Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

07.02.2018

НИШОНДИҲАНДАҲОИ АСОСИИ

ИСТЕҲСОЛИЮ ИҚТИСОДИИ

ШСХК “БАРҚИ ТОҶИК”

ДАР СОЛИ 2017

Ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ ва гармӣ

Дар соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли энергияи барқ 15 млрд. 359,1 млн.кВт.соатро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 955,8 млн.кВт.соат зиёд мебошад. Аз ҷумла, истеҳсоли энергияи барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 980,9 млн.кВт.соат баробар шуд, ки нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 380,8 млн.кВт.соат афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми истеҳсоли энергияи гармӣ нисбати соли 2016 ба андозаи 116,6 ҳазор Гкал зиёд гардида, дар соли 2017-ум 428,1 ҳазор Гкал-ро ташкил дод.

ШСХК «Барқи Тоҷик» дар тавозуни худ 13 адад нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ дорад, Дар маҷмуъ дар соли 2017 дар НБО-ҳои хурди зери назорати ШСХК «Барқи Тоҷик» қарордошта 5,6 млн.кВт.соат энергияи барқ истеҳсол карда шуд.

Ҳачми истеҳсоли энергияи барк дар НБО-ҳо ва МБГ-ҳо

(млн.кВт.соат)

Номгуи НБО-ҳо ва МБГ-ҳо

соли 2016

соли

2017

Фар-

қият

НБО-и “Норак”

10121,5

10323,9

+202,4

НБО-и “Бойғозӣ”

1879,1

2045,9

+ 166,8

Силсилаи НБО-ҳои “Вахш”

1127,3

1101,7

-25,6

Силсилаи НБО-ҳои “Варзоб”

64,1

48,1

-16,0

НБО-и “Қайроққум”

603,6

852,9

+249,3

МБГ-и “Душанбе”

30,7

29,6

-1,1

МБГ-и “Душанбе-2”

569,5

951,4

+381,9

НБО-ҳои хурди Ширкат

7,5

5,6

-1,9

Ҳамагӣ

14403,3

15359,1

+955,8

Ҳачми истеҳсоли энергияи гармӣ МБГ-ҳо (ҳазор Гкал)

Номгуи МБГ-ҳо

соли 2016

соли

2017

Фар-

қият

МБГ-и “Душанбе”

137,5

140,2

+2,7

МБГ-и “Душанбе-2”

174,0

287,9

+ 113,9

Ҳамагӣ

311,5

428,1

+116,6

Ҳачми харид ва содироти энергияи барқ

Бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо энергияи барқ, дар соли 2017 Ширкати «Барқи Тоҷик» дар ҳаҷми2 млрд. 555,6 млн.кВт.соат энергияи барқро харидорӣ намуд. Дар муқоиса бо соли 2016 хариди энергияи барқ дар ҳаҷми 78,7 млн.кВт.соат кам гардидааст.

Аз НБО-и “Сангтӯда-1” 1849,3 млн.кВт.с, аз НБО-и “Сангтӯда-2” 693,6 млн.кВт.с аз Ҷумҳурии Қирғизистон 12,7 млн.кВт.с барқ харидорӣ шудааст.

Ҳаҷми содироти энергияи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар соли 2017 нисбати соли 2016 дар ҳаҷми 20,6 млн.кВт.соат кам гардида, дар маҷмӯъ ба 1 млрд. 312,3 млн.кВт.соат баробар шуд. Энергияи барқ асосан ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд. 304,8 млн.кВт.соат ба маблағи 52,3 млн.доллари ИМА содирот карда шуд, ки нисбат ба соли 2016 дар ҳаҷми 14,0 млн.кВт.соат кам, аммо маблаған ба андозаи 1,8 млн.доллари ИМА зиёд мебошад.

Энергияи барқи ба муштариёни дохили ҷумҳурӣ интиқолшуда

Дар соли 2017 ҳаҷми фоиданоки энергияи барқи ба муштариёни ҷумҳурӣ интиқолшуда ба 13 млрд. 512,7 млн.кВт. соат, ё ба маблағи 2 млрд. 142,7 млн.сомонӣ ба­робар шуд, ки нисбати соли 2016 дар ҳаҷми 707,6 млн.кВт.соат, ё ба маблағи 481,4 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Тарифи миёнаи фурӯши энергияи барқ дар дохили ҷумҳурӣ дар соли 2017 ба 15,86 дирам ба 1 кВт.соат баро­бар шуд, ки 2,9 дирам нисбати соли 2016, ё ин ки ба андозаи 22,2% зиёд мебошад.

