Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

02.03.2015

Шаҳрвандони муҳтарам, ШСҲК "Барқи Тоҷик" ба маълумоти Шумо мерасонад, ки  айни замон барӯйхатгирии қарзҳои дебиторию кредитории ШСХК "Барки Тоҷик" гузаронида шуда истодааст.

Аз ин лиҳоз аз Шумо хоҳиш карда мешавад:

Муштариёне, ки бо қарзи ба 01.09.2014 ҳисобкардашуда ва инчунин муштариёне, ки бо нишондодҳои ҳисобгиракҳо розӣ нестанд, ба шабакаҳои барқии ниҳияҳо ва ё ба ширкати аудитории "Грант Торнтон" вокеъ дар ш.Душанбе, кӯчаи Шотемур 22 (Меҳмонхонаи Тоҷикистон), ошёнаи 2, муроҷиат намоянд.

Ба ҳама шахсоне, ки ба ШСХК "Барқи Тоҷик"вобаста  ба амалиётҳои молиявии ширкат дар 3 соли оҳир ягон даъво доранд, бо ариза ба ШСХК "Барқи Тоҷик" ё "Грант Торнтон" муроҷиат намоянд.

Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба кормандони ШСХК "Барқи Тоҷик" дар ҷам намудани имзоҳо оид ба нишондодҳои хисобгирақҳо ва қарзи ҳисобшуда, мусоидат намоед.

ШСХК "Барқи Тоҷик"   


Бозгашт ба рӯйхат