Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Лоиҳаҳо

11.11.2013
1. Мундариҷаи Лоиҳа
Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дорои захираҳои бузурги зарфияти энергетикӣ мебошанд, ки ба эҳтиёҷоти дохилӣ муносибанд. Бо вуҷуди он, кишварҳои аз ҷиҳати захираҳои обӣ бой мисли Тоҷикистон натавонистанд ин зарфиятро, аз ҷумла бинобар зарурати маблағҳои зиёд барои бунёди хатҳои интиқоли барқи марбута ва норасоии ҳамкории минтақавӣ истифода баранд. Дар натиҷа, ҳаҷми зиёди об дар мавсими тобистона бидуни истеҳсоли қувваи барқ барбод ҷорӣ мешавад.
Тоҷикистон аз қувваи барқи обӣ хеле вобастагӣ дорад ва тақрибан 95% қувваи барқро НБО-ҳо истеҳсол менамоянд. Тавозуни энергетикии онҳо ниҳоят мавсимӣ буда, ба истеҳсоли аз эҳтиёҷот зиёди барқ дар тобистон ва камбуди он дар зимистон оварда мерасонад. Низоми интиқоли барқ ва тақсимоти он ба мукаммалсозӣ ва таҷдидкории ҷиддӣ ниёз дорад. Дар ин робита, Тоҷикистон ба воридот ва содироти ҳаҷми зиёди барқ эҳтиёҷ дорад. Чунин низоми носолими энергетикӣ ба мушкилиҳои вобаста ба таъминоти барқи минтақаҳои алоҳида расонидааст. Барои ҳалли мушкилиҳои дохилии энергетикӣ ва фароҳам овардани имконияти содироти қувваи барқ ба кишварҳои ҳамсоя, афзоиш додани зарфиятҳои истеҳсоли қувваи барқ зарур аст.
Таи чанд сол Афғонистон (АФ), Ҷумҳурии Қирғизистон (ҶҚ), Покистон (ПК) ва Тоҷикистон (ҶТ) инкишофи чораҳои вобаста ба савдои нерӯи барқ ва таъсиси Бозори минтақавии барқро дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) роҳандозӣ менамоянд. Яке аз ҷузъиётҳои калидии ин ташаббус рушди низоми фаромарзии хатти интиқоли барқ байни ин кишварҳо барои мусоидати интиқоли барқи изофӣ ба тамоми минтақа мебошад. Тарҳрезии марҳилаи аввали CASAREM, ки таъсиси хати интиқол, инфрасохтори савдо ва низомҳои заруриро дарбар гирифта, шароити савдои аз 1000 то 1300 МВт нерӯи барқро байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро фароҳам меоварад, "CASA-1000" номгузорӣ шудааст.
Лоиҳаи CASA-1000 (дар марҳилаи омодасозӣ ва гуфтушунид) бунёди хати интиқоли барқро, ки шароити содироти барқро аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон фароҳам меоварад, дарбар мегирад. Сохтори тавсияшавандаи лоиҳаи иборат аст аз:
- Хати 500 кВ-и ҷараёни тағйирёбанда аз зеристгоҳи «Датка» то Хуҷанд (447 км) барои интиқоли зарфиятҳои зиёдатӣ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Тоҷикистон, ки дар он ҷо шабакаи дохилӣ ин нерӯи барқро ба Сангтӯда интиқол медиҳад;
- Шабакаи якангории ҷараёни тағйирёбандаи 500 кВ (115 км) дар Тоҷикистон байни зеристгоҳҳои Регар ва Сангтӯда;
- 1300 МВт ҶТ-ҶД истгоҳи конвертерӣ дар Сангтӯда;
- 750 км хати баландшиддати ҷараёни доимӣ аз Сангтӯда то Пешовар тавассути Саланг ва Кобул;
- 300 МВт ҶД-ҶТ истгоҳи конвертерӣ дар Кобул; ва
- 1300 МВт ҶД-ҶТ истгоҳи конвертерӣ дар Пешовар.
Дарозии хати баландшиддати ҷараёни доимӣ дар Тоҷикистон 117 км, дар Афғонистон 562 км ва дар Покистон 1 км-ро ташкил менамояд.
Арзиши лоиҳа аз ҷониби гурӯҳи SNC-Lavalin дар асоси шароитҳои ҳозираи бозор, ки бо мурури вақт бо дарназардошти ивазшавии нархи бозор метавонад тағйир ёбад, дар ҳаҷми тақрибан 900 долл. ИМА арзёбӣ мегардад.

(Маълумоти бештареро метавонед аз файл дастрас намоед)

Файлы:  Download

Back to the list