Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Анонс ва эълонҳо

15.03.2018

Даъватнома барои иштирок дар озмуни харид

Шуъбаи маркетинг ва хариди моли ШСХК “Барқи Тоҷик” (минбаъд – ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни харид ҷиҳати таъмири асосии трансформаторҳои қудратии 6-10/0,4 кВ:

Лоти – 1. дар минтақаи Турсунзода;

Лоти – 2. дар минтақаи Марказӣ;

Лоти – 3. дар минтақаи Кӯлоб ва ш.Кӯлоб;

Лоти – 4. дар минтақаи Данғара;

Лоти – 5. дар шаҳри Душанбе;

Лоти –6. дар минтақаи Ёвон ва Норак;

Лоти –7. дар минтақаи Қурғонтеппа;

Лоти –8. дар минтақаи Рашт;

Лоти – 9. дар шаҳри Хуҷанд,

Лоти – 10. Таъмири асосии муҳаррикҳои барқӣ, трансформаторҳои қудратии 0,4-110 кВ ва тайёр намудани ГКТП, СКТП, траверс, чангак, сипари зидди сухтор ва қисмҳои эҳтиётии агрегатҳо,

(ДИО № 08/18 аз 19 марти соли 2018), ки ба тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд.

1. Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оид ба озмун метавонанд ба нишонии ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 64 ошёнаи 3, утоқи 306 бинои ШСХК “Барқи Тоҷик” муроҷиат намоянд (тел: 295-312). Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои тендериро пас аз пардохти маблағи бебозгашт (350 сомонӣ) дастраст намоянд.

2. Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд, ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои муҳршуда, бо нишонии дар боло зикршуда, то 10 апрели соли 2018, соати 15:00 пешниҳод намоянд. Муҳлати муқарраршуда муҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодҳо қабул карда намешаванд.

3. Лифофаҳо бо пешниҳодҳои тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ 10 апрели соли 2018, соати 15:00 кушода мешаванд. Намояндагони довталаб ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд. 


Бозгашт ба рӯйхат