Хабарҳо
Дар бораи интиқоли барқ ба Афғонистон
Дар посух ба пурсиши намояндагони воситаҳои ахбори омма, ҷавоб ин аст, ки дар асоси қарордодҳои байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамасола содироти энергияи барқ ба Афғонистон дар моҳҳои май-сентябр аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳҳои октябр то апрел аз ҷониби Ҷумҳурии Узбекистон амалӣ мегардад.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳҳои октябр-апрел, вобаста ба захираҳои обӣ-энергетикӣ ва имкониятҳои мавҷуд буда, бо мақсади бо барқ таъмин намудани минтақаи Қундузи Афғонистон ва бо алоқамандӣ бо сохтори шабакаҳои барқи дохилии ин кишвар, ҳар шабонарӯз дар доираи то 50-60 МВт неруи барқ интиқол дода мешавад.
ШСХК «Барқи Тоҷик» бо Ширкати «Брешно»-и Афғонистон дар ин хусус шартнома дорад. Вобаста ба эҳтиром ва риояи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ, имрӯзҳо ҳар шабонарӯз ба Афғонистон, дар доираи талаботи истифодабарӣ, ба миқдори то 30 МВт неруи барқ интиқол дода мешавад.
Дар навбати худ, роҳбарияти Ширкати «Брешно»-и Афғонистон низ моро муътақид намудааст, ки ҳаққи барқро, баъди ба эътидол омадани низоми бонкӣ дар ин кишвар, пурра пардохт хоҳад намуд. Дар бозори электроэнергетикии сатҳи байналмиллалӣ ин ширкати маъруф аст ва мо бовар дорем, ки уҳдадории худро иҷро хоҳад намуд.
Маркази матбуоти
ШСХК «Барқи Тоҷик»