Ҷамъоварии маблағи энергияи барқ ва фоизи ҷамъоварӣ

Ҷамъоварии маблағи фурӯши энергияи барқ аз муш тариёни дохили ҷумҳурӣ дар соли 2017 ба 1 млрд. 898,6 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбати соли 2016 ба маблағи 461,7 млн.сомонӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ аз аҳолӣ маблағи энергияи барқ дар ҳаҷми 703,5 млн.сомонӣ ҷамъоварӣ гардид, ки ин нисбати соли 2016 ба маблағи 208,7 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Фоизи ҷамъоварии маблағи энергияи барқи дар дохили ҷумҳурӣ фурӯхташуда дар соли 2017 дар умум ба 88,6%, аз ҷумла аз аҳолӣ ба 85,6% баробар шуд. Дар муқоиса бо ҳамин нишондиҳандаҳои соли 2016 фоизи ҷамъоварӣ дар умум ба андозаи 2,1% ва аз аҳолӣ ба андозаи 5,8% афзоиш ёфтааст.

Имрӯз яке аз проблемаҳои асосии соҳа дар масъалаи ҷамъоварии маблағ, ки ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро ба ташвиш овардааст, ин дар сатҳи ниҳоят паст пардохт шудани маблағ аз тарафи баъзе истифодабарандагони азими ҷумҳурӣ мебошад.

Новобаста ба дастгириҳои соҳаи хоҷагии оби ҷумҳурӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 2010 то ин ҷониб нисбати онҳо тарифи имтиёзнок татбиқ шуда истодааст, дар соли 2017 корхонаҳои Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пардохти маблағи барқро ҳамагӣ дар сатҳи 2,7% таъмин намуданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар 7 соли татбиқ гардидани тарифҳои имтиёзнок барои насосҳои обкашӣ даромади молӣ ба маблағи зиёда аз 980 млн. сомонӣ кам гардида, ба вазъи молиявии ШСХК "Барқи Тоҷик” таъсири манфӣ расонида истодааст.

Бо мақсади рӯёнидани қарзҳои дебиторӣ Ширкати “Барқи Тоҷик” дар соли 2017 ба 2450 муштариёни қарздор ба маблағи зиёда аз 173,2 млн.сомонӣ иддао пешниҳод намуд, ки аз ин маблағ 49,8 млн.сомонӣ, ё ин ки 28,8%-и маб- лағи пешниҳодшуда ба суратҳисоби Ширкат ворид шудааст. Инчунин дар ин давра ба маблағи 110,8 млн.сомонӣ маводҳо ба мақомоти прокуратура ирсол гардида, аз он ба маблағи 25,9 млн. сомонӣ аз ҷониби судҳо қонеъ карда шудаанд. Дар натиҷа ба манфиати Ширкат тибқи ҳалномаҳо 6,1 млн. сомонӣ рӯёнида шуд.

Пардохтхо вобаста ба ухдадориҳои молиявии Ширкат

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар соли 2017 Ширкати “Барқи Тоҷик” вобаста ба ӯҳдадориҳои молиявии худ пардохти андозҳоро дар маҷмуъ ба маблағи 333,4 млн.сомонӣ пардохт намуд, ки нисбати соли 2016 ба маблағи 45,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2017 таҳти № 601, қарзи ШСХК “Барқи Тоҷик” дар назди буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо ба маблағи 81,95 млн.сомонӣ, тариқи ҳисоббаробаркунии қарзи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар назди Ширкат кам карда шуд.

Пардохти маблағҳои барқи харидоришуда аз НБО-и “Сангтӯда-1” - 290,8 млн.сомонӣ ва аз НБО-и “Сангтӯда- 2” - 138,5 млн.сомонӣ таъмин карда шуд, ки нисбати соли 2016 мутаносибан ба маблағи 45,8 млн.сомонӣ ва 62,2 млн.сомонӣ зиёд аст.

