Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Анонс ва эълонҳо

14.03.2017

Даъватнома барои иштирок дар озмуни харид

Воҳиди хариди ШСХК “Барқи Тоҷик” (минбаъд – ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни харид ҷиҳати:

Лоти – 1. Корҳои ташхисии конструксияҳои оҳанин ба тарзи вайроншаванда ва вайроннашаванда (ултрасадо, магнито порошковое, цветная дефектоскопия и т.д.),

Лоти – 2. Таъмири муҳаррикҳои барқӣ, барқарорсозии подшибникҳои турбинӣ, генераторӣ ва гузаронидани корҳои ногувори таҷҳизотҳои универсалӣ дар НБО-ҳои Ҷумҳурӣ бо минтақаҳо,

Лоти – 3. Таъмир ва тайёр намудани қисмҳо эҳтиётии таҷҳизотҳои асосию ёрирасони нерӯгоҳҳо дар асоси санадҳои нуқсонӣ, реставратсиякунонӣ ва барқарор намудани таҷҳизотҳо,

Лоти – 4. Хизматрасонии нақлиётҳои боркаш барои эҳтиёҷоти НБО-ҳои Норак ва Бойғозӣ ,

Лоти – 5. Таъмири трансформаторҳои қудратии 16 МВА боло,

Лоти –6. Таъмири трансформаторҳои қудратии 6-10/0,4 кВ ва тайёр намудани ГКТП, СКТП, траверс ва қисмҳои эҳтиётии агрегатҳо дар минтақаҳо,

Лоти –7. Дида баромадан ва ташхис гузаронидани лоиҳаҳо,

Лоти –8. Хизматрасонии дезинфексионӣ, дезинсексионӣ, дератизатсионӣ ва ҳифзи растаниҳо дар иншоотҳои энергетикӣ,

Лоти – 9. Хизматрасонии таъмири мошинҳои сабукрав,

Лоти – 10. Хизматрасонии таъмири мошинҳои боркаш,

Лоти – 11. Гузаронидани ташхиси кимиёвии иншоотҳои гидротехникӣ,

Лоти – 12. Хизматрасонии хариди чиптаҳои ҳавопаймо.

(ДИО № 09/17 аз 13 марти соли 2017), ки ба тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд.

1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оид ба озмун метавонанд ба нишонии ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 64 ошёнаи 3, утоқи 306 бинои ШСХК “Барқи Тоҷик” муроҷиат намоянд. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои тендериро пас аз пардохти маблағи бебозгашт (350 сомонӣ) дастраст намоянд.

2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои муҳршуда, бо нишонии дар боло зикршуда, то 27 марти соли 2017, соати 15:00 пешниҳод намоянд. Муҳлати муқарраршуда муҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодҳо қабул карда намешаванд.

3. Лифофаҳо бо пешниҳодҳои тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ 27 марти соли 2017, соати 15:00 кушода мешаванд. Намояндагони довталаб ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд. 


Бозгашт ба рӯйхат