Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

02.02.2018

Паём-барномаи танзими фаъолият

Мирзо Исмоилзода-раиси ШСХК “Барқи Тоҷик”

    Дар Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи энергетика диққати калон дода шуда, дастуру ҳидоятҳои дар он зикрёфта ҳама вақт як барномаи муҳими танзими фаъолият ва ноил шудан ба дастовардҳои нав дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мебошанд.

Аз Паём то Паём як зинаи фаъолияти мо-энергетикҳо низ ҷамъбаст гардида, марҳилаи нави татбиқи нақшаву лоиҳаҳо оғоз меёбанд.

Дар Паёми нави Пешвои миллат низ ба рушду нумўи соҳаи энергетика-чун воситаи асосии пешбурди иқтисодиёт диққати ҷиддӣ дода шудааст. Як афзалияти муҳими мо дар он аст, ки дар Тоҷикистон асосан аз манбаҳои барқароршаванда барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мегардад.

Вобаста ба ин, дар Паём қайд шудааст: «Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад.»

    Амалан, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки дар кишвари мо дар солҳои истиқлолияти давлатӣ як зумра иншооти муҳим ва хеле зарурӣ сохта, ба истифодабарӣ дода шаванд. Пурра ба истифода додани Нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда - 1» ва «Сангтўда - 2», Маркази дуйуми барқу гармидиҳии Душанбе, хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтўда - Лолазор», «Сангтўда – НБО-и Сарбанд», “Қайроққум-Ашт” таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии нерўгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ, ки дар панҷ-даҳ соли охир амалӣ гардиданд, ҳам соҳаро по бар ҷо нигоҳ дошт ва ҳам иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқро дар ҷумҳурӣ хеле беҳтар намуданд. Ин раванд бомуваффақият идома дорад.

Дар Паёми имсола низ қайд гардидааст: Дар баробари бунёди иншооти нави тавлиди нерӯи барқи обӣ имрӯз зарурати таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда пеш омадааст, ки сармоягузории зиёдро тақозо менамояд. Лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Норак” дар ду марҳала бо ҷалби 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, марҳалаи якуми он оғоз ёфт.

Дар самти татбиқи лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи 1,1 миллиард сомонӣ корҳо оғоз ёфта, агрегати якуми он соли 2018 ба кор андохта мешавад. Нерӯгоҳи барқи обии “Қайроққум” яке аз куҳнатарин нерӯгоҳҳо буда, аз соли 1957 мавриди истифода қарор дорад.

Барои таҷдиди ин нерӯгоҳ 600 миллион сомонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи лоиҳа соли оянда оғоз мешаванд.

Дар маҷмӯъ, барои таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда беш аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад.»

Ҳамаи мо дар хотир дорем, ки бегоҳии 13 январи соли 2017 Муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар, ки дар тамоми шабакаҳои телевизионии кишвар пахш гардид ва он аз як дастоварди хеле муҳими кишвари мо хабари хуш дод.

Дар Муроҷиатномаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ, аз ҷумла, қайд шуда буд: «Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз пагоҳ - 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд…»

Ин бешубҳа дастоварди беназир аст. Дар замони соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои охир яке аз мушкилоти асосии мардуми кишвар норасоии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон буд, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ баъзе солҳо аз моҳи сентябр то моҳҳои март ва ҳатто апрел идома пайдо мекард.Имкони пурра бо барқ таъмин намудани шаҳрҳои саноатӣ, ҳатто пойтахти мамлакат мавҷуд набуд. Бо таъмини бемаҳдудияти барқ душвориҳои мардуми мо осон гардид.

Вобаста ба ин, дар Паёми имсола омадааст: «Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт мо тавонистем, ки аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиро бо нерӯи барқ бе маҳдудият таъмин намоем»

Бо вуҷуди ин, дар соҳаи энергетикаи тоҷик проблемаҳо ҳануз хеле зиёданд. Таъмини ҷамъоварии пурраи ҳаққи барқи истифодашуда, ба дараҷаи минималӣ кам намудани талафоти техникии нерўи барқ пурра ба ҳисоб гирифтани ҳаҷми барқи фоиданок бояд дар мадди назари мо бошад. Дар роҳи ислоҳи ин камбудиҳо бояд ҳар истеъмолкунандаи барқ ба мо кумаку ҳамкорӣ намояд. Вобаста ба ин, дар Паём омадааст: «Дар баробари ин, истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Дар ин сурат мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем.»

Мо, кормандони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, пурра бовар дорем, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадафи аслии он пешрафти кишвар ва саодати ҳамдиёрони мост, албатта чун маҷмўаи дастурҳои рўҳбахш дар амал татбиқ мегардад ва дар баробари дигар дастовардҳо истиқлолияти энергетикиро амалӣ мегардонад.

Кормандони ШСХК “Барқи Тоҷик” дар ҷаласаи васеъ роҳҳои дар амал татбиқ намудани Паёмро баррасӣ намуда, дар ин замина нақшаи чорабиниҳо таҳия намуданд. Бо хушнудӣ қайд гардид, ки аз Паёми имсола мо-энергетикҳо соҳиби маҷмуи дастуру раҳнамои нав гардидем ва бо татбиқи он барои таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар амал менамоем.


Бозгашт ба рӯйхат