Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Ваколатҳо, вазифаҳо ва функсияҳо

Ширкати саҳҳомии кушодаи холдингии «Барқи Тоҷик» - ширкати энергетикии миллии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

 То 27 августи соли 1991 санадҳои Ширкат дар доираи ҳуқуқи Ҷумҳуриҳои Иттифоқии Советӣ Сотсиалистӣ ( СССР) қарор дошт. Дар моҳи августи соли 1991 онҳо ба доираи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуданд. Ширкат ва ҳама активҳои он моликияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Мақсади асосии ШСХК «Барқи Тоҷик» истеҳсол, ҳамлу нақл, интиқол,тақсимот ва фурӯши энергияи барқ ва гармӣ мебошад, ки дар бозори маҳаллии Тоҷикистон афзалияти калон дорад. Ширкат ба масъалаи баҳрабардории нерӯгоҳҳо ва шабакаҳо барқии ҷумҳурӣ, тавлид, интиқол, тақсимот ва фурӯши энергияи барқ ва гармӣ дар кишвар машғул аст.

ШСХК «Барқи Тоҷик» дорандаи пакети саҳмияҳои супоридаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар соҳаи электроэнергетика амал мекунад, инчунин ҳуқуқи соҳибӣ, истифодабарӣ, идоракунии молу мулки муассиса ва корхонаҳоро ба дӯш дорад.

Дар тобеияти ШСХК «Барқи Тоҷик» 26 корхона фаъолият намуда, зиёда аз 12 ҳазор коргар фаъолият мекунанд.

Дар панҷ нерӯгоҳи барқӣ ва се маркази гармидиҳии ШСХК «Барқи Тоҷик» 44 турбина таҷҳизонида шудааст. Ширкат инчунин дорои зиёда аз 60000 км (с.2014 — 60 166 км) хатҳои интиқоли барқ мебошад, ки иқтидори тақсимотии энергияи барқаш аз 0.4 киловолт то 500 киловолт буда иқтидори умумии ҳосилшавии энергияи барқаш 3498 МВт мебошад.

 Тавлиди энергияи барқ дар соли 2007- 17340,34 млн. кВт.с., соли 2008 г. — 14808,52 млн. кВт.с.,  соли 2009 – 15910,448 млн.кВт.с., соли 2010 – 16246,123 млн.кВт.с., соли 2011 – 16061,871 млн.кВт.с., соли 2012 – 16790,294 млн.кВт.с., соли 2013 – 16926,975 млн.кВт.с., соли 2014 – 16260,07 млн.кВт.с.  мебошад, энергияи гармӣ дар соли 2007 — 771,07 ҳазор Гкал, соли 2008 - 492,430 ҳазор Гкал, соли 2009 – 245,661 ҳазор Гкал, соли 2010 – 58,713 ҳазор Гкал, соли 2011 – 97,040 ҳазор Гкал, соли 2012 – 116,099 ҳазор Гкал, соли 2013 – 127,859 ҳазор Гкал, соли 2014 – 100,363 ҳазор Гкал мебошад.

Дар ҳайати ШСХК «Барқи Тоҷик» чунин корхонаҳо шомил ҳастанд: Дастгоҳи марказии ШСХК «Барқи Тоҷик», филиали НБО-и Норак, филиали НБО-и Бойғозӣ, филиали силсилаи нерӯгоҳҳои Вахш, филиали силсилаи нерӯгоҳҳои Варзоб, филиали НБО-и Қайроқум, ҶСК «ШБ Ёвон», филиали ШБМ ш. Душанбе, филиали ШБ шаҳри Чкалов, ҶСК «ШБ шаҳри Душанбе», филиали ШБ Хуҷанд, ҶСК «ШБ Кӯлоб», ҶСК «ШБ шаҳри Кӯлоб», филиали ШБ Курғонтеппа, филиали Қайроққум ШБ Суғд, ҶСК «ШБ шаҳри Панҷакент», филиали ШБ Рашт, ҶСК «ШБ Ҷанубӣ», ҶСК «ШБ Турсунзода», ҶСК «ШБ Истаравшан», ҶСК«ШБ Данғара», корхонаи фаръии таъминоти моддию техникии (КФТМТ) «Тоҷикэнергоснаб», ҶСК «МБГ-и ш.Душанбе», ҶСК «МБГ-и Ёвон», 16 адад НХБО, ҶСК «Заводи таъмирию механикӣ»-и шаҳри Ваҳдат, намояндагии ШСХК «Барқи Тоҷик» дар Федератсияи Руссия, боғчаи бачагонаи № 133, боғчаи бачагонаи № 22.

Дар соҳаи сохтмон ва лоиҳакашӣ, таҳвили таҷҳизот ва маводҳо ширкат муносибатҳои ҳамкориро бо 12 кишвар пуштибонӣ мекунад. Ширкат инчунин бо кишварҳои ҳамсоя муносибатҳои тиҷоратии энергияи барқро ба роҳ мондааст.

Ҷиҳати содирту воридоти энергияи барқ  ширкат бо давлатҳои ҳамсоя Кирғизистон, ва Афғонистон муносибати тиҷоратӣ дорад.

 

Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» - Асозода Махмадумар Шамсулло   

 

Таърихи ивазкунӣ: 30.03.2023 11:40