Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

22.09.2017

МУСОБИҚА БА ШАРАФИ СОЛИ ҶАВОНОН

Бо ташаббуси ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетика ба муносибати Соли ҷавонон дар варзишгоҳи Шабакаҳои барқии марказӣ бо иштироки 12 дастаи зерсохторҳои Ширкат аз рӯи чор намуди варзиш-футболи хурд, тенниси рӯи миз, турниккашӣ ва бандкашӣ мусобиқа гузаронида шуд.

Дастаи Шабакаҳои Барқии Марказӣ дар се намуди варзиш – футболи хурд, турниккашӣ ва бандкашӣ ҷои аввалро сазовор гаштанд. Дар мусобиқаи тенисӣ рӯи миз ҷои аввал насиби дастаи дастгоҳи марказии ШСХК «Барқи тоҷик» гардид.

Дар ҷамъбасти мусобиқа Раиси ШСХК «Барқи тоҷик» М. Исмоилзода ба ғолибон мукофотҳои хотиравӣ супурд. Ғолибон аз тарафи Кумитаи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони энергетика низ ба мукофотҳо қадр гардиданд. 

Дастаи ШБМ-Ғолибон аз рўи намуди футболи хурд











Дастаи Шабакаҳои барқии маркази- Ғолибон аз рӯи намуди футболи хурд 

Шамсиддин Исмоилов-ғолиб аз рўи намуди тенниси рўи миз













Шамсиддин Исмоилов-ғолиб аз рӯи намуди тенниси рӯи миз. 

Лаҳзае аз мусобиқаи бандкашӣ











Лаҳзае аз мусобиқаи бандкашӣ


Бозгашт ба рӯйхат