Пардохти маблағи мазут ва ангишти харидоришуда бошад, мутаносибан ба маблағи 156,4 млн.сомонӣ ва 158,2 млн.сомонӣ таъмин карда шудааст.

Қарзи кредиторӣ

Дар натиҷа, қарзи ШСХК “Барқи Тоҷик” ба ҳолати 31 декабри соли 2017 дар назди буҷети давлатӣ танҳо аз ҳисоби фоизҳо ба 101,6 млн.сомонӣ баробар шуда, бақияпулиҳои андоз нисбат ба 1 январи соли 2017 ба маблағи 70,3 млн.сомонӣ кам карда шуд.

Корҳои иҷрошудаи сохтмони асосӣ ва таъмирӣ

Маблағи умумии корҳои сохтмони асосии иҷрогардида дар давраи ҳисоботӣ 33,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла аз ҳисоби маблағҳои худӣ 29,6 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 3,9 млн. сомонӣ корҳои сохтмони асосӣ иҷро карда шудаанд.

Бо мақсади дар сатҳи коршоямӣ нигоҳ доштани иқтидорҳои мавҷудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ, дар корхонаҳои зертобеъи Ширкати “Барқи Тоҷик” корҳои таъмирию барқарорсозӣ ба роҳ монда шуда, дар соли 2017 аз фонди таъмирӣ 85,0 млн. сомонӣ маблағҳо аз худ карда шудаанд, ки нисбат ба соли 2016 ба маблағи 3,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, дар ин давра 138,9 км хатҳои ҳавоии барқии 110-500 кВ; 3478 км хатҳои ҳавоии барқии 0,4-35 кВ; 89,1 км хатҳои кабелии барқии 0,4-10 кВ; 3 адад трансформатори қуввагии 220 кВ; 10 адад трансформатори қуввагии 110 кВ; 12 адад васлакҳои 110-220 кВ; 30 адад ҷудокунаки 110 -220 кВ; 854 адад трансформаторҳои қудратии 6-10­-35кВ; 2672 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ аз таъмири асосӣ гузаронида шудаанд.

Дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ таҷҳизотҳои асосӣ ва ёрирасон дар соли 2017 асосан тибқи нақшаи тасдиқгардидаи солона корҳои таъмири асосӣ ва ҷорӣ иҷро гардида, ташхиси тепловизионии таҷҳизотҳои барқӣ дар ҳамаи нерӯгоҳҳо гузаронида шудааст.

Илова ба корҳои тибқи нақшаи солона иҷрогардида, инчунин дар НБО-и “Норак” дар соли 2017 таъмири ғайринақшавии гидроагрегатҳои № № 2, 5 ва 6, трансформаторҳои ТЦ-2, 5 ва 6, васлакҳои генератории ВГ-2, 5 ва 6, васлакҳои дастгоҳи тақсимоти пӯшидаи элегазии (ДТПЭ) -500 кВ-и ВП-3, В1-АТ-1, В-505, В-506, васлаки ДТПЭ -220 кВ-и Л-7Л гузаронида шудааст. Айни замон, гидроагрегати № 9 ва трансформатори ТЦ-9-и НБО-и “Норак” дар таъмири асосӣ қарор доранд.

Дар НБО-и “Қайроққум” бошад, таъмири ғайринақшавии васлаки генератории ВГ-2, трансформаторҳои Т-1 ва Т-2 иҷро гардидаанд.

Инчунин корҳои таъмирии ғайринақшавӣ гидроагрегатҳои № 1 ва 2-и НБО-и “Варзоб-2” гузаронида шуданд.

Баҳри омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 дар МБГ-и шаҳри Душанбе ва дегхонаҳои «Шарқӣ» ва «Ғарбӣ» низ дар соли 2017 таъмири асосии дегҳои буғӣ, таъмири ҷории турбоагрегатҳо, трансформаторҳои қудратӣ, васлакҳо, дегҳои обгармкунӣ, ва газогенераторҳо тибқи нақша иҷро карда шуданд.

Ҳамзамон, бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти МБГ-и шаҳри Душанбе дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, яъне аз 20 МВт ва 50 Гкал/с нақшавӣ мутаносибан то 50 МВт ва 90 Гкал/с гармӣ баланд бардоштани нишондиҳандаҳои асосии Марказ корҳо идома дошта, бо ин мақсад барои гузаронидани таъмири асосии 4 адад деги буғии тамғаи БКЗ-190-100 мутахассисони ҶС “Казремэнерго” тибқи шартнома ҷалб карда шуданд. Айни замон аз тарафи мутахассисони ҶС “Казремэнерго” таъмири асосии дегҳои буғии № № 7 ва 10 ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор доранд.

Дар соли 2017 барои истеҳсол намудани нерӯи барқ ва гармӣ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ва дегхонаҳо дар маҷмуъ 20749 тонна мазути аловӣ ва 658456 тонна ангишт хароҷот карда шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ баҳри боэътимод фаъолият намудани системаи энергетикӣ дар нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ чунин корҳои назаррас амалӣ карда шудаанд:

- дар НБО-и “Норак” мутобиқи лоиҳаи “Барқарорсозии дастгоҳҳои тақсимотии пӯшидаи элегазии 500 кВ дар НБО-и Норак” трансформатори қудратии 450 МВА барои гидроагрегати № 8 дар моҳи майи соли 2017 даст- рас ва насб гардида, санаи 31 августи соли 2017 дар ҳамбастӣ бо генератори № 8 ба кор дароварда шуд;

- дар гидроагрегатҳои № 1 ва № 2-и НБО-и “Норак” ду адад пошнодонҳои гидравликӣ васл карда шуданд. Бояд қайд кард, ки то васли ин пошнодонҳои гидравликӣ, генераторҳои мазкур дар такяҳои сахт қарор дошта, бо иқтидори на зиёда аз 150 МВт кор мекарданд. Пас аз васли пошнодонҳои гидравликӣ иқтидори ин генераторҳо то 335 МВт бароварда шуд;

- баҳри боэътимод фаъолият намудани зеристгоҳҳои барқӣ, бар ивази таҷҳизоти фарсудагашта дар 10 зеристгоҳи барқии 110 ва 220 кВ батареяҳои аккумулятории фарсудагардида ба батареяҳои аккумулятории ҳозиразамон иваз карда шуда, мавриди истифодабарӣ қарор доранд;

- дар зеристгоҳи барқии “Заводская”, “Советская” ва “Фирдавсӣ” васлаки навъи МКП-110 кВ ба васлакҳои ҳозиразамони элегазии 110 кВ иваз карда шудад;

- дар Шабакаҳои барқии Марказӣ дар зеристгоҳи барқии “Варзоб”-110/10 кВ трансформатори навъи ТМН- 2500 кВА ба трансформатори навъи ТМН-6300 кВА иваз карда шуд. Инчунин, дар зеристгоҳи барқии “Орҷоникид зеобод-1” дар трансформатори Т-1 фазаҳои “А”, “В”, “С”, дар зеристгоҳи барқии “Карамкул” дар трансформатори Т-2 фазаҳои “А”, “В”, “С” ва дар зеристгоҳи барқии “Семиганҷ” дар трансформатори Т-1 фазаи “В” воридаҳои 110кВ ба воридаҳои ҳозиразамони намуди BRDLW- 126/630А иваз карда шуданд.

- дар ҶСК “Шабакаҳои барқии Ҷанубӣ” дар зеристгоҳи барқии «Навобод» трансформатори аз кор баромадаи навъи ТДГ-31500/110/10 кВ ба трансформатори навъи ТМН-6300/110/10-73У1 иваз карда шуд. Инчунин дар зеристгоҳи барқии «Гидроузел»-110/35/10 кВ трансформатори азкорбаромадаи навъи ТДТН-7500 кВА ба транс- форматори навъи ТМН-6300 кВА иваз карда шуд;

- дар 4 адад барқгардонҳои зеристгоҳи барқии «Суғд- 500» чор қисми болоиашон иваз карда шуданд. Инчунин дар зеристгоҳи мазкур дар автотрансформатори АТ-2 фазаи «С» корҳои бартарафкунии нуқсони баландшавии гази гидроген гузаронида шуд;

- барқарорсозӣ дар хати интиқоли барқи 35 кВ-и Л- Ш-Ш шохаи Айвоҷи ноҳияи Ҷайҳун амалӣ карда шуд;

- сохтмони хати дузанҷираи 220 кВ-и Л-С-Х ва Л-С-24 ба итмом расонида шуд;

