Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Иваз кардани ҷои хисобкунаки барки

Дата: 17.02.2016

Саломи худро ба кулли кормандони БАРКИ ТОЧИК мерасонам. Аз шумо эхтиромона хохиш менамоям ки Хисобкунаки баркии хонаи манро аз санчиш гузаронед. Сабаб чунин хохиш кардам дар он аст ки Хисобкунак х,ар руз аз 27 то 40 квт/с кор мекард аммо рузи тафтиши Назоратчихо 16 квт/с кор кард. Хохиш менамом Хисобкунаки баркиро дар назди дари хонаам насб кунед ё ичозат дихед худам насб кунам. Сабаби чунин хохишам дар он аст ки боре хамсоям аз хисобкунаки баркии ман 2 мох истифода бурд. Дастгир кардем, рафт пули кувваи баркро супорид. Дируз низ чунин вокеа руй дод аммо бо хамсояи дигарам. Хохиш мекунам барои чунин амалхои гайриконуни накардани шахрвандон ичозат дихед хисобкунакро дар назди Дари хонаамон насб кунем. Дар панохи Худо бошед.

Шахбози Мухаббатшох

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 24.02.2016
Ответ кому направляется: Шахбози Мухаббатшох

ШСХК “Барқи Тоҷик” муроҷиати Шуморо мавриди баррасӣ қарор дода намояндагони худро барои дида баромадани ҳолати кори воситаҳои баҳисобгирии энергияи барқи суроғаи Н. Ганҷавӣ 464/1 равон намуданд. Ба ШБ н. Сино-1 супориш дода шуд, ки барои минбаъд такрор нагаштани ҳолатҳои дар муроҷиати Шумо дарҷ гашта қуттие, ки дар он маҷмӯи ҳисобкунакҳои барқӣ ҷойгир мебошанд бо қулфу калид маҳкам намоянд то дастнорас гардад.

Барои боварӣ ҳосил намудан оиди дурустии кори ҳисобкунаки барқиятон метавонед дар назди дари хонаатон ҳисобкунаки барқии назоратӣ насб намоед.

Адресат ответчика: Шабакаҳои барқии ш. Душанбе
Должность ответчика: Директор
Инициалы ответчика: Наимов М. Т.

Возврат к списку