Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

22.06.2018

Грант 0376-ТОҶ: Лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Сарбанд бо иқтидори 240 МВт».

Қарордоди мустақим «Дар шакли кулл» оиди Лоти 1 А «Ивази агрегатҳои № 3 ва 6» байни ШСХК «Барќи Тољик» ва Корхонаи муштараки «Синохайдро-Хайдрочина»

Шартномаи Лоти 1, байни ШСХК «Барќи Тољик» ва Корхонаи муштараки «Синохайдро-Хайдрочина» аз 25 октябри соли 2016 бо маблаѓгузории Бонки Рушди Осиё ва Љумњурии Тољикистон, љињати ивази агрегатҳои № 1, 2 5, бањодињии њолат ва таъмири минбаъдаи агрегатњои № 3 ва 6-ро дар бар мегирад.

Дар натиҷаи таљзияи агрегати 5 муайян гардид, ки њолати агрегатҳо нисбати тахмини пешакї хеле бад мебошанд. Бинобар ин, ки агрегатҳои нерӯгоҳ конструктсияҳои якхела ва мӯҳлати истифодабарии якхела доранд, ҳолати онҳо низ ба монанди агрегати № 5 мебошанд. Аз ин лиҳоз, нисбати баходињии њолат ва таъмири агрегатҳои № 3 ва 6, ки дар Қарордоди Лоти 1 пешбинї шуда буд, ивази онњо натиҷаи беҳтар медиҳад.

ШСХК «Барќи Тољик» аз Бонки Рушди Осиё ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба њаљми корҳои лоиња дархост намуд, то ин ки маблағҳои сарфагардидаро азхуд намояд. Бонки Рушди Осиё вобаста ба ин дархост, ҷиҳати ба имзо расонидани Қарордоди мустақим розигї дод.

Дар санаи 14 июни соли 2018 байни ШСХК «Барќи Тољик» ва Корхонаи муштараки «Синохайдро-Хайдрочина» шартномаи мустаќим вобаста ба Лоти 1 А «Ивази агрегатҳои № 3 ва 6» бо маблаѓи умумии 24 818 725,36 долл. ИМА ва 978410 сомонї ба имзо расонида шуд.


Бозгашт ба рӯйхат