- дар хати интиқоли барқи 220 кВ Л-7-Л “НБО-и Норак- Лолазор” пояи № 125, ки дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ба замин афтода корношоям гардида буд, барқарор карда шуд;

- дар хати интиқоли барқи 110 кВ-и “Роғун-Оби гарм” пояҳои № № 2-5 ва дар хати интиқоли барқи 110 кВ-и “Роғун-Ғарм” пояи оҳанини анкерии № 4, ки дар натиҷаи фаромадани ярч ва фурӯравии замин дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, ба ҷои бехавф кӯчонида шудаанд;

- дар хатҳои интиқоли барқи 110 кВ-и “Геран-Қундуз” ва “Геран-Қарадум” пояҳои № № 41-52, ки дар натиҷаи лағжиши замин дар ҳолати садамавӣ қарор доштанд, ба ҷои бехавф кӯчонида шуданд;

- дар хати интиқоли барқи 110 кВ-и “Северная- Южный портал” пояи оҳанини № 180, ки дар натиҷаи фаромадани тарма ба замин афтида буд, барқарор карда шуд;

- дар давоми соли 2017 дар Шабакаҳои барқӣ дар маҷмуъ 118 адад истгоҳҳои трансформатории муҷаҳҳазонидашудаи комплектии 6-10/0,4 кВ насбу васл карда шуданд;

- бо мақсади кам намудани бор ва дарозии хатҳои интиқоли барқи 0,4-10 кВ 49,9 км хатҳои нави интиқоли барқи ҳавоӣ ва 16,95 км хатҳои кабелӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар алоҳидагӣ бояд қайд кард, ки дар натиҷаи таъсиррасонии офати табиӣ, яъне вазидани шамоли сахт дар рӯзҳои 26-27-уми декабри соли 2017 дар вилояти Суғд як қатор ҳолатҳои корношоямгардии хатҳои интиқоли барқи 0,4-220 кВ ва таҷҳизотҳо дар зеристгоҳҳои барқии 35 кВ ба амал омаданд, ки то ба имрӯз ҳамаи ин садамаҳо бартараф карда шуда, айни замон соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии вилояти Суғд пурра бо барқ таъминанд.

Дар соли 2017 бо мақсади гузаронидани таъмирҳои нақшавӣ ва берун аз нақшавӣ, инчунин баҳри омода гардидан ва боэътимод фаъолият намудани нерӯгоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ дар фасли зимистон аз тарафи КФТМТ «Тоҷикэнергоснаб» ба корхонаҳои зертобеи Ширкат дар маҷмуъ ба маблағи 149,7 млн. сомонӣ таҷҳизот ва дигар маводҳо ҷудо карда шудаанд, ки нисбат ба соли 2016 ба миқдори 16,4 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла: 238 адад трансформаторҳои қудратии 100-1000 кВА барои шиддати 6-10/0,4 кВ; 124 адад истгоҳҳои трансформатории муҷаҳҳазонидашудаи комплектии намуди ГКТП ва СКТП; 277,5 тонна ноқили лучи алюминӣ; 169 адад васлакҳои 6-10-35-110 кВ; 268 тонна равғани трансформаторӣ; 74 тонна равғани турбинӣ; 3634 адад пояҳои оҳану бетонӣ ва симчӯбҳо; 293 адад ҷудокунакҳои 6-10 кВ; 40,7 км кабели қудратии 6-10 кВ; 167,3 км кабели қудратии 0,4 кВ.

ШСХК «Барқи Тоҷик» вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, № 177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018», иҷро намудани 380 номгӯи чорабиниҳоро ба нақша гирифт, ки нисбат ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 ба миқдори 12 адад зиёд мебошад. То ба ҳолати 31 декабри соли 2017 дар маҷмуъ 366 адад чорабиниҳо пурра ва боқимонда қисман иҷро карда шудаанд, 99,1%-и иҷроиши умумии нақшаи чорабиниҳоро ташкил медиҳад.

