Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

02.11.2017

«МБГ-2»-и шаҳри Душанбе бинобар сардшавии ҳаво миқдори барқу гармидиҳиро афзун мекунад

Рӯзҳои наздик бинобар сардшавии ҳаво Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе бо мақсади таъмин сохтани саривақтӣ ва босифати истифодабарандагон бо барқу гармӣ иқтидорҳои худро зиёд мекунад.

Маркази барқу гармидиҳии №2-и шаҳри Душанбе охири моҳи октябри соли равон ба кор шуруъ кард ва дар айни ҳол иқтидори истеҳсолии он ба 240-260 МВт неруи барқ ва 30—35 Гкал/соат гармӣ баробар мебошад.

Дар як вақт корҳои омодасозӣ ва пайваст намудани манзили сокинони пойтахт ва идораю муассисаҳо бо гармӣ идома доранд.

Дар назар дошта шудааст, ки рӯз то рӯз вобаста ба тағйирёбии вазъи обу ҳаво иқтидори истьеҳсолии марказ зиёд мегардад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, 3 — 5 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, минбаъд дар тамоми манотиқи мамлакат пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ карда мешавад.


Бозгашт ба рӯйхат