Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

29.05.2017

Рӯзи 28 майи соли 2017 соати 11-30 трансформатори 450 мегаволт.ампер, ки вазни умумиаш 214 тоннаро ташкил медод ба нерӯгоҳи барқии обии «Норак» расид.

Ин таҷҳизоти муҳими энергетикӣ дар доираи лоиҳаҳои таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак, ки бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 оғоз ёфта буд дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Олмон ва Фаронса дар шаҳри Гебзеи Туркия сохта шудааст. Мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик», Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика ва НБО-и Норак чанд маротиба ба ин корхона сафар намуда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони ширкати пудратчӣ- Ширкати «Алстом» трансформаторро аз озмоиш гузарониданд. Озмоиши асосии он моҳи сентябри соли 2015 гузаронида шуда, раванди таҳвили он аз Туркия ба Тоҷикистон аз ҳамон давра оғоз ёфт. Ширкати туркӣ «Ибракон» таҳвили онро ба ӯҳда гирифт, инак онро бомуваффақият анҷом дод.

Бояд қайд намуд, ки васли ин таҷҳизот имконият медиҳад, ки агрегати 8-уми нерӯгоҳ, ки аллакай чархи кории он иваз шудааст, пурра таҷдид гардад ва нерӯгоҳи бузурги мо дар доираи иқтидори лоиҳавӣ аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлакатро бо барқи хушсифат таъмин намояд.

Дар таърихи НБО-и Норак, ки агрегати якуми он соли 1972 ва агрегати охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст, таҳвил ва васли трансформатори 450 мегаволт. ампер рӯйдоди нахустин ба шумор меравад. Пештар дар нерӯгоҳ ивази трансформаторҳо аз ҳисоби захираи дохилӣ амалӣ мегаштанд.

Ҳафтаҳои наздик насби трансформатор оғоз меёбад.

Маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик»  

Бозгашт ба рӯйхат