Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Анонс ва эълонҳо

01.07.2014

Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» иттило медиҳад, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №376 «Дар бораи тарифҳои нерӯи барқ ва гармӣ» аз 1 июли соли 2014 дар тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ тағйирот ворид карда шуд. Ибтидо аз ин рӯз дар қаламрави кишвар нархи ҳар киловатт.соат нерӯи барқ барои ҳамаи категорияҳои истифодабарандагон ба ҳисоби миёна 15 фоиз зиёд гардид. Хотиррасон менамоем, ки бори охир нархи барқ моҳи апрели соли 2012 баланд бардошта шуда буд.

Баландшавии нарх барои аҳолӣ сатҳист; пеш ин гурӯҳи истифодабарандагон барои ҳар қВт.соат 11,00 дирам маблағ медоданд, акнун нархи ҳар киловатт.соат 12,60 дирамро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки ин ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи давлат ҷуброн мегардад.

Маркази матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» баъди омода ва тасдиқ гардидани Нархнома (Прейскурант) аз тарафи Хадамоти зиддинҳисории назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ин мавзуъро пурра шарҳ хоҳад дод.

Алҳол аз муштариёни гиромӣ хоҳиш карда мешавад, ки ба хотири пайдо нашудани нофаҳмиҳо дар ҳисобу китоб ҳаққи барқи то 1 июл истифодашударо сари вақт ва пурра пардохт намоянд.

Хадамоти матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат