Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

30.11.2017

ДАР ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК»

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ БА КОР САР КАРДАНД

Аз 1 декабри соли 2017 дар ШСХК «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ ба кор сар карданд. Навбатдорони телефонҳои боварӣ, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд, ҳар занги телефонро ба қайд мегиранд, ҳар ҳодисаи қатъ шудани барқро дар сар то сари кишвар оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи Ширкат ва Шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва бобати ислоҳи онҳо сари вақт чораҳои амалӣ андешида мешаванд. Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳар пагоҳӣ дар назди Раиси Шикат баррасӣ мегардад.

Инчунин, ҳар як муштарии барқ метавонад тавассути ин телефонҳо бо ШСХК «Барқи Тоҷик» дар тамос шавад ва дар бораи ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки амалан ғорати як қисмати ҳаққи рӯшноиву гармии тамоми ҷомеа аст, ба мо маълумот диҳанд.

Тавассути телефонҳои боварӣ бо мо ҳамкорӣ намудан ба манфиати ҳар як шахс ва тамоми ҷомеа мебошад.

Рақамҳои телефонҳои боварии ШСХК “Барқи Тоҷик”:

235-86-74; 235-86-84;  (44) 610-60-50;  93-355-51-51;  93-355-52-52

Маркази матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат