Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

НБО-и Варзоб-1

НБО-и Варзоб-1

Силсила НБО-ҳои Варзоб аз се нерӯгоҳи обӣ: Варзоб-1, Варзоб-2 ва Варзоб-3 иборат мебошад.

НБО-и Варзоб-1 яке аз зерсохторҳои силсилаи НБО-ҳои Варзоб ба ҳисоб меравад.

НБО-и Варзоб-1 дар солҳои 1936-1937 сохта шуда, бо иқтидори 2х3,72 мВт ба истифодабарӣ дода шуд. Иқтидори умумии муқарраршудаи нерӯгоҳ 7440 кВт -ро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи модернизацияи НБО-и Варзоб-1, ки аз ҳисоби гранти Ҳукумати Ҳиндустон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад, иҷро шуд.

Корҳоро пудратчии генералӣ – Ширкати Бхарат Хейви Электриклз Лимитед (BHEL), Ширкати миллии Гидроэлектрикии Ҳиндустон (NHPC) ва ду ташкилоти субпудрадчии CHL (Ҳиндустон) ва Go GOAL Hydro Power Pvt. Ltd иҷро менамоянд.

То модернизатсия 2-гидроагрегати иқтидори ҳар кадом 3,72 мВт мавҷуд буд, баъди модернизатсия ду гидроагрегати иқтидори ҳар кадом 4,75 мВт насб гардид.

Моҳи декабри соли 2012 корҳои васлу насб ва созу корандозӣ ба охир расида гидроагрегат ба фаъолият оғоз намуд.

Директори силсилаи НБО-ҳои Варзоб - Табаров Абдулахад Гурезович

Тел.: (+992-372) 224-55-92; 224-82-87


Сол:  1937
Агрегатҳо:  2х3720 кВт
Иқтидори умумии муайяншуда:  7440 кВт

Back to the list