Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

16.02.2021

«ДАР БОРАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» ДАР СОЛИ 2020 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ СОЛИ 2021»

Дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ширкат 15 млрд. 248,4 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 1 млрд. 215,6 млн. кВт. соат кам мебошад. Сабаби кам гардидани истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ин маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ аз ҳисоби кам шудани маҷрои дарёи Вахш ва вобаста ба ин ғайриимкон гардидани ҳаҷми пешбинишудаи содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 1162,3 ҳазор Гкал баробар шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2019 дар ҳаҷми 321,1 ҳазор Гкал зиёд гардидааст.

Бо мақсади беҳтар намудани таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, Ширкати «Барқи Тоҷик» дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 295,3 млн.кВт.соат неруи барқро зиёд харидорӣ намудааст, ки дар маҷмуъ ҳаҷми барқи харидоришуда 4 млрд. 335,8 млн.кВт.соатро ташкил медиҳад. Хариди барқ асосан аз ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1” (2 183,7 млн. кВт. Соат), ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1”(831,1 7 млн. кВт. Соат) ва НБО-и Роғун (1 286,7 млн. кВт. Соат) амалӣ гаштааст.

Таҳвили фоиданоки неруи барқ ба муштариёни дохили ҷумҳурӣ дар соли 2020 нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 309,6 млн. кВт. соат афзоиш ёфта, дар маҷмуъ ба 14 млрд. 421,7 млн.кВт.соат баробар шуд.

Дар баробари ин, бо сабаби маҳдуд гардидани захираҳои обӣ-энергетикӣ вобаста ба кам шудани маҷрои дарёи Вахш ва паҳншавии пандемияи COVID-19 дар давлатҳои ҳамсоя, неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар соли 2020 дар ҳаҷми 1 млрд. 536,8 млн. кВт.соат интиқол дода шуд, ки нисбат ба соли 2019 дар ҳаҷми 1 млрд. 399,8 млн. кВт. соат коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 533,3 млн.кВт. соат ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 851,0 млн. кВт.соат неруи барқ кам содирот карда шуд.

Маблағи фурӯши неруи барқ фоиданок дар соли 2020 ба муштариёни дохили ҷумҳурӣ ба 3 млрд. 414,1 млн.сомонӣ баробар шуд, ки он нисбати соли 2019 ба маблағи 388,7 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2020 дар маҷмуъ пардохти маблағи неруи барқ аз ҷониби муштариёни дохили ҷумҳурӣ 2 млрд. 814,6 млн. сомониро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2019 ба маблағи 294,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Бо мақсади кам намудани қарзҳои дебиторӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 2720 муштариёни қарздор ба маблағи 306,1 млн. сомонӣ иддао пешниҳод карда шудааст, ки аз ин маблағ 94,8 млн. сомонӣ ба суратҳисоби Ширкат ворид шудааст. Инчунин дар ин давра ба маблағи 101,9 млн.сомонӣ маводҳо ба мақомоти прокуратура ирсол гардида, ба маблағи 55,6 млн.сомонӣ аз ҷониби судҳо қонеъ карда шуд. Дар натиҷа ба манфиати Ширкат тибқи ҳалномаҳои судӣ 3,5 млн.сомонӣ рӯёнида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ Ширкати “Барқи Тоҷик” ба пардохти андозҳои ҷорӣ диққати махсус дода, дар соли 2020 маблағи андозҳоро дар ҳаҷми 435,3 млн. сомонӣ пардохт намуд, ки нисбати соли 2019 ба маблағи 5,4 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Ба ҳолати 31 декабри соли 2020 ШСХК “Барқи Тоҷик” дар назди Буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо қарздор намебошад.

Тамоюли болоравии қарзҳои кредитории ШСХК “Барқи Тоҷик” дар дар ин давра асосан аз ҳисоби созишномаҳои зерқарзии Вазорати молия, ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСК “НБО-и Сангтӯда-1”, ҶСК “НБО-и Сангтӯда-2” ва ҶСК "НБО-и Роғун" ба назар мерасанд.

Дар соли 2020 сатҳи талафоти неруи барқ дар Ширкати “Барқи Тоҷик” дар умум ба 16,6% ё ин ки ҳаҷми он ба 3270,2 млн. кВт.соат баробар шуд. Дар ин давра аз ҷониби Ширкат ҷиҳати кам намудани сатҳи талафоти неруи барқ як қатор тадбирҳо андешида шудаанд.

