Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

18.04.2024

ТАВАҶҶУҲ!!!

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №234 ниҳоди энергетикии кишвар ба се корхонаи мустақил ҷудо карда шудааст:

1. ҶСК «Барқи Тоҷик» (танҳо истеҳсоли барқу гармӣ);

2. ҶСК «Шабакаҳои интиқоли барқ» (Интиқоли барқ тавассути хатҳои интиқоли барқи баландшиддат);

3. ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» (фурӯш ва ҷамъоварии маблағи неруи барқ аз муштариён, аз ҷумла аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ, ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайра).

САМТИ ФАЪОЛИЯТИ ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК»

ҶСК “Барқи Тоҷик” истеҳсоли неруи барқ ва гармиро дар неругоҳҳои барқи обӣ ва марказҳои барқу гармидиҳӣ амалӣ менамояд ва барқи истеҳсолшударо ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” интиқол медиҳад.

БА СОХТОРИ ҶСК «БАРҚИ ТОҶИК» ФИЛИАЛҲОИ ЗЕРИН ДОХИЛ МЕШАВАНД:

- филиали "Неругоҳи Норак"

- филиали "Неругоҳи Бойғозӣ";

- филиали "Силсилаи неругоҳҳои Варзоб";

- филиали "Силсилаи неругоҳҳои Вахш";

- филиали "Неругоҳи Қайроққум";

- филиали "Маркази барқу гармидиҳии 1";

- филиали "Маркази барқу гармидиҳии 2";

- филиали "Маркази барқу гармидиҳии Ёвон";

- филиали "Тоҷикэнерготаъминот";

- филиали "Базаи нақлиётӣ ва таъминоти ангишт".

Эзоҳ: Интиқол, тақсимот ва пардохти маблағи барқ (хомӯш ва фаъол намудани неруи барқ низ) ба зиммаи ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» вогузор карда шуда, ба фаъолияти ҶСК «Барқи Тоҷик» вобастагӣ надорад.


Бозгашт ба рӯйхат