Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК” ДАР СОЛИ 2022 10.02.2023

Пресс-релиз

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ
ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК”
ДАР СОЛИ 2022


Душанбе – 2023

Нишасти матбуотӣ дар мавзўи «НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ
ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК”
ДАР СОЛИ 2022» дар бинои ҶСК “Барқи Тоҷик”
рўзи 13 феврали соли 2023, соати 10-00

баргузор мешавад.

НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК” ДАР СОЛИ 2022

Дар соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ 16 млрд 293,0 млн. кВт. соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2021 дар ҳаҷми 367,7 млн. кВт. соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар сатҳи 102,3% таъмин карда шудааст. Аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда, дар неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳаҷми 14 млрд. 817,5 млн. кВт. соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ дар ҳаҷми 1 млрд. 475,5 млн.кВт.соатро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар НБО-ҳо ва МБГ-ҳо (млн. кВт. соат)

Номгўи НБО-ҳо ва МБГ-ҳо

Соли 2021

Соли 2022

Фарқият (+;-)

НБО-и “Норак”

10 309,0

10 740,9

432,1

НБО-и “Бойғозӣ”

2 127,3

2 321,8

194,5

Силсилаи НБО-ҳои “Вахш”

1 135,5

1 254,6

119,1

Силсилаи НБО-ҳои “Варзоб”

63,6

75,1

11,5

НБО-и “Қайроққум”

627,4

419,4

-208,0

НБО-ҳои хурди Ширкат

5,0

5,7

0,3

Ҳамагӣ дар НБО-ҳо

14 267,8

14817,5

549,7

МБГ-и “Душанбе-1”

329,7

267,5

-62,2

МБГ-и “Душанбе-2”

1 327,8

1 208,0

-119,9

Ҳамагӣ дар МБГ-ҳо

1 657,5

1 475,5

-182,0

Ҳамагӣ

дар НБО-ҳо ва МБГ-ҳо

15 925,3

16 293,0

367,7

Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 1 млн. 143,4 ҳазор Гигакалория баробар шуда, нисбат ба соли 2021 дар ҳаҷми 65,2 ҳазор Гкал кам гардидааст. Сабаби нисбатан камшавии ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ ва гармӣ дар марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, ин пештар қатъ намудани фаъолияти марказҳо мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ МБГ-ҳо (ҳазор Гкал)

Номгўи МБГ-ҳо

Соли 2021

Соли 2022

Фарқият (+;-)

МБГ-и “Душанбе-1”

820,7

748,0

-72,7

МБГ-и “Душанбе-2”

387,9

395,4

7,5

Ҳамагӣ

1 208,6

1 143,4

-65,2

Ҳаҷми умумии неруи гармии интиқолшуда ба 1 млн 36,7 ҳазор Гигакалория ба маблағи 29,7 млн.сомонӣ баробар шуда, дар ин давра пардохти маблағи гармӣ дар умум 28,2 млн. сомонӣ таъмин гардидааст. Дар натиҷа, ба ҳолати 1 январи соли 2023 қарзи дебиторӣ ба 43,2 млн. сомонӣ баробар шудааст.

Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, ҶСК «Барқи Тоҷик» дар соли 2022 дар ҳаҷми 4 млрд. 881,6 млн.кВт.соат неруи барқ харидорӣ намудааст, ки дар муқоиса бо соли 2021 ҳаҷми хариди неруи барқ 400,2 млн. кВт. соат зиёд мебошад. Хариди неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обии “Сангтўда-1” дар ҳаҷми 2 млрд. 424,0 млн. кВт. соат, аз НБО-и “Сангтўда-2” дар ҳаҷми 805,9 млн. кВт. соат ва аз НБО-и “Роғун” дар ҳаҷми 1 млрд. 639,8 млн. кВт. соат харидорӣ карда шудааст.

