Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

12.12.2016

Таъминоти барқ дар рӯзи ироаи

Паёми Пешвои миллат

Дар рӯзи 22 декабр, ки тавассути шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ аз соати 10:00 Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мустақиман пешкаш мегардад, дар ҷумҳурӣ аз соати 06:00 то 14:00 барқ дода мешавад.

Ин тадбир аз он ҷиҳат амалӣ мегардад, ки шаҳрвандони муҳтарами кишвар имкон пайдо намоянд аз Паём мустақиман огоҳ ва бархурдор шаванд.

ШСХК «Барқи Тоҷик» бо камоли эҳтиром аз муштариён хоҳиш менамояд, ки аз барқ сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи нерӯи барқро сари вақт пардохт намоянд.

Вобаста ба риоя нашудани таъминоти барқ ва садамаҳо ҳар як муштарӣ метавонад, тавассути телефонҳои боварӣ ба мо дар тамос шавад.

Телефонҳои боварии ШСХК «Барқи Тоҷик»: 235-86-74; 235 86 84; 610-60-50; 295-202;

Маркази матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат