Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Шуъбаи кадрҳо

Вазифаи асосии Шуъбаи кадрҳо мусоидат ба ташкили фаъолияти самаранок, таъмини кафолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ ба роҳмонии болоравии касбӣ ва таъмини иҷтимоӣ ва ҳуқуқии ҳар як корманди Ширкат мебошад.

Дуруст истифода намудани маҳорати касбии кадрии (ҳайати) Ширкат бо назардошти дурнамои инкишофи он;

Интихоб ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисос, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандони Ширкат ;

Вазифаҳо

Шӯъбаи кадрҳо барои таъмини иҷрои вазифаҳои зерин ваколатдор мебошад:

- таъмини гардиши ҳуҷҷатҳои воридотӣ ва содироти кадрӣ ;

- таҳияи ҳуҷҷатҳо оид ба таъин ва озод намудани кормандони дастгоҳи марказии Ширкат ва роҳбарони ташкилотҳои зертобеъ, ки номенклатураи Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошанд, пешбурди нигоҳдории делоҳои шахсӣ ва дафтарчаҳои меҳнатии кормандон;

- ҷадвали рухсатиҳои меҳнатӣ, ба расмият даровардани сафарҳои хизматӣ ва иштирок дар таҳияи басти корӣ;

- бақайдгирии варақаҳои корношоямии хизматчиёни двалатӣ ва ҳайати хизматрасонии дастгоҳи марказии ШСХК «Барқи Тоҷик» ;

- назорати риояи тартибу интизоми меҳнат;

- омода намудани маводи зарурӣ барои таъмини фаъолияти комиссияҳои аттестатсионӣ ва озмунӣ;

- доир намудани аттестасияи кормандони дастгоҳи марказӣ ва оҳбарони ташктлотҳои зертобеъ , ки номенклатураи Раис мебошанд, таҳлили натиҷаҳои таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҷойивазкунии (ротатсияи) самаранок дар мансабҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ;

- гузаронидани мониторинги ҳолати кадрҳои Ширкат ва банақшагирии талабот ба кадрҳо, пешбарии истифодаи технологияҳои муосир ва манбаъҳои таълиму тарбияи кадрҳо дар муассисаҳои таълимии дохили ва берун аз он;

- қабул , тақсимот ва ҷобаҷогузории мутахассисони ҷавон ва коргарони ҷавонро мутобиқи ихтисоси дар муассисаи таълими гирифтаашон таъмин намуда, дар якҷояги бо роҳбарони корхонаҳои зертобеъ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил намудани гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва корҳои тарбиявии онҳо;

- мунтазам омӯхтани хислатҳои корӣ ва дигар хислатҳои шахсии мутахассисони Ширкат бо мақсади интихоби кадрҳо барои ишғоли вазифаҳое, ки номенклатураи роҳбари Ширкат мебошанд;

- ташкили захираи кадрҳо ва кор бо онҳо;

- таъмини кардани омода ва саривақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ ва фаврӣ оиди баҳисобгирӣ ва тайёркунии кадрҳо ва инчунин ҳуҷҷатҳои ҳисобию кадрии зарурӣ ва маълумотҳо оиди кор ба кадрҳо;

- мутобиқи тартиби муайяннамуда таҳияи мавод барои мукофотонӣ, сазовор намудани бо унвонҳои фахрӣ, муайян намудани нафақаи шахсӣ;

- риоя намудани қабули ба кор, бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатии қабул ба кор;

- гузаронидани санҷиши маълумоти пешниҳоднамудани шаҳрвандон ҳангоми таъин намудани ба кор;

- гузаронидани таҳлили мансабҳои холӣ дар Ширкат;

- таҳияи пешниҳодҳо оид ба ҳифзи иҷтимоӣ, моддӣ ва ҳуқуқии кормандони Ширкат дар мавридҳои ихтисоршавӣ, тағийроти ташкили, штатӣ ва сохторӣ;

- баҳисобгирии ҳайати шахсӣ ва пешниҳоди ҳисобот, пешбурди махзани иттилоотӣ оид ба захираҳои кадрҳо ва ҷорӣ намудани шаклҳои муосири идоракунӣ;

- андешидани чораҳо барои таъмини саривақтии омода намудан ва супоридани ҳуҷҷатҳо ба бойгонӣ;

- таъмин намудани кормандони дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои зертобеъ, ки номенклатураи Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» мебошанд бо шаҳодатномаи хизматӣ;

- иҷрои дигар ӯҳдадориҳо, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар карда шудаанд.