Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

Дар Тоҷикистон интиқоли  барқ маҳдуд шуд. 19.10.2015

Дар Тоҷикистон интиқоли

барқ маҳдуд шуд.

Аз сабаби низоми махсуси кори системаи энергетикиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 98 фоизи энергияи барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мегардад, бо фаро расидани тирамоҳ истифодабарии нерӯи барқ мутобиқи меъёрҳо сурат мегирад.

Бинобар сар задани сардии ҳаво резиши оби дарёи Вахш аз сарчашмаҳо паст шуда, воридшавии он ба обанбор коҳиш меёбад. Вақти он расид, ки барои истеҳсоли энергияи барқ аз захираи ягонаи обӣ - энергетикии кишвар дар обанбори Норак буда истифодабарӣ ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, аз 19 октябри соли 2015 дар саросари кишвар маҳдудияти истифодабарии энергияи электрикӣ ҷорӣ карда шуд.

Сабаби дигари ҷорӣ намудани маҳдудият дар он аст, ки сатҳи оби обанбор ҳар қадар зиёдтар дар нуқтаи болоӣ нигоҳ дошта шавад, зимистон, ки эҳтиёҷи мардум бештар аст, бо барқ таъмин карда мешаванд.

ШСХК «Барқи Тоҷик» аз тамоми муштариён хоҳиш менамояд, ки дар давраи маҳдудият ҳар қадар имкон аст, аз барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд. Ин ду омил бешубҳа боиси беҳтар бо барқ таъмин намудани тамоми муштариён мегардад. Хотиррасон менамоем, ки меъёри интиқоли барқ на аз рӯи соат, балки киловатт/соат муайян карда шудааст ва ҳар қадар энергияи барқро сарфакорона истифода барем, муддати истифодаи он зиёд мешавад.

Рӯзҳои наздик Муроҷиатномаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ба мардуми Тоҷикистон, ба роҳбарони корхонаву муассисаҳо ва воситаҳои ахбори омма нашр ва паҳн мегардад, ки дар он шароиту имконияти таъминоти барқ дар давраи тирамоҳу зимистони имсола пурра тавзеҳ дода мешавад.                                                                                    


Бозгашт ба рӯйхат