Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

18.09.2017

Вохӯрӣ бо кормандони Агентии назорати

давлатии молиявӣ ва мубориза

бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар ШСХК “Барқи Тоҷик”

Рӯзи 13 сентябри соли 2017 дар Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» бо иштироки кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гашт.

Дар он Абдукарим Маҷидӣ – Сарнозири Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма, Барот Расулӣ – муовини сардори Сарраёсати пешгирии коррупсия иштирок намуданд.

Ҷаласаро сардори Сарраёсати молия ва хизматрасонии маъмурии ШСХК “Барқи Тоҷик” Рустам Маҷидов ифтитоҳ намуд. Ӯ қайд намуд, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 таҳти №1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо фармони Раиси Ширкати “Барқи Тоҷик” таҳти №113 Нақшаи чорабиниҳои Ширкат ҷиҳати иҷрои бандҳои дахлдори Стратегияи мазкур ба тасвиб расида, барои иҷроиш ва корбарӣ ба шӯъбаю хадамотҳои дастгоҳи марказӣ ва зерсохторҳои Ширкат ирсол карда шудааст.

Инчунин, бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои муқовимат ба коррупсия, бо фармони Раиси Ширкати “Барқи Тоҷик” аз 9 августи соли 2017 таҳти №118 Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионии ШСХК “Барқи Тоҷик” барои солҳои 2017-2020” тасдиқ шудааст.

Сипас оид ба масъалаи муқовимат ба коррупсия ва Стратегияи тасдиқшуда Абдукарим Маҷидӣ – Сарнозири Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори оммаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Барот Расулӣ – муовини сардори Сарраёсати пешгирии коррупсия Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия суханронӣ намуданд

Аз натиҷаи ҷаласаи имрӯза Протоколи дахлдор бо дарҷи масъалаҳои муҳокимашуда ва дастурҳои додашуда ба имзо расонида шуд. 

мачлис оид ба коррупсия.jpg










мачлис1.jpg


Бозгашт ба рӯйхат