Дар маҷмуъ дар соли 2022 ҶСК "Барқи Тоҷик" аз ҷамъиятҳои мустақили дар ҷумҳурӣ истеҳсолкунанда ба маблағи 1 млрд. 785,6 млн. сомонӣ неруи барқ харидорӣ намуд, ки нисбат ба соли гузашта 126 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Номгў

Воҳ. ченак

Соли 2021

Соли 2022

Фарқ (+;-)

НБО-и “Сангтўда-1”

млн.сомонӣ

797,4

859,0

61,6

НБО-и “Сангтўда-2”

млн.сомонӣ

519,7

544,5

24,8

ҶСК “НБО-и Роғун”

млн.сомонӣ

342,5

382,1

39,6

Ҳамагӣ

млн.сомонӣ

1659,6

1785,6

126,0

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар соли 2022 ҶСК “Барқи Тоҷик” ба ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” – 756,8 млн. кВт. соат ба маблағи 101 млн. сомонӣ ва ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” – 17 млрд. 424 млн. кВт. соат ба маблағи 2 млрд. 344 млн. сомонӣ интиқол додааст.

Бо мақсади таъмин намудани ҳолати кории иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ, корҳои таъмирию барқарорсозӣ, аз ҷумла таъмирҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизот дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 63,5 млн. сомонӣ иҷро гардиданд.

Дар доираи маблағҳои фонди таъмирӣ дар тамоми зерсохторҳои Ширкат таъмирҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизотҳо тибқи нақшаи тасдиқгардидаи солона гузаронида шудаанд. Аз ҷумла:

– дар НБО-и Норак аз нав барқарорнамоии гидроагрегатҳои №1, №3, таъмири асосии гидроагрегатҳои №5, №9, таъмири миёнаи гидроагрегатҳои №2, №4, №6, №7, №8, таъмири ҷории гидроагрегатҳои №2, №3, №5, №7, №9, таъмири ғайринақшавии гидроагрегатҳои №4, №6 ва №8;

– дар НБО-и Бойғозӣ таъмири асосии гидроагрегатҳои №1, №4, таъмири ҷории гидроагрегатҳои №1, №2, №3, №4, таъмири ҷории трансформаторҳои қудратии Т-1, Т-2, Т-3 ва Т-4;

– дар НБО-и Бойғозӣ таъмири ҷории гидроагрегатҳои №1, №2, №3, №4, таъмири миёнаи гидроагрегати №1, таъмири ҷории васлакҳои генератории ВГ-1, ВГ-2, ВГ-3, таъмири ҷории трансформатори қуввагии Т-2, таъмири ҷории трансформаторҳои эҳтиёҷоти худии ТСН ва ТСН-Р;

– дар Силсилаи неругоҳҳои барқи обии «Вахш»: таъмири асосии гидроагрегатҳои №1, №2, таъмири ҷории гидроагрегати №3, таъмири ҷории трансформатори қуввагии Т-3 дар НБО-и “Шаршара”; таъмири ғайринақшавии гидроагрегатҳои №2, №3, №4, №5 ва №6 дар НБО-и Сарбанд; таъмири ҷории гидроагрегати №1, муоинаи профилактикии васлакҳо дар НБО-и “Марказӣ”;

– дар Силсилаи неругоҳҳои барқи обии «Варзоб»: таъмири асосии гидроагрегати №1, таъмири ҷории гидроагрегати №2, таъмири ҷории трансформатори №2 дар НБО-и 1, таъмири ҷории трансформаторҳои қудратии №2, №5 дар НБО-2 ва таъмири ҷории гидроагрегатҳои №1, №2 дар НБО-3 гузаронида шудаанд.

Ширкати «Барқи Тоҷик» вобаста ба таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, №133 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023», дар ҶСК “Барқи Тоҷик” бо фармони раиси Ширкат аз 11 апрели соли 2022, №53 ситод таъсис дода шуда, ҷиҳати омодагии иншоотҳои истеҳсоли барқу гармӣ барои фаъолияти мунтазам дар давраи зимистонгузаронӣ 71 банди чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 1-уми декабри соли 2022 чорабиниҳои мазкур ба пуррагӣ иҷро шуданд.

