Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

09.02.2024

ВАРАҚАИ ИТИЛООТӢ

МАЪЛУМОТ ОИД БА
НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК”
ДАР СОЛИ 2023

Душанбе – 2024

Нишасти матбуотӣ оид ба НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК”
ДАР СОЛИ 2023 рӯзи 13 феврали соли 2024

дар бинои ҶСК “Барқи Тоҷик”

баргузор мешавад.

МАЪЛУМОТ ОИД БА НАТИҶАИ
ФАЪОЛИЯТИ ҶСК “БАРҚИ ТОҶИК”
ДАР СОЛИ 2023

Дар соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар маҷмуъ бо дарназардошти дигар истеҳсолкунандагони мустақил 21 млрд. 656 миллион кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 453 миллион кВт.соат зиёд гардида, суръати афзоиш дар ҳаҷми 102,1фоиз таъмин карда шудааст. Истеҳсоли нерӯи барқ дар ҶСК «Барқи Тоҷик ба 16 млрд. 479 миллион кВт.соат баробар шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар НБО-ҳо ва МБГ-ҳо
(млн. кВт. соат)

Номгӯи НБО-ҳо ва МБГ-ҳо

Соли 2022

Соли 2023

Фарқият

НБО-и “Норак”

10740,9

11050,7

309,8

НБО-и “Бойғозӣ”

2321,8

2307,7

-14,1

Силсилаи НБО-ҳои “Вахш”

1254,6

1351,0

96,4

Силсилаи НБО-ҳои “Варзоб”

75,1

85,8

10,7

НБО-и “Қайроққум”

419,4

450,9

31,5

НБО-ҳои хурд

5,7

4,5

-1,2

Ҳамагӣ дар НБО-ҳо

14817,5

15250,6

433,1

МБГ-и “Душанбе-1”

267,5

194,0

-73,5

МБГ-и “Душанбе-2”

1208,0

1034,4

-173,6

Ҳамагӣ дар МБГ-ҳо

1475,5

1228,4

-247,1

Ҳамагӣ

16293,0

16479,0

+186,0

Дар давраи ҳисоботӣ талафоти неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии ҶСК «Барқи Тоҷик» дар маҷмуъ 74,7 млн. кВт. соат, ё ин ки 0,45%-и барқи истеҳсолшударо ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли неруи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 943,2 ҳазор Гигакалорияро ташкил медиҳад.

Бо мақсади беҳтар намудани таъминоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ дар соли 2023 дар ҳаҷми 5 млрд. 133,9 млн. кВт. соат неруи барқ харидорӣ намудааст, ки дар муқоиса бо соли 2022 ҳаҷми хариди неруи барқ 264,3 млн. кВт. соат зиёд мебошад. Хариди неруи барқ асосан аз неругоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” дар ҳаҷми 2 млрд. 599,4 млн. кВт. соат, аз НБО-и “Сангтӯда-2” дар ҳаҷми 906,1 млн. кВт. соат ва аз НБО-и “Роғун” дар ҳаҷми 1 млрд. 628,4 млн. кВт. соат харидорӣ карда шудааст.

Маблағи неруи барқи харидоришуда дар давраи ҳисоботӣ 1 млрд. 887,8 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда ба маблағи 112,1 млн. сомонӣ нисбат ба соли 2022 зиёд мебошад.

Маблағи хариди неруи барқ

Номгӯ

Воҳ. ченак

Соли 2022

Соли 2023

Фарқ

НБО-и “Сангтӯда-1”

млн. сомонӣ

859,0

950,8

91,8

НБО-и “Сангтӯда-2”

млн. сомонӣ

534,6

557,6

23,0

ҶСК “НБО-и Роғун”

млн. сомонӣ

382,1

379,4

-2,7

Ҳамагӣ

млн. сомонӣ

1775,7

1887,8

112,1

Ҳаҷми содироти неруи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар соли 2023 нисбат ба соли 2022 дар ҳаҷми 124,2 млн. кВт. соат зиёд гардида, дар маҷмуъ ба 2 млрд. 677 млн. кВт. соат баробар шуд. Неруи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд. 624,7 млн. кВт. соат, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳаҷми 907,5 млн. кВт.соат ва ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳаҷми 144,6 млн. кВт. соат содирот карда шуд.

