Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Шуъбаи баҳисобгирӣ ва фурӯши барқ

Шуъбаи баҳисобгирӣ ва фурӯши барқ; роҳбарии методикии зерсохторҳои ширкати «Барқи Тоҷик» - Шабакаҳои барқиро дар минтақаю шаҳрҳо оид ба масъалаҳои баҳисобгирӣ ва фурӯши нерӯи барқ, ба амал баровардани сиёсати ягона дар масъалаи фурӯши барқро ба уҳда дорад.

Шуъбаи баҳисобгирӣ ва фурӯши барқ; вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

1. Омода намудани маълумотҳои селектории ҳарҳафтаина оид ба баҳисобгирӣ ва фурӯши барк, дар асоси маълумотҳои пешниҳодшуда аз тарафи Шабакаҳои барқӣ.

2. Баҳисобгирии ҳармоҳаи нерӯи барқи истеҳсолшуда аз рӯи нишондодҳои асбобҳои баҳисобгирӣ, тибқи маълумотномаи пешниҳод намудаи неругоҳҳои барқӣ.

3. Аз Шабакаҳои барқӣ ҷамъ намудани маълумотҳои ҳармоҳаи нерӯи барқи қабулшуда ва ба истифодабарандагон интиқолдодашуда ва омода намудани маълумотҳои ҷамъбастӣ.

4. Баҳисобгирии ҳармоҳаи истифодаи нерӯи барқи КВД «Ширкати алюминии Тоҷик».

5. Тақсимоти солонаи нерӯи барқи фоиданок ба гурӯҳҳои истеъмолкунандагон мутобиқи шакли 23-Н «Тавозуни тақсимоти нерӯи барқи фоиданок ба гуруҳҳои истеъмолкунандагон».

6. Дастурамалдиҳӣ ба шуъбаҳои фурӯши барқ оид ба масъалаҳои баҳисобгирӣ ва фурӯши барқ.

7. Омода намудани маълумотҳо оиди нерӯи барқи истеҳсолшуда ва интиқолшуда барои сохторҳои дохилии ШСХК «Барқи Тоҷик».