Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

Лоиҳаи беҳтарин дар мувофиқкунонӣ ба тағйирёбии иқлим 13.05.2015

Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и «Қайроққум»» барандаи ҷоизаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба «Мувофиқкунонӣ ба тағйирёбии иқлим» гардидааст.

Дар доираи Бизнес Форуми Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, ки 13-15 май соли 2015 дар шаҳри Тибилисии Гурҷистон баргузор гардид, маросими супоридани мукофотҳо ба беҳтарин лоиҳаҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар номинатсияҳои гуногун ташкил карда шуд.

Бо ифтихор бояд зикр намуд, ки Лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и «Қайроққум»» барандаи ҷоиза, ҳамчун «Лоиҳаи беҳтарин дар мувофиқкунонӣ ба тағйирёбии иқлим » гардид.

ГРП_2.jpg

Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, Хазинаи стратегии иқлим, зерҳисоби Хазинаи сармоягузории иқлим, Хазинаи махсус оид ба барномаи пилотии баланд бардоштани устуворӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим маблағгузорӣ мегардад.

Дар лоиҳаи Таҷдиди НБО-и “Қайроққум” усулҳои муосири инноватсионӣ, ки тағйирёбии иқлимро дар лоиҳакашии сармоягузорӣ ба инобат мегиранд, истифода шудааст. Коршиносони ба лоиҳа ҷалб шуда, дурнамои фаъолияти обанборро дар ҳолатҳои гуногуни эҳтимолии тағйирёбии иқлим ҳисоб намуданд, ки он барои интихоби тарзи мувофиқи лоиҳакашии таҷдиди нерӯгоҳ дар ҳама диапазони эҳтимолии тағйирёбии иқлим мусоидат намуд.

ГРП_3.jpg

Таъсири ин лоиҳа аз доираи таҷдиди як нерӯгоҳи барқии обӣ берун мебарояд. Зеро усули асосии пешбинӣ гардидани масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар лоиҳакашии сармоягузорӣ, ба устувории Нерӯгоҳи барқии обии Қайроққум ба тағйирёбии иқлим ва таъмини қувваи барқ барои маҳалҳои аҳолинишини қисми шимолии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Менеҷерони «Барқи Тоҷик» маълумотҳои заруриро барои муайян намудани хатари тағйирёбии иқлим, ки ба гидроэнергетика вобастагӣ дорад ва тартиби бартараф кардани онҳоро меомӯзанд. Сарҷамъ намудани маълумотҳои мазкур ва истифодаи онҳо дар фаъолияти корӣ, барои беҳтар намудани фаъолияти нерӯгоҳ, истеҳсоли нерӯи барқ, беҳтар намудани бехатарии садд кӯмак намуда, дар татбиқи таҷрибаи беҳтарини байналмилалӣ дар ин соҳа мусоидат менамояд. Лоиҳа мазкур, лоиҳаи пилотӣ буда, хулоса ва таҷрибаи он барои истифода дар иншоотҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ва гузоштани заминаи боэътимод ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар оянда кӯмак мекунад.

Мукофотро аз номи Ширкати Саҳомии Холдингии Кушодаи «Барқи Тоҷик» Менеҷери генералии Лоиҳаи кам намудани талафоти нерӯ», Саидов Саидмумин, ки масъули татбиқи Лоиҳаи “Таҷдид НБО-и “Қайроққум”” мебошад ва Директори «Нерӯгоҳи барқ ии обии «Қайроққум» Авезов Файзулло қабул намуданд. 


Бозгашт ба рӯйхат