Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Махдудияти барк

Дата: 16.10.2021

Муҳтарам роҳбарияти "Барқи Точик" тавре Шумо медонед, барқро дар шаҳру ноҳияхои кишвар дар як руз якчанд маротиба кутохмудат ва доимо аз соати 23-00-и шаб то 6-00-и субх хомуш мекунанд. Бо суханҳое, ки "ҳоло корҳои таъмирии накшавӣ рафта истодааст" гуфта, ин масъулият аз гардани Шумо соқит намегардад. Аввалан Шумо пеш аз хомуш кардани барқ чунин накшаи таъмириро бо давомнокии он ба халқ- мизочонатон ухдадоред, ки пешниход кунед, чаро ин корро намекунед? Дувум ин ки, бо ин гуна амалхои нодурандешонаатон нобоврии халкро нисбати чунин сиёсати барқии кишвар ба миён меоред, зеро ман худам ва дар баробари ман чандин оилаҳое мавчуд мебошанд, ки соҳиби фарзанди хурдсол мебошанд ва бо ин гуна махдудиятҳои барк кудакон бемор гардиданд, магар Шумо метавонед, ки масъулияти табобат ва чуброни аз ин кирдори ғайриқонунии хомушкунии барқ ба амал омадаро пардохт намоед?. Севум, ин ки бо ин хомушкунии барқ ва ҷори кардани маҳдудияти барқ Шумо бар зидди сиёсати Асосгузори сулху вахдати миллӣ -Пешвои миллат мухтарам Эмомалӣ Рахмон амал намуда истодаед, магар аз ухдаи таъмини барк баромада наметавонед, чаро вазифаеро ишғол доред, ки мақсадаш таъмини бемамонияти барқ ба аҳоли аст? Дар кишвари Ҷопон аз рохбари қаторӣ то Сарвазири онҳо дар сурати аз уҳдаи кор ва ваъдаи додааш набаромадан ба истеъфо мераванд, магар барои ғайриқонуни хомуш намудани барқ ва ё огоҳ накардани аҳолӣ барои корҳои таъмирӣ ва давомнокии таъмир аз зерсохторҳоятон то ба дастгоҳи марказӣ ягон шахс барои чунин кирдорҳо бо хохиши худ аз кор равтааст, ё хадди ақал барои тоза намудани чунин шахсони бемасъулият рохбарияти "Барки Точик" ягон чора андешидааст?.

Собир

Статус обращения: На рассмотрении

:

Возврат к списку