Бо мақсади таъмини фаъолияти самарабахши МБГ 2-юм дар давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода аз ҷониби ШСХК “Барқи Тоҷик” то санаи 1-уми январи соли 2023 аз конҳои истихроҷи ангишт ба миқдори 962,4 ҳазор тонна ангишт ворид карда шуд.

Бо мақсади пайваст намудани иншоотҳо ба шабакаҳои гармидиҳии Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, аз тарафи ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе» аз аввали соли 2022 то санаи 1-уми январи соли 2023 дар маҷмуъ 152 адад шартҳои техникӣ, бо сарбории гармии 152,5 Гкал/соат, барои пайвасти биноҳои навсози баландошёна дода шуд.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар мавсими гармидиҳии солҳои 2022-2023 бо неруи гармӣ таъмин намудани 3000 иншооти шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Айни замон, дар шаҳри Душанбе ба 2967 бинову иншоотҳо гармӣ интиқол дода шудааст.

Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баланд намудани эътимоднокии фаъолияти иншоотҳои истеҳсолкунандаи барқу гармӣ, бо ҷалби сармояи шарикони рушд, айни замон як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи электроэнергетика татбиқ гардида истодаанд.

1. Лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и «Норак»

Давраи марҳилаи аввал иваз намудани 3 адад агрегатҳо, иваз ва таъмири таҷҳизотҳои механикию барқӣ ва таҷҳизотҳои асосии НБО, таҳвил ва насби 6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 500/220/10 кВ ва татбиқи корҳо вобаста ба бехатарии саддро дар бар мегирад.

Татбиқи лоиҳа 2 июни соли 2017 оғоз гардида, анҷоми он 31 декабри соли 2024 дар назар аст. Тибқи нақшаи молиявӣ азхудкунии маблағҳо дар соли 2022 дар маҷмуъ 31,0 млн. доллари ИМА пешбинӣ гардида, иҷроиши он дар ҳаҷми 38,3 млн. доллари ИМА таъмин карда шуд, ки 123,7%-ро ташкил медиҳад.

Корҳои таҷдиду барқарорсозии агрегати якум (энергоблок А) пурра ба анҷом расонида шуда, агрегати мазкур расман санаи 24 октябри соли 2022 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарикони рушд ба истифода дода шуд.

Айни замон, агрегати мазкур мавриди истифодабарӣ қарор дошта, бо тавоноии 375 МВт кор карда истодааст.

Таҳвили таҷҳизотҳои агрегатҳои дуюм ва сеюм айни замон тибқи нақша идома дошта, то ба имрўз қисматҳои асосии генератор, васлаки генератор, чархи корӣ, вал, сарпўш ва регулятори турбинаи агрегати дуюм ва сеюм, дастгоҳи самтдеҳ ва дигар таҷҳизотҳои ёрирасони агрегатҳои дуюм ва сеюм, трансформаторҳои баландкунандаи шиддати 15,75/500 кВ ва 15,75/220 кВ, платформаҳо барои системаи дренаж ва хушккунӣ, системаи гармидиҳӣ, алоқа ва ҳавотозакунӣ, оташхомўшкунакҳо, кабелу ноқилҳо, қуттиҳои тақсимотии ҷараёни тағйирёбандаи 400В ва ғайра ба неругоҳ таҳвил карда шудаанд.

Дар дигар қисматҳо корҳои таҷдиду барқарорсозӣ тибқи нақша идома доранд.

Ба ширкати пудратӣ, генератори агрегати 4-ум (энергоблок В) аз санаи 15 августи соли 2022 ва дарбанди курравии агрегати мазкур аз санаи 17 октябри соли 2022, барои иҷрои корҳои таҷдиду барқарорсозӣ супорида шуданд.