Дар соли 2023 ҶСК “Барқи Тоҷик” дар дохили ҷумҳурӣ 18 млрд. 663,7 млн. кВт. Соат неруи барқ ба фурӯш баровардааст, аз ҷумла ба ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ” – 774,6 млн.кВт.соат ва ба ҶСК “Шабакаҳои таќсимоти барқ” – 17 млрд. 889 млн.кВт.соат интиқол дода шудааст.

Бо мақсади таъмин намудани ҳолати кории иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани эътимоднокии фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳии Ҷамъият, корҳои таъмирию барқарорсозӣ ва сохтмонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 57,1 млн. сомонӣ иҷро гардиданд.

Дар доираи маблағҳои фонди таъмирӣ дар тамоми зерсохторҳои Ҷамъият таъмирҳои асосӣ ва ҷории таҷҳизотҳо тибқи нақшаи тасдиқгардидаи солона гузаронида шудаанд, аз ҷумла:

– дар НБО-и Норак таъмири асосии гидроагрегати №2, №6 таъмири миёнаи гидроагрегатҳои №5, №3, №7, №8, №9 таъмири ҷории гидроагрегатҳои №5, №6, №3, №7, №2 таъмири ҷории васлакҳои генератории ВГ-2, ВГ-3, ВГ-5, ВГ-6, таъмири миёнаи трансформаторҳои Т-2, Т-3, Т-7, Т-8 Т-5, Т6, таъмири ҷории трансформаторҳои Т-5, Т-6, Т-8, таъмири ҷории автотрансформаторҳои АТ-1, АТ-2. Айни ҳол дар марҳилаи таҷдиду барқарорсозӣ гидроагрегати №4 бо трансформатори қудратии Т-4 ва азнавбарқароркунии васлаки генератории ВГ-4 қарор доранд;

– дар НБО-и Бойғозӣ таъмири асосии гидроагрегати №3, таъмири ҷории гидроагрегатҳои №1, №2, №3, №4, трансформатори қуввагии Т-1, Т-2, Т-3, Т-4 ва трансформатори зарурияти хусусӣ (ТСН-1);

– дар Силсилаи неругоҳҳои барқи обии «Вахш»: таъмири асоси гидроагрегати №3 таъмири ғайринақшавии гидроагрегати №2, таъмири ғайринақшавии трансформатори Т-3, таъмири ҷории васлакҳои хатти барқии Л-4-5-1, Л-4-5-2, Л-4П дар неругоҳи «Шаршара» гузаронида шуд. Дар неругоҳи «Марказӣ» таъмири ҷории гидроагрегатҳои №1, №2, таъмири ҷории трансформатори Т-1 гузаронида шуд;

– дар СНБО-и «Варзоб»: дар НБО-1 таъмири ҷории гидроагрегати №1 ва №2 дар НБО-и 3 таъмири ҷории гидроагрегати №2 гузаронида шудааст;

– дар НБО-и «Қайроққум» таъмири ҷории гидроагрегатҳои №1, №2, №3, таъмири ҷории васлакҳои генератории ВГ-1, ВГ-2, ВГ-3, таъмири ҷории трансформатори Т-1, таъмири ҷории трансформатори зарурияти хусусии ТСН-Р, дидабароии профилактикӣ чашмакҳои Л-Х-24, Л-С2-24, Л-24-КБ, Л-С1-24, Л-24 Ашт гузаронида шудааст.

Айни ҳол гидроагрегатҳои №4 дар марҳилаи таҷдиду барқарорсозӣ қарор дорад.

– дар МБГ-1 таъмири ҷории 7 адад дегҳои буғӣ, 4 адад турбоагрегат, 6 адад васлаки равғанӣ, 6 адад васлаки элегазӣ ва 6 адад трансформатори қудратӣ ба анҷом расонида шудааст.

– дар дегхонаи «Ғарбӣ» таъмири ҷории 3 адад дегҳои обгармкунии ПТВМ-100, 1 адад трансформатори қудратӣ ва дар дегхонаи «Шарќӣ» таъмири ҷории 2 адад дегҳои обгармкунии ПТВМ-30 ба анҷом расонида шуданд.

