Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

02.03.2017

ЭЪЛОН

Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ба таваҷҷуҳи муштариён мерасонад, ки вобаста ба барвақт фаро расидани мавсими гармӣ дар кишвар, инчунин бо сабаби басанда будани захираҳои обӣ-энергетикӣ барои истеҳсоли миқдори зарурии нерӯи барқ ва маҷрои муътадили об дар дарёи Вахш, ибтидо аз соати 00-00-и рӯзи 1 марти соли 2017 Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз кор боздошта шуданд. Ин ба таъминоти барқ дар сар то сари ҷумҳурӣ ягон таъсире намерасонад.

Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» аз муштариёни гиромӣ хоҳиш менамояд, ки аз барқ сарфакорона истифода бурда, маблағи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд.

Маркази матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»  


Бозгашт ба рӯйхат