Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Анонс ва эълонҳо

04.05.2016

Даъватнома барои иштирок дар озмуни харид

Воҳиди хариди ШСХК “Барқи Тоҷик” (минбаъд – ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмун ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонии хатҳои барқии 10/6/0,4 кВ – и зерин:

- Лоти – 1, Сохтмони ХИБ 10/0,4 кВ барои муҳоҷирони мавзеъи Лахши ноҳияи Ҷиргатол (марҳилаи -2),

- Лоти – 2, Сохтмони ХИБ 10/0,4 кВ бо барқ таъмин намудани деҳаи Қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонӣ,

- Лоти – 3, Сохтмони истгоҳи трансформаторӣ бо насби 1 маҷмӯъ ИТМШ 400 кВА дар НБО-“Пушти Боғ”,

- Лоти – 4, Сохтмони ХИБ 10/0,4 кВ барои деҳаҳои “Мулоконӣ”, “Пушти Боғ” ва Шингидараи ноҳияи Балҷувон,

- Лоти – 5, Сохтмони ХИБ 10/0,4 кВ барои деҳаҳои Чарвок ва Савдаи ноҳияи Темурмалик.

1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оид ба озмун метавонанд ба нишонии ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 64 ошёнаи 3, утоқи 306 бинои ШСХК “Барқи Тоҷик” муроҷиат намоянд. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои тендериро пас аз пардохти маблағи бебозгашт (350 сомонӣ) дастраст намоянд.

2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои муҳршуда, бо нишонии дар боло зикршуда, то 24 майи соли 2016, соати 15:00 пешниҳод намоянд. Муҳлати муқарраршуда муҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодҳо қабул карда намешаванд.

3. Лифофаҳо бо пешниҳодҳои тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ 24 майи соли 2016, соати 15:00 кушода мешаванд. Намояндагони довталаб ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд. 


Бозгашт ба рӯйхат