Санҷиши гидравликии пешакӣ дар шоҳқубурҳои гармидињӣ ба масофаи 63 км гузаронида шуда, нуқсонҳои ошкоргардида бартараф шуда истодаанд. То санаи 1-уми январи соли 2024 дар маҷмӯъ 14 808 м қубур васл карда шуда, аз он ҷумла: дар ноҳияи Фирдавсӣ қубурҳои гармидињӣ ба дарозии 8 023м, ноҳияи Сино 3 409м, ноҳияи И. Сомонӣ 2 996 м ва ноҳияи Шоњмансур 380 м.

– дар МБГ-2 Дар филиали МБГ-2 таъмири ҷории 4 адад деги буғӣ, 4 адад турбоагрегат, 8 адад трансформаторҳои қудратӣ ва 8 адад васлаки элегазӣ ба анҷом расонида шуд.

Вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» дар ҶСК «Барқи Тоҷик» фармони директори генералии Ҷамъият аз 7 апрели соли 2023, №35 ба тасвиб расидааст.

Бо мақсади омодагии иншоотҳои истеҳсолкунандаи барқу гармӣ барои фаъолияти самарабахш дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024, дар ҶСК “Барқи Тоҷик” иҷро намудани 59 номгӯи нақшаи чорабиниҳо ба нақша гирифта шуда, аз ин миқдор чорабиниҳо ба пуррагӣ иҷро шудаанд, ки дар умум иҷроиш 100%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи ҷадвали таъминоти ангишт аз санаи 1 апрел то 31 декабри соли 2023 871,5 ҳазор тонна ангишт ворид гардид. Захираи умумии ангишт ба ҳолати 1 январи соли 2024-юм 717,3 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.

Аз аввали сол то санаи 31-уми декабри соли 2023 мазути камсулфур дар ҳаҷми 28 670 тонна ворид гардидааст. Ба ҳолати 1-уми январи соли 2024 захираи умумии мазути камсулфур дар филиали «Маркази барқу гармидиҳии-1 ва дегхонаи «Ғарбӣ» 19 773 тоннаро ташкил медињад.

Мувофиқи нақшаи истеҳсол ва интиқоли энергияи барқу гармӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 филиали “Маркази барқу гармидињии-1” ва филиали “Маркази барқу гармидиҳии-2”, дегхонаҳои “Ғарбӣ” ва “Шарќӣ” тасмим гирифтаанд, ки бо неруи гармӣ 3200 иншооти шаҳри Душанберо таъмин намоянд. То санаи 1-уми январи соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба 3 175 бинову иншоотҳо гармӣ интиқол дода шудааст, ки ин 99%-и нақшаро ташкил медиҳад, аз он ҷумла: дар ноҳияи И.Сомони 566, ноҳияи Сино-1 445, ноҳияи Шоҳмансур 687 ва ноҳияҳои Фирдавсӣ 477 иншоот бо шабакаҳои гармидиҳӣ пайваст гардиданд.

Ҷиҳати пайваст намудани иншоотҳо ба шабакаҳои гармидиҳии Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, аз тарафи филиали «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1» аз аввали сол то санаи 1-уми январи соли 2024 дар маҷмуъ 84 адад шартҳои техникӣ, бо сарбории гармии 40,175 Гкал/соат барои пайвасти биноҳои навсози баландошёна пешниҳод гардидааст.

Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ноил гардидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, баланд намудани эътимоднокии фаъолияти иншоотҳои истеҳсолкунандаи барқу гармӣ, бо ҷалби сармояи шарикони рушд, айни замон як қатор лоиҳаҳо дар соҳаи электроэнергетика татбиқ гардида истодаанд.

1. Лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и «Норак»

Давраи марҳилаи якуми лоиҳа таҷдиди 3 адад гидроагрегат ва таҷҳизотҳои асосии неругоҳ, таҳвил ва насби 6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 500/220/10 кВ ва иҷрои корҳоро вобаста ба бехатарии садд дарбар мегирад.

Татбиқи лоиҳа санаи 2 июни соли 2017 оғоз гардида, анҷоми он санаи 31 декабри соли 2024 пешбинӣ шудааст. Аз оғози лоиҳа азхудкунии маблағҳо ба 162,2 млн. доллари ИМА баробар шудааст.

Корҳои барқарорсозии гидроагрегат санаи 11 июли соли 2023 ба анҷом расонида шуда, ба шабака пайваст карда шуд. Айни замон гидроагрегати мазкур бо иқтидори истеҳсолии 375 МВт неруи барқ истеҳсол намуда истодааст.

