Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

31.01.2017

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ҶАМЪБАСТИ СОЛИ 2016

Дар соли 2016 бо назардошти ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” бо иқтидори 300 МВт, ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд.403,1 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2015 дар ҳаҷми 13,0 млн.кВт.соат зиёд мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ бошад, дар соли 2016 ба 311,4 ҳазор Гкал баробар шуд, ки нисбати соли 2015 дар ҳаҷми 26,7 ҳазор Гкал зиёд мебошад.

Бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо энергияи барқ дар соли 2016 аз тарафи Ширкати «Барқи Тоҷик» дар ҳаҷми 2634,3 млн.кВт.соат энергияи барқ харидорӣ карда шуд. Дар муқоиса бо соли 2015 хариди энергияи барқ дар ҳаҷми 70,0 млн.кВт.соат зиёд мебошад.

Ҳаҷми содироти энергияи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар соли 2016 дар маҷмӯъ ба 1332,9 млн.кВт.соат баробар шуд.

Ҳаҷми талафоти барқ дар давраи ҳисоботӣ ба 16,1% баробар мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ба муштариёни ҷумҳурӣ 12 млрд. 803,1 млн.кВт.соат ба маблағи 1млрд. 659,9 млн.сомонӣ энергияи барқи фоиданок интиқол дода шуд, ки нисбати соли 2015 ба маблағи 52,9 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷамъоварии маблағи фурўши энергияи барқ ба 1 млрд. 436,9 млн.сомонӣ, ё ин ки ба 86,56%-и маблағи ҳисобшуда баробар шуд. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2015 мутаносибан ба маблағи 102,8 млн. сомонӣ, ё ба 3,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ ташкилоту корхонаҳои буҷетӣ ба маблағи 18,9 млн.сомонӣ ва корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ба маблағи 29,3 млн.сомонӣ маблағи барқи истифошударо пардохт накарданд, ки ин ба вазъи молиявии Ширкат таъсири манфӣ мерасонад.

Қарзи дебитории Ширкати “Барқи Тоҷик” дар соли 2016 аз ҳисоби истифодабарандагони энергияи барқ ва гармӣ 206,5 млн.сомониро ташкил дода, қарзи умумии дебиторӣ ба 1 млрд. 577,7 млн.сомонӣ баробар шуд. Аз ҷумла, 391,3 млн.сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ 82,9 млн.сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ 104,9 млн.сомонӣ, КВД «Обу корези ҷумҳурӣ» 24,9 млн.сомонӣ, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 43,4 млн.сомонӣ, КМ «Тоҷиккимёсаноат» 17,9 млн.сомонӣ, Комбинати маъдантозакунии кӯҳии Адрасмон 4,8 млн.сомонӣ, КМ “Олим Текстайл”- 2,6 млн.сомонӣ, ҶСК “Ангишт” ш.Исфара - 2,7 млн.сомонӣ сомонӣ ва ғайра.

Дар давраи ҳисоботӣ ба 2112 муштариёни қарздор ба маблағи зиёда аз 139,8 млн.сомонӣ иддао пешниҳод карда шудааст, ки аз ин маблағ 31,2 млн.сомонӣ ба суратҳисоби Ширкат ворид шудааст. Инчунин дар ин давра ба маблағи 86,7 млн.сомонӣ маводҳо ба мақомоти прокуратура ирсол гардида, аз он ба маблағи 47,6 млн. сомонӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура аризаҳои даъвогӣ ба судҳо пешниҳод карда шудаанд, ки аз ҷониби судҳо ба маблағи 28,0 млн.сомонӣ ба манфиати Ширкат ҳалномаҳои судӣ ба тасвиб расидаанд.

Илова бар ин, агар дар соли 2015 ҳамагӣ 7201 адад санадҳои қоидавайронкунӣ ба маблағи 9,0 млн.сомонӣ тартиб дода шуда бошанд, пас ин нишондиҳанда дар соли ҷорӣ 14980 адад ба маблағи 20,2 млн. сомониро ташкил дода, аз ин ҳисоб 14,5 млн. сомонӣ ба суратҳисоби Ширкат ворид карда шудааст.

Дар соли 2016 Ширкати “Барқи Тоҷик” вобаста ба ӯҳдадориҳои молиявии худ пардохти андозҳои ҷумҳуриявӣ– 288,0 млн.сомонӣ, пардохти маблағи барқи НБО-и “Сангтӯда-1”–245,0 млн.сомонӣ, пардохти маблағи барқи НБО-и “Сангтӯда-2”–76,3 млн.сомонӣ, пардохти фоизҳои қарзи ҶСК “Ориёнбонк”–204,6 млн. сомонӣ, пардохти маблағи мазут – 202,0 млн.сомонӣ, пардохти маблағи ангишт–88,1 млн.сомонӣ таъмин намудааст.

