Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

жалоб на контролера Пиров Парвиз

Дата: 17.01.2016

Аввало салом ба кормандони барк. Мехостам аз болои назоратчии барки н.Фирдавси Пиров Парвиз ба шумо шикоят намоям. Назоратчихои пештарае, ки дар махаллаи мо буданд ягон маротиба хатоги ё камбудие накардаанд. Аз рузе, ки Пиров Парвиз назоратчии мо шуд ё квитанцияи хамсояро ба дигар хамсоя медихад ё квитансия надода омада бе асос баркро хомуш карда меравад ва диг. Хозир ки фасли зимистон асту хонаи мо ки хонаи бетони буда дар як лахзаи хомуш шудани барк тез хунук мешавад, омада кувваи баркро аз хисобкунак хомуш карда меравад. Дар холате ки ман хамавакт маблаги кувваи баркро пешпардохт мекунам у бохабар аст, аммо квитансияро пешниход накарда кувваи баркро боз хомуш мекунад.

Илтимоси бисёр дорам ки нисбати инхел назоратчиёни бемасъулияту бепарво, ки фикрашон дар ким кучову бе пешниходи квитансия омада бе огохи кувваи баркро худсарона хомуш мекунанд чорахо андешед.

Бобоходжиева Наргис

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 05.02.2016
Ответ кому направляется: Бобоходжиевой Наргис

ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» ба маълумоти Шумо мерасонад, ки муроҷиати Шуморо, ки таҳти № 13 аз 17.01.2016 сол ба қайд гирифта шудааст аз тарафи сарнозири зеристгоҳи “Фирдавси” Умаров У. дар ҷояш санҷид. Дар ин асос санади муоинавӣ аз 4.02.2016 сол тартиб дода шудааст. Назоратчии барқи Шабакаҳои барқии ноҳияи Фирдавсӣ Пиров Парвиз бошад айни замон аз кор озод карда шудааст.


Адресат ответчика: ҶСК "Шабакаҳои барқии ш. Душанбе"
Должность ответчика: Директор
Инициалы ответчика: Наимов М. Т.

Возврат к списку