Таҳвили таҷҳизотҳои гидроагрегатҳои дуюм (энергоблок В) ва сеюм (энергоблок С) айни замон тибқи нақша идома дошта, то ба имрӯз 100%-и таҷҳизотҳои асосии гидроагрегати дуюм ва 95%-и таҷҳизотҳои асосии гидроагрегати сеюм ба неругоҳ ворид карда шудаанд.

Дар дигар қисматҳо корҳои таҷдиду барқарорсозӣ тибқи нақша идома дошта, як қисмати корҳо ба анҷом расонида шудаанд, аз ҷумла дастгоҳҳои устохонаи механикӣ, кранҳо (кранҳои борбардори соҳили рост ва чапи толори агрегатҳо, амбор, толори дарбанди курравӣ, бинои хунуккунии обӣ, бинои компрессерҳо, кранҳои бинои насосҳои обкашӣ ва ғайра), лифтҳои мусофирбари соҳили рост ва чап, лифти борбардор иваз карда шуда, пас аз санљиш ба истифода дода шудаанд.

Қубурҳои системаи реҷаи компрессори синхронии агрегатҳои 1-ум то 9-ум пурра таҷзия гардида, қубурҳои нав насбу васл гардида ба истифода дода шудаанд.

Корҳои насбу васли қубурҳо дар системаи нави оташнишонӣ ва истгоҳҳои оташнишонии №1, 2 ва №3 пурра ба анҷом расонида шуданд.

Дар комплекси зеризаминї корҳои насбу васли зеристгоҳҳои ҳалқаи дуюм (Н-24, Н-15, Н-17 ва Н-19) ба анҷом расонида шуда, барои истифодабарӣ омода мебошанд. Насбу васли системаи равшанидиҳӣ дар комплекси зеризаминӣ ва насбу васли таҷҳизотҳои шиддати 6 кВ оғоз гардида, дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Генератори гидроагрегати 4-ум (энергоблок В) ва таҷҳизотҳои ёрирасони он пурра таҷзия гардида, корҳои сохтмонӣ дар таҳкурсии генератор, дизел-генератор, дарбанди курравӣ ва сервомотор, шахтаи турбина, хоначаи морпеч, бинои идоракунӣ, таҳкурсии хомӯшкунакҳо, системаҳои оташхомӯшкунӣ ва ҳавотозакунӣ, системаи хунукнамоии обӣ ва системаи ҳавои фишурда ба анҷом расонида шуданд.

Ротори дарбанди курравии гидроагрегати 4-ум дар заводи истеҳсолкунанда истеҳсол гардида, пас аз гузаронидани санҷишҳои лозима ба неругоҳ таҳвил карда шуд.

Дар гидроагрегати 4-ум насбу васли статор ва ротори генератор ба анҷом расонида шуда, аз санҷиши шиддати баланд гузаронида шуданд. Статор ва ротори генератор, чархи корӣ, ротор ва сарпӯши турбина дар шахтаи генератор гузошта шуда, айни замон насбу васли системаи хунуккунии обӣ идома доранд. Корҳои кафшергарӣ ва рангуборкунӣ дар хоначаи морпеч ва қубурҳои макканда пурра ба анҷом расонида шуданд.

Иҷрои корҳои насбу васли баданаи дарбанди курравӣ дар майдончаи насб ба анҷом расонида шуда, аз санҷиш (3D-измерения) гузаронида шуд, айни замон дарбанди курравӣ барои насбу васл омода мебошад.

Корҳои насбу васли трансформатори баландкунандаи шиддат (15,75/500кВ) ва равғанпуркунии он, корҳои насбу васли тахтасимҳои асосӣ ва ёрирасони генератор то трансформатори мазкур, системаи оташхомӯшкунӣ ва корҳои барқарорсозӣ дар чоҳҳои зери трансформатори мазкур пурра ба анҷом расонида шуда, аз санҷишҳои лозима гузаронида шуданд.

Дар майдончаи пушидаи таъмирӣ корҳои насбу васли статори гидроагрегати 7-ум (энергоблок С) оғоз гардида, идома дорад. Корҳои таъмирӣ ва санҷишии чархи кории гидроагрегати мазкур пурра ба анҷом расонида шуд.

