НБО-и Норак ба номи Г. Улҷабоев
НБО-и Норак ба номи Г. Улҷабоев
НБО-и Норак –дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони он соли 1961 оғоз гардида, соли 1972 агрегати якум ва гидроагрегати охирин соли 1979 ба фаъолият сар карданд.
Дар нерўгоҳ 9 гидроагрегат бо иқтидори 300 ҳазор кВт насб гардидаанд.
Обанбори Норак дорои чунин параметрҳо мебошад:
- дарозии обанбор дар сатҳи максималӣ – 70 км;
- чуқурии миёна – 107 м;
- бар – 5 км;
- намўи майдон дар сатҳи максималӣ – 98 км2 ;
- намўи майдон дар сатҳи минималӣ – 70 км2 ;
- ҳаҷми умумии лоиҳавӣ – 10,5 км3 ;
- ҳаҷми пурра (аз рўи навори с. 1994) – 7,965км3 ;
- ҳаҷми лоиҳавии судманд – 4,5 км3;
- ҳаҷми фоидаовар (аз рўи навори с. 1994 – 3,2 км3)
- баландии призмаи коркард – 53 м;
- ҳаҷми максималии об (сатҳи мўътадили танбавӣ) – 910м;
- сатҳи минималии об (сатҳи ҳаҷми карахт) – 857 м;
Барои модернизатсияи гидротурбинаи НБО-и Норак лоиҳаи Ширкати Украина ҶММ «Харковтурбоинжиниринг» таҳия гардидааст. Ду комплекти таҷҳизоти трубина дар заводи НПО ба номи М.В.Фрунзеи шаҳри Суми (Украина) тайёр шудаанд.
Соли 2009 корҳо ҷиҳати модернизатсияи гидроагрегати №3 ба анҷом расидаанд.
То модернизатсия гидроагрегат аз 180 мВт зиёдро мебардошт, баъди модернизатсия гидротрубина иқтидори 350 мВт-ро дорад, вале бо сабаби маҳдудияти гидрогенератор, гидроагрегат иқтидори бардошти 330 мВт-ро дорад.
Васлу насби комплекти дуюми таҷҳизоти гидротрубина дар гидроагрегати №8 иҷро гардид. Таъмири дарбанди куррашакл дар соли 2013 ба нақша гирифта шудааст.
Маҷмааи сеюми таҷҳизоти гидротурбинӣ дар заводи ҶСК «Турбоатом» тайёр шудааст, васлу насби он соли 2014 ба нақша гирифта шудааст.
Дар НБО-и Норак Лоиҳаи «Иваз намудани ДТК-220 кВ НБО-и Норак», ки аз ҷониби бонки KfW Banken Gruppe (Германия) маблағгузорӣ мешавад, амалӣ мегардад, корҳоро Ширкати ALSTOM (Германия) иҷро менамоянд. Дар доираи лоиҳа корҳои сохтмонӣ ба охир мерасад, васлу насби таҷҳизот дар бинои КРУЭ ба охир расид, айни замон Лоиҳа дар марҳилаи анҷомёбӣ мебошад, се блоки гидроагрегат васл карда шудаанд.
Оид ба Лоиҳаи «Иваз намудани ДТК-550 кВ НБО-и Норак», ки Бонки – Рушди Осиё маблағгузорӣ менамояд, корҳо оғоз гардиданд.
Бо Ширкати ALSTOM (Германия) қарордод ба имзо расид. Айни замон таҳия ва ба мувофиқа расониданми Лоиҳа давом дорад, корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд.
Директор - Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович
Тел.:(+992-31-38)295-350; 295-550,
Факс: (+992-31-38) 2-34-59; 2-14-65
Сол: 1972
Агрегатҳо: 9х300 ҳазор кВт.
Иқтидори умумии муайяншуда: 2700 ҳазор кВт.