Бояд қайд намуд, ки Ширкат дар соли 2016 пардохти андозҳои ҷумҳуриявиро нисбат ба андозҳои ҳисобишуда (бе назардошти ҳисоби фоизу ҷаримаҳо) ба маблағи 17,1 млн.сомонӣ зиёд пардохт намуд. Дар натиҷа ба ҳолати 1 январи соли 2017 қарзи асосии андоз нисбат ба аввали соли 2016 ба маблағи 17,1 млн.сомонӣ кам шудааст.

Барои дар сатҳи коршоям нигоҳ доштани иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ ва бо мақсади баланд бардоштани сифати нерўи барқ ва паст намудани хароҷоти технологӣ дар корхонаҳои зертобеи ширкат корҳои таъмирию барқарорсозӣ ба роҳ монда шуда, дар давраи ҳисоботӣ аз фонди таъмирӣ 79,7 млн. сомонӣ маблағ аз худ карда шуд.

Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ дар давраи 25 соли Истиқлолияти ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида бошад ҳам, солҳои охир дар натиҷаи рушд ёфтани соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар мамлакат талабот ба истеъмоли энергияи барқ аз тарафи муштариён зиёд гардида, дар системаи энергетикӣ мушкилиҳо ба амал омада истодаанд, ки ҳалли онҳо сарфи маблағҳои калонро талаб менамояд. Аз ҷумла:

1. Барои таъминоти барқи вилояти Суғд, нерўгоҳи барқии обии «Қайроққум» бо иқтидори истеҳсолии 126 МВт истифода мешавад, ки 21-22%-и талаботи вилоятро таъмин менамояд. Таъминоти миқдори барқи боқимонда (580-600 МВт) аз зеристгоҳи «Суғд-500» тавассути хати барқии 500 кВ «Ҷануб - Шимол» аз шабакаҳои барқи ҷануби ҷумҳурӣ интиқол дода мешавад.

Бо дарназардошти дарозии хати барқии Л-518, ки аз нуқтаи тавлиди барқ то зеристгоҳи «Суғд» 351 км (аз НБО-и Норак то ЗИ «Регар»-114,9км, аз ЗИ «Регар» то ЗИ «Душанбе» – 50 км ва аз ЗИ «Душанбе» то ЗИ «Суғд» – 213 км)-ро ташкил медиҳад, қобилияти ҷараёнгузаронии хати барқӣ то 934 МВт баҳодиҳӣ шудааст, ки вобаста ба меъёри талаботи имрўзаи вилоят 65%-и имконияти ҷараёнгузаронии он истифода мегардад.

Истеъмоли шабонарўзии энергияи барқи вилоят дар фаслҳои тобистон то 15 млн. кВт.соат ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон то 8,5 млн. кВт.соатро ташкил медиҳад. Вобаста ба ҳаҷми истеъмоли энергияи барқи вилоят, дар соатҳои истифодабарии максималии энергияи барқ, пастшавии сатҳи шиддат дар шабакаҳои барқӣ ва пурборӣ дар хатҳои интиқоли барқи 220 кВ «Суғд - Хуҷанд» (650А) ва «Суғд - Қайроққум» (600А) мушоҳида мегардад.

Натиҷаи фаъолияти ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро дар соли 2016 ҷамъбаст намуда, роҳбарияти Ширкат тасмим гирифтааст, ки дар соли 2017 оид ба ҳалли масъалаҳои муҳими соҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои амалӣ меандешад, аз ҷумла:

-насби ҳисобгиракҳо дар системаи нави ҳисобгирии электронии биллингӣ;

- тартиб додани тавозуни барқ дар зеристгоҳҳо ва истгоҳҳои трансформаторӣ;

- андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати риоя намудани меъёрҳои муқарраршудаи талафоти энергии барқ;

- зиёд намудани ҷамъоварии маблағҳои барқи истифодашуда ва рўёнидани қарзҳои пешинаи нерӯи барқ аз истифодабарандагон;

- андешидани чораҳои дахлдор вобаста ба таъмини сиёсати кадрӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони соҳаи электроэнергетика;

-кам намудани хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ ва таъмин намудани истифодабарии сарфакорона ва мақсадноки маблағҳои худӣ ва буҷетие, ки барои таъминоти моддию техникии соҳа, барои корҳои таъмирию барқарорсозӣ ва сохтмонӣ ҷудо карда мешаванд;

-кам намудани қарзҳои дебиторию кредиторӣ ва андешидани чораҳои фавқулода ҷиҳати беҳтар намудани вазъи молиявии ШСХК "Барқи Тоҷик";

-амалӣ намудани Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори ШСХК “Барқи Тоҷик” то соли 2018.


Бозгашт ба рӯйхат