Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

31.01.2023

МУРОҶИАТНОМАИ

ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МАРДУМИ КИШВАР

Ҳамватанони азиз!

Дар кишвари мо ҳаҷми асосии неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда шуда, ҳаҷми истеҳсоли он ба резиши оби дарёҳо алоқамандии зич дорад. Дар навбати худ, резиши оби дарёҳо ва вобаста ба ҳамин пур шудани обанборҳо ба тағйирёбии иқлим, шароити обу ҳаво ва омилҳои дигари табиӣ алоқамандӣ дошта, имконияти амалии пешгўӣ кардани реҷаи оби дарёҳо хеле душвор мебошад.

Ҳамагон шоҳид будед, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ ҳарорати ҳаво нисбат ба меъёр хеле сард шуда, дар натиҷа афзоиши талаботи соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти мамлакат ба неруи барқ дар реҷаи кори низоми энергетикӣ як қатор мушкилиҳоро пеш овард.

Аз рўйи мушоҳидаҳо, бо дарназардошти тадриҷан афзоиш ёфтани талабот ба неруи барқ дар дохили кишвар, ҳаҷми истеҳсоли он дар давраи сипаришудаи моҳи январи соли 2023 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 300 млн кВт*соат зиёд гардид, ки нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи солҳои қаблӣ 14 фоиз зиёд мебошад.

Раванди мазкур, яъне афзоиши талабот ба неруи барқ боиси зиёд шудани сарбории шабакаҳои барқӣ ва трансформаторҳо гардида, ба захираҳои обу энергетикии обанборҳо низ таъсири манфии худро расонид.

Қобили зикр аст, ки маҷрои дарёи Вахш дар тобистон ба ҳисоби миёна аз 2000 то 2200 метри мукааб дар як сония ва дар зимистон ба 150-200 метри мукааб дар ҳар сония баробар шуда, барои истеҳсоли неруи барқ асосан захираи обанбори неругоҳи Норак истифода бурда мешавад. Дар натиҷаи зиёд шудани талабот ба неруи барқ дар моҳи январ, ҳаҷми хароҷоти об аз обанбори неругоҳи Норак низ афзоиш ёфт, ки назар ба ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд мебошад.

Муштариёни муҳтарам!

Вазъи пешомадаро мутахассисони Ширкати “Барқи Тоҷик” мавриди таҳлил қарор дода, ташвишовар арзёбӣ мекунанд. Аз рўйи хулосаи онҳо роҳандозӣ нагардидани чораҳои иловагӣ барои рафъи мушкилот боиси боз ҳам шиддат гирифтани норасоии неруи барқ дар аввалҳои моҳи март гардида, ба фаъолияти иқтисодии мамлакат ва зиндагии рўзмарраи аҳолӣ таъсири калони манфӣ мерасонад.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади пешгирӣ кардани норасоии неруи барқ ва пайомадҳои манфии он ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар, аз рўзи 1 феврали соли 2023 сар карда маҳдудкунии интиқоли неруи барқ ба роҳ монда мешавад.

Муштариёни муҳтарам!

Ширкати “Барқи Тоҷик” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ба иттилои шумо мерасонанд, ки чораҳои зикршуда муваққатӣ буда, барои давраи муайян пешбинӣ гардидаанд ва баъди ба эътидол омадани реҷаи обу энергетикии дарёи Вахш аз байн бардошта мешаванд.

Аз муштариёни муҳтарам, ҳамчунин, хоҳиш карда мешавад, ки бо амалҳои сарфакорӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар ҷойи кор ва дар манзилҳои истиқоматиашон барои дар муҳлатҳои кўтоҳ аз байн бурдани маҳдудият саҳмгузор бошанд.

Маркази матбуоти

ШСХК “Барқи Тоҷик”


Бозгашт ба рӯйхат