Айни замон, корҳои таҷзияи генератор, трансформатори баландкунандаи шиддат, чархи корӣ, дарбанди курравӣ ва дигар таҷҳизотҳои ёрирасон, инчунин корҳои безараргардонии масолеҳҳои асбестии агрегати мазкур пурра ба анҷом расонида шуда, корҳои санҷишӣ, андозагирӣ, аз зангтозакунӣ ва корҳои кафшергарӣ дар хоначаи морпеч, лулаи макканда ва шахтаи турбина оғоз гардида, идома доранд.

Корҳои сохтмонӣ дар таҳкурсии генератор, дизел-генератор, дарбанди курравӣ, шахтаи турбина, хоначаи морпеч, қуттиҳои идоракунӣ, системаҳои оташхомўшкунӣ ва ҳавотозакунӣ рафта истодааст.

Дар агрегати 4-ум (энергоблок В) насбу васли статори генератор ба анҷом расонида шуда, айни ҳол иҷрои корҳо дар ротори генератор, системаи хунукнамоии обӣ, системаи оби нушокӣ, системаи ҳавои фишурда, системаи барқтаъминкунӣ, системаи алоқа, системаи оташхомўшкунӣ, системаи ҳавотозакунӣ ва системаи обгармкунӣ, бо вусъат идома доранд.

Корҳои насбу васли трансформатори баландкунандаи шиддат, тахтасимҳои асосӣ ва ёрирасони генератор то трансформатори баландкунандаи шиддат, қуттиҳои идоракунӣ ва ангезиш дар бинои идоракунӣ оғоз гардида, идома доранд. Аз ҷониби ширкати пудратӣ корҳои назоратӣ дар обдарои турбинӣ гузаронида шуда, ҳисоботи дахлдор омода карда шуд, ки айни замон дар баррасии Фармоишгар ва ширкати Мушовирӣ қарор дорад.

2. Лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд

Татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии НБО-и Сарбанд бо иқтидори 240 МВт” 23 декабри соли 2013 оғоз гардида, анҷоми он санаи 13 феврали соли 2024 пешбинӣ шудааст. Аз оғози лоиҳа азхудкунии лоиҳа ба 122,8 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки 90,2% арзиши умумии лоиҳаро ташкил медиҳад.

Ҷиҳати ба анҷом расонидани корҳои боқимондаи лоиҳавӣ ва азхуд намудани маблағҳои боқимондаи грантӣ, тариқи иҷро намудани корҳои иловагӣ, ба Шартномаи Лоти 1 тағйироти №4 ворид карда шуд, ки тибқи он ба арзиши Шартнома 1 870 000 доллари ИМА илова гардида, муҳлати амалишавии Лоти 1 то санаи 5 январи соли 2024 тамдид карда шуд. Ҳамин тариқ, бо назардошти тағйиротҳои қайдгардида, арзиши Шартнома 71,3 млн. доллари ИМА ва 32,1 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Санаи 24 декабри соли 2022 дар агрегати охирон №1 санҷишҳои пешазбакордарорӣ ба анҷом расонида шуда, агрегат мавриди санҷиши 72 соата бо иқтидори 45 МВт қарор дода шуд.

3. Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум».

Лоиҳаи мазкур асосан аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва Бонки Сармоягузории Аврупо маблағгузорӣ гардида истодааст. То ба имрўз барои корҳои таҷдиду барқарорсозии НБО Қайроққум 195,9 миллион доллари ИМА ҷудо гардидааст. Татбиқи лоиҳа 25 июли соли 2014 оғоз гардида, санаи ба анҷомрасии қарордод баъд аз тамдид 7 июли соли 2024 муқаррар гардид.

Азхудкунии маблағҳо дар соли ҳисоботӣ 27,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба нақшаи молиявӣ ба 104,1% баробар мебошад.

Дар гидроагрегати 1-ум (энергоблок 6) иҷрои корҳои насбу васлии таҷҳизотҳо ба анҷом расонида шуда, айни замон корҳои санҷишӣ (испытание в сухом состоянии) оғоз гардида, тибқи нақша идома доранд.

