳисоботи молиявии Ширкат аз натиҷаҳои фаъолияти соли 2014 боназардошти тағйиротҳои арзиши воситаҳои асосӣ таҳия шуда, баҳои қаноатбахши аудиторони хориҷиро гирифт, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарини иҷроиши та­лаботҳои стандартҳои байналмилалии муҳосибавии молиявӣ меравад.

Бо пешниҳоди Ширкати “Барқи Тоҷик” аз соли 2014 то 2018 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз эътибор соқит намудани 3271 адад воситаҳои асосии корношоями мӯҳлати истифодабариашон ба итмом расида, ки дар тавозуни корхонаю ташкилотҳои тобеи ШСХК “Барқи Тоҷик” қарор дошт, ба маблағи умумии 23 миллион сомонӣ қа­рор­ҳои дахлдор қабул карда шуд.

Инчунин дар давоми 4 соли охир, иншооти иҷтимоию ғайриистеҳсолии Ширкат ба арзиши умумии 31,2 млн.со­мо­нӣ аз тавозуни Ширкат бароварда шуда, иншооти боқи­мон­да ба арзиши 48,7 млн.сомонӣ барои аз тавозун баровардан ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи дав­латӣ пешниҳод карда шуда, нисбати онҳо корбарӣ идома дорад.

Бо мақсади иҷрои талаботи Нақшаи инфиродии таҷдид ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 октябри соли 2015, №АП 594, аз ҷониби Вазорати энергетика ва за­хи­раҳои об дар ҳамкорӣ бо Вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, адлия, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Ширкати “Бар­қи Тоҷик” ва Ширкати мушовирии “Корпорейт Солюшен” Консепсияи сиёсати нави тарифҳо таҳия ва бо қарори Ҳуку­мати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017, №259 тас­диқ гардид. Айни замон дар асоси Консепсияи тасдиқшуда, лоиҳаи Методологияи ҳисоби тарифҳои неруи барқ таҳия шудааст, ки дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор дорад.

Натиҷаи фаъолияти истеҳсолию молиявии ШСХК “Бар­қи Тоҷик”-ро ҷамъбаст намуда, роҳбарияти Ширкат тасмим гирифтааст, ки дар соли 2019 корҳоро дар ҳамаи самтҳои фаъолият пурзур намуда, таъминоти неруи барқ ва гармиро тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва аҳолии ҷумҳурӣ хубтару беҳтар ба роҳ монад.


Бозгашт ба рӯйхат