Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

18.04.2024

Вохӯрии судманд

16 апрели соли равон дар толори маҶлисгоҳи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Барқи Тоҷик” мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва Ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Абдуалим Норасов, раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Зоҳир Ҳабибзода ва раиси Кумитаи Ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон Назарзода Аслиддин Гулмурод бо кормандону Ҷавонони ҶСК «Барқи Тоҷик», ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ», ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ», марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ғайра вохӯрӣ доир гардид.

Мақсад аз баргузории чунин як вохӯрии судманд вобаста ба “Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар” буд, ки дар он меҳмонон дар мавзуи аз таълиму тарбия ва ахлоқи ҳамида дур мондани ҷавонони кишвар, ба доми фиреб афтодан ва гаравидани онҳо бар созмону равияҳои экстремистиву террористӣ суханронӣ намуданд. Ҳамчунин, як зумра ҷавонону кормандони ҷамъиятҳои болозикр бо меҳмонон саволу ҷавоб ва баҳсу андешаронӣ карданд.

Дар охири чорабинӣ, барои ҳамкорӣ ва фаъолияти назаррас ба меҳмонон аз ҷониби Кумитаи Ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетикаи Тоҷикистон Сипоснома тақдим гардид.


Бозгашт ба рӯйхат