Дар гидроагрегати 2-юм (энергоблок 5) иҷрои корҳои мустаҳкамкунӣ, барқароркунии қисмҳои гидроагрегат ва аз рангу занг тоза намудани қисмҳои онҳо, насбу васли чархи корӣ ва рангкунии деворҳои камераи морпеч, насбу васли дастгоҳи самтдеҳ ва насбу васли системаи хунукнамоӣ пурра ба анҷом расонида шуда, айни замон корҳои бо ҳам васлкунии чархи корӣ, меҳвар ва сарпўши турбина оғоз гардида, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Инчунин корҳои насбу васли статор ва ротори агрегати мазкур пурра ба анҷом расонида шуда, ротор аз озмоиши баланд гузаронида шуд. Айни замон корҳои гузаронидани озмоиши баланд дар статори генератор оғоз карда шудааст. Иҷрои корҳои насбу васли тахтасимҳои 10,5 кВ барои генераторҳои №5 ва №4 дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Дар ошёнаи 4-уми дохили неругоҳ корҳои насбу васли системаи равшандиҳӣ ва системаи ҳавотозакунӣ оғоз гардида, идома доранд.

Инчунин дар конструксияи металлии ғалақаҳои турбинаи гидроагрегати 5-ум корҳои аз занг тозакунӣ ва кафшергарӣ, дар комаҳои ғалақаҳои турбинӣ ва ғалақаҳои обпартоӣ холӣ корҳои аз занг тозакунӣ ва рангуборкунӣ, корҳои насбу васли трансформатори эҳтиёҷоти худӣ, генератори дизелӣ ва кабелу ноқилҳои ба онҳо алоқаманд ва системаи оташхомўшкунӣ идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Таъмиру барқарорсозии ғалақаҳои таъмирӣ ва асосӣ ба анҷом расонида шуда, корҳо дар ғалақаҳои обпарто тибқи нақша амалӣ шуда истодаанд.

Дар зеристгоҳ қисми корҳои асосӣ ба пуррагӣ баанҷом расонида шудаанд, аз ҷумла бунёди системаи обгузар, насбу васли порталҳои ҳимоя аз раъду барқ, системаи заминвасла, хандакҳои бетонии кабелгузар, мумфаршкунии роҳҳои мошингард аз кўчаи марказӣ то зеристгоҳ ва инчунин роҳҳои бетонии дохили зеристгоҳ ва ғайра.

Дастгоҳи тақсимотии пушидаи элегазӣ ва трансформаторҳои қудратӣ зери шиддат гузошта шуда, хатҳои барқии содиротии зеристгоҳ ба онҳо пайваст карда шудаанд. Айни замон, таҷҳизотҳои мазкур барои баланд бардоштани эътимоднокии низоми энегетикӣ саҳм гузошта истодаанд.

Дар сатҳи поёнии сарбанди хокии соҳили рости неругоҳ корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба миқдори 24300 м3 иҷро гардида, дар ин самт корҳо идома доранд.

Иҷроиши корҳо аз ҷониби ширкати пудратӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, бо вусъат идома доранд.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини фаъолияти самарабахши иншоотҳои истеҳсоли неруи барқу гармӣ, Ширкати “Барқи Тоҷик” дар соли 2023 корҳоро дар самти амалисозии чорабиниҳои зерин пурзўр менамояд:

– истифодаи самаранок ва сарфакоронаи захираҳои обию энергетикӣ;

– назорати иҷрои босифати корҳо ва сари вақт амалисозии лоиҳаҳои “Барқарорсозии НБО-и Норак”, “Таҷдиди НБО-и Сарбанд” ва “Таҷдиди НБО-и Қайроққум”;

– андешидани чораҳои иловагӣ ҷиҳати зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани вазъияти молиявии Ширкат ва тақвият бахшидани корҳо дар самти кам намудани қарзҳои кредитории ҶСК “Барқи Тоҷик”.


Бозгашт ба рӯйхат