Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Анонс ва эълонҳо

15.03.2018

Даъватнома барои иштирок дар озмуни харид

Шуъбаи маркетинг ва хариди моли ШСХК “Барқи Тоҷик” (минбаъд – ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни харид ҷиҳати:

Лоти – 1. Корҳои ташхисии конструксияҳои оҳанин бо тарзи вайроншаванда ва вайроннашаванда (ултрасадо, магнито порошковое, цветная дефектоскопия и т.д.) дар мавриди гузаронидани таъмири таҷҳизотҳои асосию ёрирасони барқии Нерӯгоҳҳо бо минтақаҳо,

Лоти – 2. Таъмири муҳаррикҳои барқӣ, барқарорсозии подшибникҳои турбинӣ, генераторӣ ва гузаронидани кор дар дастгоҳҳои харротии баландпоя барои НБО-ҳои Ҷумҳурӣ бо минтақаҳо,

Лоти – 3. Таъмир ва тайёр намудани қисмҳо эҳтиётии таҷҳизотҳои асосию ёрирасони барқии нерӯгоҳҳои ШСХК “Барқи Тоҷик” дар асоси санадҳои нуқсонӣ, реставратсиякунонӣ ва барқарор намудани таҷҳизотҳо бо минтақаҳо,

Лоти – 4. Таъмир таҷҳизотҳои асосию ёрирасони барқӣ аз ҷумла, генератор, турбина, трансформаторҳои тавоноиашон гуногун, васлакҳо, таҷҳизотҳои гидротехникӣ ва механизмҳои борбардори нерӯгоҳҳои ШСХК “Барқи Тоҷик” дар асоси санадҳои нуқсонӣ бо минтақаҳо,

Лоти – 5. Таъмири асосӣ ва корҳои зиддизангию рангмолии дарбандҳои асосӣ, дарбандҳои садамавию таъмирии иншоотҳои гидротехникӣ, таъмири кранҳои чорпояи болои ва поёнии обанбор ва таъмири асосии гидроагрегатҳо дар НБО-ҳои Ҷумҳурӣ бо минтақаҳо,

Лоти –6. Гузаронидани ташхиси кимиёвии иншоотҳои гидротехникӣ

(ДИО № 07/18 аз 15 марти соли 2018), ки ба тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд.

1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оид ба озмун метавонанд ба нишонии ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 64 ошёнаи 3, утоқи 306 бинои ШСХК “Барқи Тоҷик” муроҷиат намоянд (тел: 295-312). Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои тендериро пас аз пардохти маблағи бебозгашт (350 сомонӣ) дастраст намоянд.

2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои муҳршуда, бо нишонии дар боло зикршуда, то 05 апрели соли 2018, соати 15:00 пешниҳод намоянд. Муҳлати муқарраршуда муҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодҳо қабул карда намешаванд.

3. Лифофаҳо бо пешниҳодҳои тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ 05 апрели соли 2018, соати 15:00 кушода мешаванд. Намояндагони довталаб ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд. 


Бозгашт ба рӯйхат