Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Анонс ва эълонҳо

18.08.2016

Даъватнома барои иштирок дар озмуни харид

Воҳиди хариди ШСХК “Барқи Тоҷик” (минбаъд – ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни харид ҷиҳати харидори намудани:

Лоти – 1. 105 адад трансформаторҳои қудратии иқтидорашон то 1000кВА (42 адади он дар маҷмӯъ бо истгоҳҳои трансформаторӣ) ва ҷудокунакҳои намуди РЛНД-10 кВ – 293 адад;

Лоти – 2.. Оиқҳо-(изоляторы) 6/10 кВ – 35/110/220 кВ – 17 810 адад;

Лоти – 3. Васлакҳо – 82 адад 6-110 кВ;

Лоти – 4. Пояҳои оҳану бетонӣ -1250 дона.

(ДИО № 24/16 аз 18 августи соли 2016), ки ба тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд.

1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оид ба озмун метавонанд ба нишонии ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 64 ошёнаи 3, утоқи 306 бинои ШСХК “Барқи Тоҷик” ё бо телефони 295-312 муроҷиат намоянд. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои тендериро пас аз пардохти маблағи бебозгашт (350 сомонӣ) дастраст намоянд.

2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои муҳршуда, бо нишонии дар боло зикршуда, то 31 августи соли 2016, соати 15:00 пешниҳод намоянд. Муҳлати муқарраршуда муҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодҳо қабул карда намешаванд.

3. Лифофаҳо бо пешниҳодҳои тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ 31 августи соли 2016, соати 15:00 кушода мешаванд. Намояндагони довталаб ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд. 


Бозгашт ба рӯйхат