Дар соли 2017 яке аз вазифаҳои афзалиятнокии Ширкат, масъалаи кам намудани талафоти энергияи барқ қабул гардида буд. Бо ин мақсад 23 январи соли 2017 дар Ширкат нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, аз ҷумла дар асоси он аз ҷониби зерсохторҳо ба ҳолати 1 -уми январи соли 2018 чунин корҳо амалӣ карда шудаанд:

- 76 адад трансформаторҳои қудратии шиддати аввалаашон 35, 110, 220 кВ ва 122 адад трансформаторҳои қудратии 6-10/0,4 кВ дар вақти камбор будани онҳо хомӯш карда шуда буданд;

- 16,95 км кабелҳои серборӣ 0,4-10 кВ бо кабелҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

- 354,8 км ноқилҳои сербор дар хатҳои барқии ҳавоии 0,4-10 кВ ба ноқилҳои буриши кундалангиашон калонтар иваз карда шуданд;

- дар 2199 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ бори хатҳои интиқоли барқи онҳо ба танзим дароварда, баробар тақсим карда шуданд;

- 61 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ дар маркази бори истифодабарандагон ҷойгир карда шудаанд;

- дар 19 адад истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ трансформаторҳои камбор ба трансформаторҳои иқтидорашон пасттар иваз карда шуданд;

- 118 адад истгоҳҳои трансформатории нави муҷаҳозонидашудаи комплектии 6-10/0,4 кВ насбу васл карда шуданд;

- бо мақсади кам намудани бор ва дарозии хатҳои интиқоли барқи 0,4-10 кВ 49,9 км хатҳои нави интиқоли барқи ҳавоӣ сохта шуданд;

- дар шабакаҳои барқии 0,4-10 кВ 58,1 км ноқилҳои пулодӣ ба ноқилҳои алюминӣ иваз карда шуданд;

- 122 адад трансформаторҳои трансформаторҳои сербори 6-10/0,4 кВ ба трансформаторҳои иқтидорашон баландтар иваз карда шуданд.

Баҳри ба роҳ мондани ҳисоби дурусти хароҷоти нерӯи барқ аз тарафи Ширкати «Барқи Тоҷик» дар соли 2017 дар 1556 адад воридаҳои 0,4 кВ-и истгоҳҳои трансформатории 6-10/0,4 кВ, ки дар тавозуни муштариён ва Шабакаҳои барқӣ мебошанд, ҳисобгиракҳои электронӣ насб карда шудааст. Ба ҳолати 1-уми январи соли 2018 дар маҷмуъ 15721 адад воридаҳои 0,4 кВ-и истгоҳҳои трансфор­матории 6-10/0,4 кВ-и Шабакаҳои барқӣ ва муштариён ҳисобкунакҳои ҳозиразамон доранд.

Инчунин, бояд қайд намуд, ки бо мақсади ба роҳ мондани ҳисоби дурусти нерӯи барқ, дар соли 2017 дар умум 53075 адад ҳисобкунакҳои барқии муштариён аз даруни ҳавлиҳо ва 9062 адад аз даруни хонаҳои баландошёна ба ҷои намоён бароварда шудаанд. Дар маҷмуъ ба ҳолати 1 январи соли 2018 аз тарафи зерсохторҳои Ширкат 369968 адад ҳисобкунакҳои барқии муштариён аз даруни ҳавлиҳо ва 120043 адад аз даруни хонаҳои баландошёна ба ҷои намоён бароварда шудаанд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар соли 2017 сатҳи талафоти энергияи барқ дар Ширкати "Барқи Тоҷик” 16,1%-ро ташкил дод, ки нисбати нақшаи тасдиқшуда 0,5% кам мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки дар доираи лоиҳаи «Кам намудани талафоти нерӯ дар Суғд» мониторинги қаблан гузаронидашудаи амалисозии зерлоиҳаи (ЛОТ-1) «Таҳвил ва насби ҳисобкунакҳо, таҷҳизотҳои системаи гирифтани нишондодҳои ҳисобкунакҳо, системаи биллинг барои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он» нишон дод, ки натиҷаҳо дар самти кам намудани талафоти нерӯи барқ аз истгоҳҳои трансформаторӣ то муштариён назаррас мебошанд.