Кам кардани талафоти неруи барқ дар мадди аввали назари роҳбарият ва мутахассисони Ширкати “Барқи Тоҷик” буда, дар инбобат як қатор тадбирҳо андешида мешаванд. Аз ҷумла:

– баҳри кам намудани бори зеристгоҳҳои барқии “Ленинобод”-110/35/6кВ, “Сада”-35/6кВ ва “Деҳқон”-35/6кВ-и Шабакаҳои барқии Суғд, дар ҷамоати Ҳ. Усмонов, деҳаи Рӯмон зеристгоҳи барқии нави “Рӯмон”-110/6кВ сохта ба истифодабарӣ дода шуд;

– дар зеристгоҳи барқии “Чорбоғ”-110/35/10 кВ-и ҶСК “Шабакаҳои барқии Истаравшан” ба ҷойи трансформатори қудратии навъи ТДТН-16000кВА трансформатори қудратии навъи SFSZ-40000 кВА насб карда шуда, дар деҳаи Ругунди ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан зеристгоҳи барқии нави “Сабристон”-110/10 кВ сохта ба истифода дода шуд;

– дар соли 2020 аз тарафи шабакаҳои барқии шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар маҷмуъ 27205 ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ дар ҳаҷми зиёда аз 130 млн. кВт. соат ошкор карда шуда, санадҳои дахлдор ба маблағи 41,9 млн. сомонӣ тартиб дода шуда, аз ин ҳисоб 24 млн. сомонӣ пардохт карда шудааст.

Санаи 12 декабри соли 2019 байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консортсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто Гуруҳ”, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди “Душанбе ситӣ”, Созишнома ба имзо расонида шуд. Созишномаи мазкур санаи 22 январи соли 2020 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Дар заминаи созишномаи тасдиқшуда байни ШСХК “Барқи Тоҷик” ва ширкатҳои зикршуда санаи 26 августи соли 2020 шартнома ба имзо расонида шуд.

То ба имрӯз, ҷиҳати ҳарчӣ зудтар амалӣ намудани лоиҳа ҳарду ҷониб корҳои омодагиро оғоз намуда, ҳуҷҷатҳои асосноккунии техникӣ иқтисодиро омода намуданд, ки он дар маҷмуъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 1263 адад истгоҳи трансформаторӣ ва зиёда аз 100 ҳазор муштариро дарбар мегирад.

Тибқи нақша насби серверҳо аз октябри соли 2020 оғоз гардида, айни замон корҳо идома доранд. Ҷиҳати тезонидани раванди татбиқи лоиҳа ва сари вақт иҷро намудани он, айни замон корҳои насбу васли сутунҳои оҳану бетонӣ ва ноқилҳои худбари изолятсияшуда оғоз гардида, то ба имрӯз зиёда аз 1945 адад сутунҳои оҳану бетонӣ ва зиёда аз 77,6 км ноқилҳои худбари изолятсияшуда (СИП) насбу васл карда шудааст.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон, амалисозии лоиҳаи «Иваз намудани ҳисобкунакҳои барқӣ, қисман иваз намудани трансформаторҳои ҷараён ва шиддат, ба истифодадиҳии инфрасохтори ҳозиразамони ҳисобкунӣ ва сохтори баҳисобгирӣ» рафта истодааст, ки дар доираи ин лоиҳа насб намудани таҷҳизотҳои баҳисобгирии неруи барқ дар зеристгоҳҳои барқии 110 кВ ба нақша гирифта шудааст. Баъди ба пуррагӣ ба анҷом расидани корҳо дар доираи лоиҳаи мазкур ҳисоби талафоти неруи барқ дар хатҳои барқӣ ва тартиб додани тавозуни неруи барқ дар неругоҳҳо, зеристгоҳҳо дар реҷаи вақти реалӣ ба роҳ монда мешавад.

Бо мақсади дар сатҳи коршоям нигоҳ доштани иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сифати неруи барқ дар корхонаҳои зертобеъи ширкат корҳои таъмирию барқарорсозӣ, аз ҷумла таъмирҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизот ба роҳ монда шуда, дар соли 2020 аз фонди таъмирӣ 181,2 млн. сомонӣ маблағ азхуд карда шудааст.

Маблағи умумии корҳои сохтмони асосии иҷрогардида дар давраи ҳисоботӣ 76,2 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз он аз ҳисоби маблағҳои худӣ 75,8 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 350,0 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудаанд.

