Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Вайроншавии хисобкунаки барқи

Дата: 18.02.2021

Ассалому алейкум коргарони барки точик ба ман маьлумати мухтасар медодед.
Хисобкунаки барки тули 3мох пули кам кор мекард( 6- 7сомон) пеш 70-90 сомон коргарони барк вайрон шудаги гуфта онро ба баркароркуни бурданд. Ва овардем аз нав шинондем Амма баьди 1мох ба мо 110сомон 1 мохина ва зиеда 800 сомон карзи пештара мегуянд . Хамин масьаларо аз чихати қонуни мефаҳмондед .
800 сомон ҷарима не балки хамчун хисобкунак хамин қадар суммаро нишон медиҳад.

Султон Неъматов

Статус запроса: Ответ дан

Дата ответа: 06.04.2021
Ответ кому направляется: Султону Неъматову

Мӯҳтарам Султон Неъматов.

Маъзарат мехоҳем, ки ба муроҷиати Шумо вобаста ба корношоям шудани ҳисобкунаки барқии Шумо ва дуруст будани маблағи ҷарима дер посух додем. Ҳамзамон ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонем,ки дар ҳолати бо сабабҳои техникӣ корношоям шудани ҳисобкунаки барқӣ яъне бе дахолати муштарӣ санади бекоркунии хисобкунаки барқӣ тартиб дода шуда дар мӯҳлати бе ҳисобкунак истифода бурдани барқ аз рӯи ҳисоби миёнаи моҳи қаблӣ маблағи барқ ҳисобӣ мешавад.

Дар ҳолати тибқи ташхиси озмоишгоҳ муайян шудани кам ҳисоб намудани масрафи барқ масрафи ҳисобнашуда аз нав ҳисоббаробаркунӣ карда мешавад.

Ҳисобкунаки барқӣ ба таври ройгон аз ташхиси озмоишгоҳ гузаронида шуда, аз тарафи назоратчии барқ аз нав насб ва тамғагузорӣ карда мешавад. Дар ҳолати аз тарафи назоратчии барқ нодуруст рафтор намудан хоҳиш меномоям ба телефони 900090771 занг занед.

Бори дигар маъзарат мехоҳам. 


Адресат ответчика: ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ»
Должность ответчика: Сардори ШС ва ТҚ
Инициалы ответчика: Маликов И.

Возврат к списку