Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

05.01.2017

Маҳдудияти рӯзонаи барқ бардошта шуд

Соҳаи энергетикаи мамлакат, бо кумаку дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол аз сол рушду тараққӣ ёфта, барои ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ дар кишвар корҳои бузурге роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф кардани норасоии нерӯи барқ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва ватанӣ нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2” ва як қатор нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд ва таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда оғоз шуданд. Инчунин хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500, 220, 110 киловолт ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд гардиданд.

Соли 2016 бо ин мақсад навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” бо иқтидори иловагии 300 мегаватт ба истифода дода шуд ва дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд. Айни замон, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе- 2” бо иқтидори 400 мегаватт фаъолият намуда, соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва аҳолии ҷумҳурӣ бо барқ таъмин гардида истодааст.

Бо иқтидори пурра ба истифода додани Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” ба мо шароит фароҳам овард, ки таъмини нерӯи барқро ба аҳолӣ нисбат ба солҳои пешин беҳтар намоем.

Дар баробари ин ба маълумоти тамоми сокинони кишвар мерасонем, ки вобаста ба муҳайё гардидани иқтидорҳои нави истеҳсоли барқ дар ҷумҳурӣ аз санаи 5 январи соли 2017 маҳдудияти рӯзонаи нерӯи барқ барҳам дода шуда, тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ аз соати 5-и субҳ то соати 22.00 бемахдудият бо барқ таъмин карда мешаванд.

Дар сурати пайдо шудани камбудиву нуқсонҳо дар таъмини барқ муштариён метавонанд тавассути телефонҳои боварии Ширкат бо мо дар тамос шаванд. Телефонҳои боварӣ-235-86-74; 235-86-84;610-60-50; 295-202

Ҳамзамон аз аҳолии мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки нерӯи барқро мақсаднок ва сарфакорона истифода бурда, ҳаққи нерӯи барқро сари вақт пардохт намоянд.

Дафтари матбуотии Ширкати “Барқи тоҷик”


Бозгашт ба рӯйхат