Дар соли 2020 бо мақсади гузаронидани таъмирҳои нақшавӣ ва берун аз нақшавӣ, инчунин баҳри боэътимод фаъолият намудани зерсохторҳои Ширкат дар фасли зимистон ва тайёрии онҳо ба мавсими селу боришот ва раъду барқ, аз тарафи КФТМТ «Тоҷикэнергоснаб» ба корхонаҳои тобеи ширкат дар маҷмуъ ба маблағи 275,5 млн. сомонӣ таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва дигар маводҳо ҷудо карда шудаанд.

Дар солҳои охир, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баланд намудани эътимоднокии таъминоти барқ барои муштариён ва коҳиш додани талафоти неруи барқ, бо ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ, як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла «Лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи байни Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ (CASA-1000)», Лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и «Норак», Лоиҳаи «Барқарорсозии Нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд, Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум», “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ” ва ғайраҳо дар системаи энергетикӣ амалӣ ва татбиқ гардида истодаанд.

Дар асоси таҳлили ҳолати воқеии шабакаҳои амалкунадаи барқӣ муайян карда шудааст, ки қисми зиёди хатҳои баландшиддати барқии 110 – 220 кВ ва зеристгоҳҳои 220 – 500 кВ дар ҳолати серборӣ фаъолият намуда истодаанд, ки барои таъмин намудани шароити барқтаъминкунии соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ, иҷроиши корҳои вобаста ба азнавсозӣ ва баланд бардоштани қобилияти ҷараёнгузаронии онҳо зарур мебошад.

Барои фароҳам овардани шароити барқтаъминкунии иншоотҳои сохташаванда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва риояи талаботҳои эътимоднокии барқтаъминкунии муштариёни пойтахти ҷумҳурӣ амалисозии лоиҳаҳои зерин зарур дониста мешавад:

– насби автотрансформатори дуюм бо тавоноии 3х167МВА дар зеристгоҳи «Душанбе-500»;

– сохтмони зеристгоҳи барқии 220/110/10 кВ дар ҳудуди Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе бо насби ду адад трансформаторҳои қудратии 2х125 МВА ва сохтмони хатҳои таъминоти барқи 220 кВ аз зеристгоҳи «Ҷангал» ва «МБГ-2» то зеристгоҳи банақшагирифташуда дар масофаи умумии 24 км.

– сохтмони зеристгоҳи барқии 500/220/35 кВ дар қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе бо насби ду адад автотрансформаторҳои тавоноиашон 2х(3х167МВА) бо сохтмони ХИБ-500 кВ аз пайванди хати интиқоли барқии 500 «Норак - Регар» дар масофаи 15 км ва сохтмони хатҳои барқии 220 кВ дар масофаи 24 км барои ворид намудани хатҳои амалкунандаи барқии 220 кВ «НБО Бойғозӣ – ЗИ Ҷангал» ва «МБГ Ёвон – ЗИ Ҷангал» ба зеристгоҳи лоиҳавӣ;

– марҳила ба марҳила гузаронидани хатҳои барқии ҳавоии 110 кВ-и дохили шаҳри Душанбе ба хатҳои кабелии қобилияти баланди ҷараёнгузаронӣ дошта.

Ин гуна лоиҳаҳо дар дигар гӯшаву канорҳои кишвар амалӣ мегарданд.

ШСХК “Барқи Тоҷик тасмим гирифтааст, ки дар соли 2021 корҳоро дар самти амалисозии чорабиниҳои зерин пурзӯр намояд:

– истифодаи самараноку сарфакоронаи захираҳои обию энергетикӣ;

– назорати иҷрои босифати корҳо ва сари вақт амалисозии лоиҳаҳои “Барқарорсозии НБО-и Норак”, “Таҷдиди НБО-и Сарбанд”, “Таҷдиди НБО-и Қайроққум” ва “CASA-1000”;

– андешидани тадбирҳо оид ба зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва дарёфти имкониятҳои нави содиротии неруи барқ ба хориҷӣ кишвар.

– андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъияти молиявии Ширкат ва тақвият бахшидани корҳо дар самти кам намудани қарзҳои кредитории ШСХК “Барқи Тоҷик”.

Маълумот дар бораи корхонаҳое, ки вобаста ба таҷдиди сохтор ташкил ёфтаанд.

ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ 

«ШАБАКАҲОИ ТАҚСИМОТИ БАРҚ»

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, № 330 ташкил шудааст. Он шахси ҳуқуқӣ буда, ба сохтораш филиалҳои зерин дохил мебошанд:

• филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе;

• филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Хуҷанд;

• филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Гулистон;

• филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан;

• филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Бохтар;

• филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Кулоб.

• филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар ноҳияҳои тобеӣ ҷумҳурӣ.

Мухтасар дар бораи мақсад ва самтҳои фаъолияти Ҷамъият

- амалисозии фаъолияти самаранок ва боэътимоди иншооти шабакаҳои тақсимоти барқ;

• таъмини рушди устувори шабакаҳои тақсимоти барқ;

• таъмини боэътимод ва босифати барқ ба истифодабарандагон;

• хизматрасони дар самти тақсимоти барқ;

• идоракунии фаври-технологӣ;

• пешниҳоди хизматрасониҳо ҷиҳати пайвасти технологии таҷҳизоти барққабулкунандаи (таҷҳизоти энергетикӣ) шахсони хуқуқӣ ва шахсони воқеӣ ба шабакаҳои барқӣ.

• амалисозии вазифаҳо ҷиҳати ҷамъоварӣ интиқол ва коркарди иттилоотҳои технологӣ, аз он ҷумла иттилооти воситаҳои андозагирӣ (ченкунанда) ва баҳисобгирӣ;

• таъмини дуруст ва дар ҳолати кори нигоҳ доштани таҷҳизотҳои шабакаҳои барқӣ дар мутобиқат бо талаботи меъёрҳои муқараргардида, гузаронидани хизматрасониҳои техникӣ, ташхис, таъмири шабакаҳои барқӣ ва иншооти дигари дар тавозуни шабакаҳои барқӣ қарордошта;

-гузаронидани озмоишҳои ченкуниҳои таҷҳизоти барқӣ.

-таъмини дуруст ва дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани шабакаҳои тақсимотӣ, гузаронидани хизматрасониҳои техникӣ,

Директори генералӣ Билолзода Умедҷон Ҳайдар.

ҶАМЪИЯТИ САҲОМИИ КУШОДАИ "ШАБАКАҲОИ ИНТИҚОЛИ БАРҚ"

Ҷамъият мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, № 330 ташкил шудааст. Он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҲУҚУҚӢ ба шумор меравад.

Ба сохтораш филиалҳои зерин дохил мебошанд:

• филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» дар ноҳияҳои тобеи марказ;

• филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Гулистон;

• филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи Шабакаҳои интиқоли барқ» дар шаҳри Бохтар;

Мухтасар дар бораи мақсад ва самтҳои фаъолияти Ҷамъият

• таъмини мунтазам ва устувори интиқоли энергияи барқ ба истифодабарандагон мутобиқи шартномаҳои бо онҳо оид ба интиқоли барқ басташуда;

• бо мақсади бехатар ва боэътимод фаъолият намудани системаи ягонаи энергетикӣ ва рушду ҳамкориҳои судманд дар ин раванд, пешниҳод намудани маълумоти зарури ба операторҳои дигари системаи энергетикӣ, ки ба шабакаҳои интиқоли барқ ҳамбастагӣ доранд;

• мусоидат намудан барои таъсиси бозори ягонаи энергияи барқ;

• ташкил ва омода сохтани хатҳои баландшиддати барқӣ барои кори мувозӣ (паралелӣ) бо системаи энергетикии кишварҳои хориҷӣ;

беҳтар намудани хатҳои интиқоли барқи 110-220-500 кВ аз руи қобилияти гузаронандагӣ, дараҷаи шиддат, реверсивияти ҷараёни энергияи барқ ва тавсифоти технологии таҷҳизоти барқӣ;

• таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳамаи самтҳои гардиши энергияи барқ ва иқтидори шабакаҳои энергетикӣ;

• мусоидат намудан барои таъсиси бозори ягонаи энергияи барқ;

• ташкил ва омода сохтани хатҳои баландшиддати барқӣ барои кори мувозӣ (паралелӣ) бо системаи энергетикии кишварҳои хориҷӣ;

беҳтар намудани хатҳои интиқоли барқи 110-220-500 кВ аз руи қобилияти гузаронандагӣ, дараҷаи шиддат, реверсивияти ҷараёни энергияи барқ ва тавсифоти технологии таҷҳизоти барқӣ;

• таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ дар ҳамаи самтҳои гардиши энергияи барқ ва иқтидори шабакаҳои энергетикӣ;

• омода намудани ҳисоботҳои моҳона, семоҳа ва солона бодар назардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва истеҳсолию техникии ҷамъият, дар маҷмуъ ва алоҳидагӣ дар миқёси корхонаҳо вобаста ба фаъолияти онҳо;

Директори генералӣ Мирзо Маҳмудзода


Бозгашт ба рӯйхат