Бо истифода аз таҷҳизоту дастгоҳҳо ва барномаву технологияҳои муосир татбиқ намудани чунин лоиҳа дар низоми ШСХК “Барқи Тоҷик” бори аввал амалӣ карда шуда, ба натиҷаву дастовардҳои мусбии назаррас ноил гардидааст. Баъд аз оғоз ёфтани корҳои ЛОТ-1 оиди насби ҳисобкунакҳои электронӣ аз тарафи муштариён сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ба таври назаррас мушоҳида карда шуда истодааст. Системаи кори “AMI” (АСКУЭ) ва “Биллинг” ба шабака имконият дод, ки дар як вақт ҳамаи параметрҳои шабакаи барқӣ (шиддат, ҷараён, тавоноӣ, нишондодҳои ҳисобкунакҳои барқӣ ва дигарҳо) бо таври фосилавӣ аз система гирифта шуда, тавозуни нерӯи барқи воридотӣ ва содиротӣ дуруст муайян карда шавад.

Дар рафти татбиқи лоиҳа, аллакай дастовардҳои он муваффақона натиҷаҳои мусбӣ дода истодаанд. Аз ҷумла, дар Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015:

- сатҳи ҷамъоварии маблағ аз 94 ба зиёда аз 100% расонида шуд;

- талафоти нерӯ барқ аз 18,4% ба 11,0% (6,5%-7,0% дар минтақаҳои алоҳида) расонида шуд, ки нисбат ба солҳои гузашта ба 6-12% кам мебошад;

- танҳо аз ҳисоби 85 адад муштариёни азим, ки ҳисобкунакашон дар қисмати шиддати баланд насб шудааст, нерӯи барқи фоиданок 5,5 млн. кВт.соат, ё ба маблағи 3,4 млн. сомонӣ афзуд;

- хароҷотҳои молиявӣ аз ҳисоби ихтисор шудани нозирон ва назоратчиён ва вобаста ба ин пардохтҳои ба музди меҳант алоқаманд ба маблағи 2,4 млн. сомонӣ коҳиш ёфта, шумораи нозирон ва назоратчиён аз 97 нафар ба 8 нафар расонида шуд;

- шумораи садамаҳо дар биноҳо, хатҳои барқии ҳавоӣ ва кабелӣ, истгоҳҳои трансформаторӣ ба маротиб коҳиш ёфт, ки ба кам гардидани хароҷотҳо вобаста ба таъмиру барқарорсозии таҷҳизотҳои барқӣ мусоидат кардааст;

- эътимоднокии таъмини нерӯи барқ ба муштариён баланд гардид;

- шикоятҳо аз ҷониби муштариён, алалхусус муштариёни маишӣ, оиди сифати барқтаъминкунӣ ва дигар масъалаҳои ба Шабакаҳои барқӣ алоқаманд ба маротиб коҳиш ёфт;

- ҷамъоварии маблағ тавассути “Низоми ягонаи қабули пардохтҳо”-и БДА Амонатбонк ба роҳ монда шуда, он ба системаи биллингӣ тариқи автоматӣ дар реҷаи вақти реалӣ додугирифти маълумот мекунад ва ҳоҷати ба ҷамъоварии маблағ машғул шудани нозиру назоратчиён, ки яке аз омилҳои пайдоиши талафоти тиҷоратии нерӯ ва дигар зарарҳои молиявиву ҳолатҳои ғайриқонунӣ маҳсуб меёфтанд, аз байн рафта, айни замон ҷамъоварии маблағ зиёда аз 100% таъмин шуда истодааст.

Дар солҳои охир, бо мақсади баланд намудани эътимоднокии таъминоти барқ барои муштараниён ва коҳиш додани талафоти нерӯи барқ, бо ҷалби сармоягузорони дохилию хориҷӣ, як қатор лоиҳаҳо дар системаи энергетикӣ амалӣ шуда истодаанд.

Қайд кардан зарур аст, ки тибқи ҳисоботи фаврӣ ба ҳолати 1 декабри соли 2017 аз ҳисоби амалисозии лоиҳаҳои инвестисионӣ дар соҳаи электроэнергетика дар соли 2017 ҳамагӣ 99,4 млн.доллари ИМА азхуд карда шудааст, ки аз он 251,9 ҳазор доллари ИМА саҳми ШСХК "Барқи Тоҷик" мебошад.

Ширкати “Барқи Тоҷик” баҳри беҳбудии соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва некӯаҳволии мардум, дар соли 2017 ба муштариён 2505 адад иҷозатномаҳо (шартҳои техникӣ) - ро барои пайваст намудани таҷҳизотҳои барқии онҳо ба Шабакаҳои барқӣ, бо тавоноии умумии 318891,5 кВт пешниҳод намудааст, ки дар муқоиса бо соли 2016 ба миқдори 330 адад ва ба иқтидори 46706 кВт зиёд мебошад. Бояд қайд намуд, ки иқтидорҳои зиёди пайвастшаванда ба шабакаҳои барқӣ ба корхонаҳои саноатӣ ва сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва маъмурӣ рост меоянд.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади дар сатҳи зарурӣ аз тарафи зерсохторҳо риоя гардидани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, фармони ШСХК «Барқи Тоҷик» аз 3 майи соли 2016 «Оиди гузаронидани семинар-машваратҳо», № 89 ба тавсиб расида, дар соли 2017 семинар машваратҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва хизматрасонии техникии дастгоҳҳои барқӣ дар ҳудуди ЗБ “Регар-500” Шабакаҳои барқии Марказӣ, дар Шабакаҳои барқии Қурғонтеппа, дар Шабакаҳои барқии ноҳияҳои Бохтар, Вахш, А.Ҷомӣ, Хуросон, Шаҳритуз, Қубодиён, Н.Хисрав, Панҷ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ ва шаҳри Сарбанди ҶСК “Шабакаҳои барқии Ҷанубӣ”, дар Шабакаҳои барқии ноҳияи Масчоҳ ва Истиқлоли Шабакаҳои барқии Суғд, дар Шабакаҳои барқии шаҳри Норак ва ҶСК “Шабакаҳои барқии Турсунзода” гузаронида шудаанд.

Оиди иҷрои супоришҳои Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2016 таҳти № 14 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш, малакаю маҳорати касбии кормандон барои ишғоли вазифаҳои холӣ аз ҳисоби кадрҳои лаёқатманд ва захираҳои кадрӣ тавассути гузаронидани озмунҳо ба вазифаи таъин шуда истодаанд. Дар соли 2017 дар маҷмуъ 39 протоколи озмун оид ба интихоб ва ҷобаҷогузаронии кадрии Ширкат гузаронида шуда, аз ҳисоби номенклатураи Ширкат 43 нафар роҳбарон ротатсия, 21 нафар бо таври гузариш ва 13 нафар бо хоҳиши худ аз кор озод шудаанд.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани аттестатсияи ғайринавбатии кормандони зерсохторҳои Ширкат бо фармони ШСХК “Барқи Тоҷик” Комиссияи аттестатсионӣ таъсис дода шуда, дар давраи солҳои 2015-2017 дар маҷмуъ 2822 нафар кормандон бо аттестатсия фаро гирифта шуд. Тибқи хулосаи комиссияи аттестатсионӣ 1559 нафар ба вазифаи ишғолнамуда мувофиқ ва 1263 нафар ба вазифаи ишғолнамуда номувофиқ дониста шудаанд. Ҳамчунин ба 379 нафар корманд барои гузаштани такмили ихтисоси соҳавӣ тавсия дода шуд, ки ҳамаи онҳо дар Маркази таълимии Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили ихтисос гирифтанд. Тибқи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон 816 кормандоне, ки бо хулосаи комиссияи аттестатсияи ғайринавбатӣ дар вазифаи ишғолкардааш номутобиқ дониста буданд, аз кор озод карда шудаанд.

Дар баробари ин, бо баистифода додани навбати дуюми МБГ-и “Душанбе-2” ба миқдори 391 ҷойи кории нав таъсис дода шуда, шаҳрвандон бо ҷои кории доимӣ таъмин карда шуданд.

Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» корбариро ҷиҳати иҷрои «Нақшаи инфиродии таҷдиди сохтори ШСХК «Барқи Тоҷик» барои солҳои 2011-2018», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ав- густи соли 2011, № 431 тасдиқ шудааст, бо роҳбарии бе- воситаи Шӯрои мушоҳидавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо таъсис додани Гурӯҳи кории байниидоравӣ дар назди Вазорати энергетика ва захираҳои об бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва ҷалби Ширкати байналмилалии мушовири “Corporate Solutions” идома дода истодааст. Дар соли 2017 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Департаменти Шабакаҳои тақсимоти барқ ва Департаменти Шабакаҳои интиқоли барқ дар якҷоягӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, айни замон дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.


Бозгашт ба рӯйхат