2. Лоиҳаи «Барқарорсозии неругоҳи барқи обии Сарбанд»

Татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии НБО-и Сарбанд бо иқтидори 240 МВт” 23 декабри соли 2013 оғоз гардида, анҷоми он санаи 13 феврали соли 2024 пешбинӣ шудааст. Аз оғози лоиҳа азхудкунии маблағҳо ба 130,3 млн. доллари ИМА баробар шудааст. Мутобиқи лоиҳаи «Барқарорсозии неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 МВт», гидроагрегатҳои №№1, 2, 3, 5, 6 НБО-и «Сарбанд», пурра таҷдид гардида, бо тавоноии лоиҳавӣ фаъолият доранд.

Инчунин, бинобар тамдид гардидани муҳлати татбиқи Лотҳои 1 ва 2А-и лоиҳа, барои пурра азхуд намудани маблағҳои боқимондаи грантӣ ҷиҳати иҷрои корҳои иловагӣ, ба Шартномаи мушовир тағйирот ворид карда шуда, муҳлати Шартнома то 5 январи соли 2024 тамдид карда шуд. Айни замон, гидроагрегатҳои №5, 2 ва 1-и неругоҳ аз тарафи Фармоишгар мавриди истифодабарӣ қарор доранд. Ҷиҳати иҷро намудани талаботҳои шартнома вобаста ба кафолатҳои функсионалии гидроагрегатҳо, санҷиши фоиданокии гидроагрегати №1, муоинаи кафолатии гидроагрегатҳои №5, 6, 2 ва тафтиши кавитатсионии гидроагрегати №2 гузаронида шуданд.

Дар доираи корҳои иловагӣ (Тағйироти №4) мустаҳкамкунии соҳили рости канал ба анҷом расонида шуд. Ҷиҳати барқарорсозии низоми муҳофизии зиддисухтории трансформатори генератории №1 ва системаи баробаркунии фишори об дар обпартоҳои иловагӣ корҳои лоиҳакашӣ ба анҷом расонида шуда, мавод ва таҷҳизотҳои зарурӣ дастрас карда шуданд.

Дар санаи 21-ум ва 22-юми ноябри соли 2023 Комиссияи корӣ барои қабули корҳои иҷрогардида дар доираи Лоти 1 гузаронида шуд.

3. Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум».

Татбиқи лоиҳаи мазкур санаи 25 июли соли 2014 оғоз гардида, анҷоми он санаи 7 июли соли 2024 пешбинӣ шудааст. Аз оғози лоиҳа азхудкунии маблағҳо ба 111,3 млн. доллари ИМА баробар шудааст.

Бо назардошти нақшаи пешбинигардида ва хусусиятҳои хоси неругоҳ корҳо аз ДТК-110/220кВ, таҷҳизотҳои ёрирасон, кранҳо ва панҷараҳои хасрӯббардорӣ оғоз карда шуда, то ба имрӯз ба пуррагӣ иҷро карда шудаанд.

Ширкати пудратӣ раванди лоиҳакашии дақиқ ва истеҳсоли турбинаҳо, генераторҳо, трансформаторҳои қудратӣ, системаи ёрирасон, ғалақаи обгузари асосии турбинаҳо, қисмати сохтмонии лоиҳа ва ғайраро дар мувофиқа бо Фармоишгар барои гидроагрегатҳои 4, 5 ва 6-ум ба анҷом расонида, барои боқимонда гидроагрегатҳо (гидроагрегатҳои 1, 2 ва 3-ум) корҳоро дар самти мазкур идома дода истодааст.

Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати таъмини фаъолияти самарабахши иншоотҳои истеҳсоли неруи барқу гармӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” дар соли 2024 корҳоро дар самти амалисозии чорабиниҳои зерин пурзӯр менамояд:

– истифодаи самаранок ва сарфакоронаи захираҳои обию энергетикӣ;

– таъмини боэътимоди фаъолияти неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидињӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025;

– назорати иҷрои босифати корҳо аз рафти амалишавии лоиҳаҳои “Барқарорсозии НБО-и Норак”, “Таҷдиди НБО-и Сарбанд” ва “Таҷдиди НБО-и Қайроққум”.

____________________________________________________________

Ношир ҶСК “Барқи Тоҷик”. Адади нашр 100 дона.


Бозгашт ба рӯйхат