Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

07.12.2017

ТЕЛЕФОНҲОИ БОВАРӢ АМАЛ МЕНАМОЯНД

Тавре маълум аст, имсол дар кишвари мо дар интиқоли барқ маҳдудият ҷорӣ нашудааст. Бо вуҷуди ин садамаи барқ пешгӯинашаванда мебошад. Дар давлатҳои тараққиёфтаи олам, ки дорои техникаву технологияи муосир мебошанд, низ садамаҳои барқӣ рӯй медиҳанд. Дар баъзе воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳо бобати чанд соат ва ҳатто чанд рӯз бебарқ мондани ин ё он кӯчаву маҳалла маводҳо дарҷ меёбанд, ки бисёрии онҳо ғаразнок ва беасос мебошанд.

Тавассути тамоми воситаҳои ахбори омма, сомонаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ва телевизиону радио телефонҳои боварии Ширкатро эълон шуда буд. Дар он маълумот дода шуд, ки аз 1 декабри соли 2017 дар ШСХК «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ ба кор сар карданд. Навбатдорони телефонҳои боварӣ, ки ба таври шабонарӯзӣ кор мекунанд, ҳар занги телефонро ба қайд мегиранд, ҳар ҳодисаи қатъ шудани барқро дар сар то сари кишвар оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи Ширкат ва Шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва бобати ислоҳи онҳо сари вақт чораҳои амалӣ андешида мешаванд.

Бори дигар аз муштариёни неруи барқ хоҳиш менамоем, ки дар сурати рӯй додани садамаҳо бо телефонҳои боварӣ ба мо муроҷиат намоянд.

Рақамҳои телефонҳои боварии ШСХК “Барқи Тоҷик”:

235-86-74; 235-86-84; (44)610-60-50; 93-355-51-51; 93-355-52-52.

Барои дастрасии бештар дар Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ва шабакаҳои ноҳиявӣ низ телефонҳои иловагӣ зам шуда, амал менамоянд.

Рақамҳои телефонҳои боварии ШБ шаҳри Душанбе – 93 832 2727

ШБ ноҳияи И. Сомонӣ-93 171 10 51

93 827 10 50.

ШБ ноҳияи Шоҳмансур-93 561 10 12

93 561 10 13.

ШБ ноҳияи Фирдавсӣ-93 166 10 14

93 171 10 21.

ШБ ноҳияи Сино 93 561 10 14

93 566 10 17

Тавассути телефонҳои боварӣ бо мо ҳамкорӣ намудан ба манфиати ҳар як шахс ва тамоми ҷомеа мебошад.

Маркази матбуоти

ШСХК «Барқи Тоҷик»


Бозгашт ба рӯйхат