Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Лоиҳаҳо

1 Муқаддима
1.1 Маълумоти умумӣ дар бораи Лоиҳа
Дар ҳуҷҷати мазкур мазмуни мухтасари Арзёбии минтақавии муҳити зист (АММЗ) барои CASA-1000 – лоиҳаи савдои нерӯи барқ оварда шуддаст. Ҳуҷҷати мазкур ҳамчун ҳуҷҷати алоҳида чиҳати таъмини тарҷума ба забонҳои миллии кишварҳо ва истифода байни гурӯҳҳои манфиатдор омода шудааст.
Инкишофи бозори минтақавии нерӯи барқ дар Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ (CASAREM) ҳамчун рушди марҳилавии механизмҳои институтсионалӣ ва инфрасохтор бо мақсади муқаррар намудани алоқа байни захираҳои энергетикии зиёдатӣ дар Осиёи марказӣ бо норасоӣ ва талаботи рӯзафзун ба нерӯи барқ дар Осиёи ҷанубӣ пешбинӣ шудааст. Лоиҳа имкониятҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар бархе аз қисматҳои нодортарини ҷаҳон (ба монанди Тоҷикистон, Афғонистон ва манотиқи наздимарзии Покистон), мусоидат дар таъмини субот ва рушд дар Афғонистон, аз он ҷумла баланд бардоштани сатҳи равобити мутақобилаи иқтисодӣ, ки ба афзоиши некӯаҳволии ҳамаи кишварҳои иштироккунанда мусоидат мекунад, пешниҳод менамояд. Дарсҳои дар марҳилаҳои аввалӣ омӯхташуда метавонанд барои ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи захираҳои энергетикӣ ва канданиҳои фоиданок дар минтақа, аз он ҷумла захираҳои инсонӣ ва инфрасохтори нақлиёт барои кушодани масир ҷиҳати эҳёи роҳҳои таърихии савдо, хизмат намоянд.
Лоиҳаи пешниҳодшудаи CASA-1000 (лоиҳа) ба аввалин савдои нерӯи барқ дар ҳаҷми 1300 мегаватт (МВт), ки захираҳои гидроэнергетики зиёдатиро байни ду минтақа ташкил медиҳад, мусоидат хоҳад намуд. Иштироккунандагони он Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар Осиёи марказӣ, аз он ҷумла Афғонистон ва Покистон дар Осиёи ҷанубӣ мебошанд. Раванди омодакунии лоиҳа дар асоси роҳнамоии чаҳор Шӯрои байнидавлатӣ (ШБД) дар сатҳи вазоратҳо, аз он ҷумла Котибот, ки соли 2011 таъсис ёфта буд ва машваратҳо байни даҳ аъзои Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЕС) амалӣ мегардад. Интизор меравад, ки лоиҳа аз сохтмон ва истифодаи инфрасохтори интиқоли нерӯи барқ дар чаҳор кишвар, аз он ҷумла дастгирии техникии дар марҳилаи амалигардонӣ ба он алоқаманд, инчунин механизмҳои истифодаи муштараки манфиатҳо аз ҷониби ҷамоатҳое, ки қад-қади долони интиқоли барқ истиқомат мекунанд, иборат хоҳад буд. Мусоидати лоиҳа дар коҳиш додани норасоии нерӯи барқ дар Покистон ва Афғонистон ва афзоишдиҳии даромад ва имкониятҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва Тоҷикистон (инчунин кушодани бозорҳои иловагии савдои нерӯи барқ) барои ҳар ду минтақа аҳамияти стратегӣ дорад.
Раванди омода намудани лоиҳаи CASA-1000 дар давоми якчанд сол гузашта буд ва дар ин муддат якчанд таҳқиқоти иҷтимоию экологӣ (ИЭ) гузаронида шуданд.

(Маълумоти бештареро метавонед аз файл дастрас намоед)

Файлы:  Download

Back to the list