Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Амалиёти хайрия

         Аз 3 ноябрисоли 2001 ШДХК «Барқи Тоҷик»  ба ШСХК «Барқи Тоҷик»  табдил дода шуд. Дар Дастгоҳи маказии ШСХК «Барқи Тоҷик»  комиссияи масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ амал менамояд. Бо қарори комиссияи мазкур ҳамасола ҳангоми ба рухсатии меҳнатӣ баромадани кормандон ба онҳо дар ҳаҷми як маоши моҳона кӯмакпулӣ барои муолиҷа ҷудо карда мешавад.

       Ҳангоми фавтидани кормандон, ва ё нафақагирони соҳа бо қарори ин комиссия 3000 сомонӣ барои дафн кӯмакпулӣ дода мешавад.

         Ҳангоми тавлиди  фарзанд ба кормандон дар ҳаҷми ду маоши минималӣ ва ҳангоми тӯйи арӯсиву домодиашон аз 300 то 500 сомонӣ кӯмакпулӣ дода мешавад.