Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Оиди хисобкунакхо

Дата: 10.04.2017

Ассалому алайкум , мухатарам кормандони Барки Точик! Аз шумо эхтиромона хохиш менамоям ки, ба суоли зерини ман посух дихед:
1. Холо дар кишлокхои нохияи Турсунзода хисобкунакхои нав шинонда истодаанд. Дар дехоти Карони ва Хонакои чамоати Навобод кормандони корхони барки махалли дар хонахо мачбуран хисобкунакхои кухнаи советиро ба хисобкунакхои муосир иваз карда истодаанд. Аммо нархи тачхизот номаълум аст – аз хар хонадон маблагро хар хел чинда истодаанд – аз як кас 120 с, аз дигараш 250 с. Ва ягон хуччат пешниход намекунанд. Да 2 дехот кариб 100 хисобкунаки нав шинонданд, бархе аз онхо корношоям буда, ба норозигии мардум сабаб шуда истодаанд. Мархамат карда бигуед, ки нархи хисобкунак чанд сомони аст ва ба сохиби хона квитанция, акт ё дигар хуччатхо пешниход карда мешаванд ё не?
2. Дар рузхои наздик як гурух кормандони барки махалли дар дехаи Хонако хисобкунакхо шинонданд. Ва ваъда доданд, ки хуччатхояшро баъдан оварда медихем. Номи яке ин мутахассисон Кадриддин буда, баъдан ба мурочиати сохиби хона дар бораи хуччатхо, «Ман туро намешиносам» гуфта чавоб додааст. Умуман, мавзуи одоби контролерхоро маъмурияти «Барки Точик» дида мебаромад, хуб мешуд.
Ба шумо ташаккур мегуям ва умед мекунам, ки ба саволхои ман албатт чавоб медихед. 

Караев Сайфиддин

Статус обращения: Ответ дан

Дата ответа: 10.05.2017
Ответ кому направляется: Караеву Сайфиддину

Мӯҳтарам Қараев Сайфиддин мактуби Шумо аз тарафи роҳбарияти Шабакаҳои барқии ш. Турсунзода мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар натиҷа ҳолатҳои дар мактуб дарҷгардида, тасдиқ шуданд. Аз тарафи ҳуқуқшиносони шуъбаи ҳуқуқи Шабакаҳои барқии ш. Турсунзода фаъолияти кории Хоҷаев Қадриддин дар санҷиш мебошад.

Шуморо бовар мекунонем, ки солҳои охир роҳбарияти ШСХК «Барқи Тоҷик» пайваста кушиш ба харҷ медиҳад, то кормандони бевиҷдон ва дасту дили тоза надоштаро аз сохторҳояш хориҷ намояд.

Нисбати Хоҷаев Қадриддин дар асоси талаботҳои санаду меъёрҳои амалкунанда чораҳои лозима андешида мешавад.

Оиди ҳисобкунак ба Шумо гуфтанием, ки ҳисобкунакҳои барқии электронӣ аз тарафи бозоргонон ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд ва нархро худашон мегузоранд. Айни ҳол нархи он тақрибан 220 сомониро ташкил медиҳад.

Оиди истифодабарии энергияи барқ ва қоидаҳои амалкунандаи соҳаи барқ метавонед бо телефони 295-244 ба менеҷери тиҷоратии Департаменти «Шабакаҳои тақсимоти барқ» Мирҷонов Қурбон муроҷиат намоед.


Менеҷери тиҷоратии Департаменти

«Шабакаҳои тақсимоти барқ»                                              Мирҷонов Қ.                              


Адресат ответчика: ШСХК «Барқи Тоҷик»
Должность ответчика: Менеҷери тиҷоратии Департаменти «Шабакаҳои тақсимоти барқ»
Инициалы ответчика: Мирҷонов Қ.

Возврат к списку