Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

23.11.2017

ҶУМҲУРӢ ПУРРА БО БАРҚ ТАЪМИН АСТ.

Тавре маълум аст, низоми энергетикии кишвар соли ҷорӣ бе маҳдуд намудани интиқоли барқ фаъолият дорад. Алҳол дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна то 50 миллион киловатт соат барқ истифода бурда шуда, ҷумҳурӣ пурра бо барқ таъмин аст. Хотиррасон менамоем, ки соли гузашта дар ин шабу рӯз, ки ҳаво нисбатан сард буд, дар реҷаи маҳдудият, дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна то 47-47,6 миллион киловатт соат барқ истифода бурда мешуд.

Нерӯгоҳи бузургтарини мо-НБО-и Норак дар ҳар шабонарӯз то 23-24 миллион киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол менамояд. Дар ҷумҳурӣ дар ин давра ҳар шабонарӯз тавассути Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе, дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ» зиёда аз 100 Гкал.соат гармӣ ва тавассути Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе то 8,5 миллион киловатт соат нерӯи барқ истеҳсол мегардад. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик Маркази барқу гармидиҳии 1-и шаҳри Душанбе низ ба кор оғоз менамояд.

Шаҳри Душанбе имрӯзҳо ҳар шабонарӯз 9,5-10 миллион киловатт соат нерӯи барқ истеъмол менамояд. Барқи дар ҳамин давраи соли гузашта истифода мебурдаи пойтахт то 12-13 миллион киловатт соат буд. Ёдовар мешавем, ки таъмини як қисми хонаҳо ва корхонаҳои пойтахт бо гармӣ, бо вуҷуди он ки бо пайдо шудани корхонаҳои нав ва афзудани аҳолӣ талаботи шаҳр бо барқ дар соли ҷорӣ то 40,5 МВт афзудааст, талаботро бо барқ кам намуда, ба таъминоти пурраи ҷумҳурӣ бо барқ таъсири мусбат мерасонад.

Ҳама медонем, ки рӯзҳои сард дар пешанд. Аз ин рӯ бори дигар таъкид менамоем, ки аз барқ манфиатнок истифода баред. Мо бовар дорем, ки ҳар сокини кишвари азиз дар давраи душвору пурмасъулияти тирамоҳу зимистон бо сарфакорона истифода бурдани барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи он ба мо ҳамкориву кумак менамоянд. Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳама вақт хоҳони ободии рӯзгор ва саршори нуру ҳарорат будани хонадони шаҳрвандони мамлакат мебошад.

Маркази матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат