Анонс ва эълонҳо
Даъватнома барои иштирок дар озмуни харид
Воҳиди хариди ШСХК “Барқи Тоҷик” (минбаъд – ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни расонидани хизматрасонии машваратӣ нисбати пешниҳод намудани Ҳисоботи молиявии ШСХК “Барқи Тоҷик” дар мутобиқит ба СБҲМ, пешниҳоди Ҳисоботи андозии Ширкат ва ҳамкорӣ бо аудити беруна (ДИО № 11/16 аз 1 апрели соли 2016), ки ба тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд.
1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оид ба озмун метавонанд ба нишонии ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 64 ошёнаи 3, утоқи 306 бинои ШСХК “Барқи Тоҷик” муроҷиат намоянд. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои тендериро пас аз пардохти маблағи бебозгашт (350 сомонӣ) дастраст намоянд.
2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои муҳршуда, бо нишонии дар боло зикршуда, то 11 апрели соли 2016, соати 15:00 пешниҳод намоянд. Муҳлати муқарраршуда муҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодҳо қабул карда намешаванд.
3. Лифофаҳо бо пешниҳодҳои тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ 11 апрели соли 2016, соати 15:00 кушода мешаванд. Намояндагони довталаб ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.