Размер шрифта: A A A
Цвет сайта: A A A A

Хабарҳо

19.12.2019

БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ

Ба роҳбарони корхонаву муассисаҳои ШСХК «Барқи Тоҷик», ба мутахассисону муҳандисони соҳаи барқ, ба тамоми кормандон ва собиқадорони соҳаи энергетика.

Ҳамкасбони азиз!

Ҳар сол санаи 22 декабр энергетикҳои тоҷик иди касбии худро ҷашн мегиранд. Ибтидо аз бунёди Неругоҳи барқи обии Варзоб дар кишвари мо соҳаи энергетика ташаккул ёфт. Тули солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вобаста ба имкониятҳои гидроэнергетикии кишвар дар Тоҷикистони азизи мо ин соҳа хеле тараққӣ кард ва неругоҳҳои барқи обӣ, ба мисоли Силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии Варзоб, Силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии Вахш, Неругоҳи барқи обии Қайроққум ва неругоҳҳои бузурги Нораку Бойғозӣ бунёд ёфтанд. Бунёди Нерӯгоҳи Норак як мактаби бузурги бунёдкорона ба ҳисоб рафта, дар заминаи он соҳаи сохтмони иншоотҳои энергетикии кишвар хеле пеш рафт. Ҳануз дар даврони Шӯравӣ Тоҷикистон дар соҳаи энергетика хеле пешрафтаву муваффақ буд.

Баъди шарафёбии миллати мо ба Истиқлолияти давлатӣ, бо дастуру нишондоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди иншооти энергетики, умуман рушди соҳа эътибори махсус дода шудааст. Ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва '‘Сангтӯда-2”, МБГ-и дуюми шаҳри Душанбе, дар минтақаҳои куҳистон бунёд ёфтани садҳо нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, оқибат ба истифода додани ду агрегати Нерӯгоҳи азимушшаъни Роғун исботи гуфтаҳои болост. Бунёди хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, зеристгоҳҳои пуриқтидори замонавӣ эътимоднокии таъминоти нерӯи барқро ба тамоми гӯшаҳои кишвар ба низом дароварданд. Ба ғайри ин, тамоми иқтидорҳои мавҷуда мувофиқи талаботи технологияи муосир таҷдид гардиданд ва ё таҷдид гардида истодаанд, ки ин боиси афзоиши иқтидори энергетикии кишвар мегардад.

Ҳамкасбони азиз!

Мо бояд ифтихор намоем, ки Пешвои муаззами миллат, соҳаи моро яке аз соҳаҳои муҳимтарини пешрафти иқтисодиёти кишвар мешуморанд ва ба рушди соҳаи энергетика эътибори махсус медиҳанд. Ҳар кадоми мо бояд сазовори боварии Роҳбарияти Олии кишвар, сазовори боварии хамдиёрони муҳтарами худ бошем ва ба ватану миллати худ содиқона меҳнат намоем. Лаҳзае набояд фаромуш намуд, ки мо нуру гармӣ меофарем ва маҳсули мехнати мо тамоми кишварро гарму мунаввар менамояд.

Мо барои пеш бурдану инкишоф додани иктисодиёти Ватани азиз масъулу вазифадорем. Дар ҳар давру замон энергетикҳо пешоҳанги арсаи меҳнат буданду мемонанд. Энергетикҳои тоҷик тули солҳои охир як қатор душвориҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоиро пушти cap намуданд. Ҳарчанд, ки ҳоло ҳам як қатор мушкилиҳо мавҷуданд, аммо ман боварии комил дорам, ки тули солҳои наздиктарин онхо пурра ҳал хоҳанд шуд.

Бо ҳамин орзуҳои нек, ҳамаи кормандони соҳаи барқ ва ашхоси ба ин соҳа алоқамандро ба муносибати Иди касбиямон- Рӯзи энергетика самимона табрику таҳният мегӯям ва ба ҳамаи Шумо барори кор, ободии рӯзгор ва тандурустии комил орзумандам.


Бо камоли самимият

Раиси ШСХК “Барқи Тоҷик”                                                                                  Исмоилзода М. И.


Бозгашт ба рӯйхат