Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хадамоти рушду ояндабини

I. Муқаррароти умумӣ.

1. Хадамоти рушди ояндабинӣ сохтори тобеи ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошад.

2. Хадамоти рушди ояндабинӣ иҷрои корҳои зеринро таъмин менамояд:

- Таҳия ва таҷлили нақшаи рушди шабакаҳои барқии 35 кВ ва аз он боло дар системаи энергетикӣ;

- Таҷлил ва омода намудани шартҳои техникӣ барои пайваст намудани бори барқии истифодабарандагони нерўи барқ ба системаи энергетикӣ.

3. Хадамоти рушди ояндабинӣ фаъолияти худро аз рўи «Нақшаи корӣ» ва зери сарпарастии Муовини аввали Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» амалӣ менамояд.

II.Вазифаҳои асосии Хадамоти рушди ояндабинӣ.

1. Таҳия намудани Нақшаи рушди шабакаҳои барқии системаи энергетикӣ барои ояндаи наздик (ҳарсола) ва ояндаи дур барои 5-10 сол;

2. Тайёр намудани маводу маълумотҳои вобаста ба таҳияи нақшаи рушди системаи энергетикии ҷумҳурӣ, вилоятҳо ва шаҳрҳо доир ба масъалаи таъминоти барқ ва гармӣ;

3. Таҳлили ҳолати воқеии шабакаҳои барқӣ дар давраи ояндабинӣ бо ҷалби ташкилотҳои салоҳиятдори лоиҳакашӣ. Омода сохтани пешниҳод доир ба нақшаи рушди таъминоти барқӣ вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо.

4. Таҳлил намудан ва тартиб додани тавзуни дурнамои борнокии шабакаҳои барқӣ ва имкониятҳои таъминоти барқи он, бо омада намудани пешниҳодот вобаста ба бунёди сарчашмаи ҷуброни норасоии қувваи барқ ва бартараф намудани мушкилотҳо;

5. Омода намудани пешниҳод дар масъалаи бунёди сарчашмаҳои ҷуброни гармии шаҳрҳо.

6. Ҳамкорӣ бо шуъбаю хадамотҳои ширкат ва дигар ташкилотҳои лоиҳакашӣ бо мақсади ноил шудан ба дастовардҳои нави энергетикӣ ва таҳияи нақшаи пешбурди таъминоти барқ ва гармии ҷумҳурӣ;

7. Иштирок ва ҳамкорӣ дар чорабиниҳои илмию тадқиқотӣ ва ташкилотҳои салоҳиятдори лоиҳабардорӣ барои таҳияи барномаҳои кам намудани талафоти нерӯ, коҳиш додани норасоии барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва рушди системаи энергетикӣ;

8. Таҳлили шабакаҳои барқӣ барои муайян намудани нуқтаҳои нӯқсондор ва омода намудани пешниҳод баҳри бартараф намудани он, яъне баланд бардоштани иқтидори трансформаторҳо, иваз намудани таҷҳизотҳо, дастгоҳҳои фарсуда ва сохтмони иншоотҳои нави энергетикӣ;

9. Таҳлили ҳолати воқеии дастгоҳҳо ва таҷҳизотҳои барқӣ, пешниҳод намудани ҳаҷми корҳои иловагӣ вобаста ба талаботи пайвастшавии иқтидорҳои нав ва ё иловагӣ ба шабакаҳои барқӣ;

10.Иштирок дар баҳодиҳии сохтмони иншоотҳои энергетикӣ, ҷиҳати баланд бардоштани эътимоднокии барқтаъминкунии истеъмолкунандагони ҷумҳурӣ ва баён доштани усулҳои камхарҷии амалисозии он;

11. Омода намудани супоришҳои техникӣ барои таҳияи лоиҳаҳои энергетикӣ ва таҳияи маълумотҳои техникӣ барои фармоиши дастгоҳу таҷҳизотҳои барқи аз корхонаҳои истеҳсолӣ;

12. Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои барқтаъминкунии шаҳрию минтақавӣ барои асоснок омода намудани нақшаи рушди шабакаҳои барқӣ;

13.Назорат ва таъмини иҷрои қарор, фармон ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва инчунин иҷрои саривақтӣ ва босифати ҳаҷми корҳои вобасташуда аз тарафи роҳбарияти Ширкат.